Таджикская литература: Задания на соответствие

Задания темы из официального сборника НЦТ: на странице — 30, всего в сборнике — 101. Решите задание сами, затем откройте ответ. Остальные задания — с разбором решения — в приложении Омода AI.

  1. 1

    Жанри асарҳоро муайян намоед:

    1. A “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода
    2. B “Тахти хунин”-и Пайрав Сулаймонӣ
    3. C “Дар он дунё”-и Фазлиддин Муҳаммадиев
    4. D “Ситораи корвонкуш”-и Саттор Турсун
    1. 1 қисса
    2. 2 ҳикоя
    3. 3 достон
    4. 4 роман
    5. 5 афсона
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 4, B — 3, C — 1, D — 2

  2. 2

    Ба кадом намуди шеър мансуб будани байтҳои устод Рӯдакиро муайян намоед:

    1. A Модари майро бикард бояд қурбон, Бачаи ӯро гирифту кард ба зиндон...
    2. B Чархи бузургвор яке лашкаре бикард, Лашкар-ш абри тираву боди сабо нақиб...
    3. C Шуд он замона, ки ӯ унси родмардон буд, Шуд он замона, ки ӯ пешкори мирон буд...
    4. D Мурд Муродӣ, на ҳамоно, ки мурд, Марги чунин хоҷа на корест хурд...
    1. 1 қасидаи баҳория
    2. 2 қасидаи ҳолия
    3. 3 қасидаи марсия
    4. 4 қасидаи хамрия
    5. 5 қасидаи мадҳия
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 4, B — 1, C — 2, D — 3

  3. 3

    Жанри асарҳоро муайян намоед:

    1. A “Се рӯзи як баҳор”-и Саттор Турсун
    2. B “Падар”-и Муъмин Қаноат
    3. C “Субҳи ҷавонии мо”-и Сотим Улуғзода
    4. D “Додараки фариштаҳо”-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ
    1. 1 ҳикоя
    2. 2 роман
    3. 3 достон
    4. 4 афсона
    5. 5 қисса
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 2, B — 3, C — 5, D — 1

  4. 4

    Навъи асарҳоро муайян намоед:

    1. A “Дар орзу падар”-и Кароматулоҳи Мирзо
    2. B “Китобҳои захмин”-и Муъмин Қаноат
    3. C “Марги Хушомадхӯҷа”-и Раҳим Ҷалил
    4. D “Одина”-и Садриддин Айнӣ
    1. 1 достон
    2. 2 ҳикоя
    3. 3 афсона
    4. 4 роман
    5. 5 қисса
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 4, B — 1, C — 2, D — 5

  5. 5

    Дар кадом жанри адабӣ навишта шудани асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиевро муайян намоед:

    1. A “Порчаи остин”
    2. B “Одамони куҳна”
    3. C “Муҳоҷирон”
    4. D “Палатаи кунҷакӣ”
    1. 1 очерк
    2. 2 намоишнома
    3. 3 ҳикоя
    4. 4 қисса
    5. 5 роман
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 3, B — 4, C — 1, D — 5

  6. 6

    Навъи асарҳоро муайян кунед:

    1. A “Восеъ”-и Сотим Улуғзода
    2. B “Ман гунаҳгорам”-и Ҷалол Икромӣ
    3. C “Марги судхӯр”-и Садриддин Айнӣ
    4. D “Маъвои дил”-и Раҳим Ҷалил
    1. 1 асари ёддоштӣ
    2. 2 асари публисистӣ
    3. 3 романи иҷтимоӣ
    4. 4 романи таърихӣ
    5. 5 қиссаи ҳаҷвӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 4, B — 3, C — 5, D — 1

  7. 7

    Жанри асарҳоро муайян намоед:

    1. A “Баҳория”-и Фаррухии Систонӣ
    2. B “Гаршоспнома”-и Асадии Тӯсӣ
    3. C “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ
    4. D “Лубоб-ул-албоб”-и Муҳаммад Авфӣ
    1. 1 қасида
    2. 2 ҳикоя
    3. 3 тазкира
    4. 4 достон
    5. 5 ёддошт
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 1, B — 4, C — 5, D — 3

  8. 8

    Жанри асарҳоро муайян намоед:

    1. A “Нафаҳот-ул-унс”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ
    2. B “Луҷҷат-ул-асрор”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ
    3. C “Дувалронӣ ва Хизрхон”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ
    4. D “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ
    1. 1 достон
    2. 2 ҳикоя
    3. 3 тазкира
    4. 4 қасида
    5. 5 ёддошт
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 3, B — 4, C — 1, D — 5

  9. 9

    Мувофиқатро муайян кунед:

    1. A Абулқосими Фирдавсӣ
    2. B Ҳофизи Шерозӣ
    3. C Унсурии Балхӣ
    4. D Боботоҳири Урён
    1. 1 тазкиранавис
    2. 2 мадҳиясаро
    3. 3 дубайтисоро
    4. 4 ҳамосасаро
    5. 5 ғазалсаро
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 4, B — 5, C — 2, D — 3

  10. 10

    Дар кадом жанри адабӣ навишта шудани асарҳоро муайян намоед:

    1. A “Ҷанги тан ба тан” аз “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш
    2. B “Мавҷҳои Днепр”-и Муъмин Қаноат
    3. C “Амир Исмоил”-и Сафармуҳаммад Айюбӣ
    4. D “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ
    1. 1 қасида
    2. 2 достон
    3. 3 ҳикоя
    4. 4 намоишнома
    5. 5 ёддошт
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 3, B — 2, C — 4, D — 5

  11. 11

    Жанри асарҳоро муайян кунед:

    1. A “Суруши Сталинград”
    2. B “Навобод”
    3. C “Субҳи ҷавонии мо”
    4. D “Гавҳари шабчароғ”
    1. 1 намоишнома
    2. 2 қисса (повест)
    3. 3 роман
    4. 4 достони манзум
    5. 5 ҳикоя
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 4, B — 3, C — 2, D — 1

  12. 12

    Дар кадом жанри адабӣ навишта шудани асарҳоро муайян намоед:

    1. A “Чароғи абадӣ”-и Мирзо Турсунзода
    2. B “Ҳукм”-и Мирзо Турсунзода
    3. C “Ситораҳои сари танӯр”-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ
    4. D “Восеъ”-и Сотим Улуғзода
    1. 1 ҳикоя
    2. 2 роман
    3. 3 қисса
    4. 4 намоишнома
    5. 5 достон
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 5, B — 4, C — 3, D — 2

  13. 13

    Жанри асарҳои халқиро муайян намоед:

    1. A “Эраҷи тилисмшикан”
    2. B “Луқмони Ҳаким”
    3. C “Абдуллохон чӣ мегирад?”
    4. D “Шӯриши Восеъ”
    1. 1 ривоят
    2. 2 латифа
    3. 3 афсона
    4. 4 суруд
    5. 5 дубайтӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 3, B — 1, C — 2, D — 4

  14. 14

    Мувофиқатро муайян кунед:

    1. A “Баҳория”-и Фаррухии Систонӣ
    2. B “Мушу гурба”-и Убайди Зоконӣ
    3. C “Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро”-и Ҳофизи Шерозӣ
    4. D “Зи дасти дидаву дил ҳар ду фарёд”-и Боботоҳири Урён
    1. 1 ғазал
    2. 2 дубайтӣ
    3. 3 достон
    4. 4 қитъа
    5. 5 қасида
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 5, B — 3, C — 1, D — 2

  15. 15

    Аз рӯйи муҳтаво чигунагии асарҳои зеринро муайян кунед:

    1. A “Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковус
    2. B “Саломон ва Абсол”-и Абуалӣ ибни Сино
    3. C “Даҳ фасл”-и Убайди Зоконӣ
    4. D “Наврӯзнома”-и Умари Хайём
    1. 1 ҳаҷвӣ
    2. 2 илмӣ
    3. 3 тиббӣ
    4. 4 ахлоқӣ
    5. 5 фалсафӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 4, B — 5, C — 1, D — 2

  16. 16

    Чӣ гуна асар будани навиштаҳои Садриддин Айниро муайян кунед:

    1. A “Тартил-ул-Қуръон”, “Таҳзиб-ус-сибён”
    2. B “Қавми тоҷик ва рӯзнома”, “Матбуоти тоҷик”
    3. C “Намунаи адабиёти тоҷик”, “Шайхурраис Абуалӣ Сино”
    4. D “Ятим”, “Ҷаллодони Бухоро”
    1. 1 таърихӣ
    2. 2 илмӣ
    3. 3 бадеӣ
    4. 4 дарсӣ
    5. 5 публисистӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 4, B — 5, C — 2, D — 3

  17. 17

    Сухан дар бораи кадом адиб аст?

    1. A Баъд аз Фирдавсӣ суннати ҳамосасароиро зинда нигоҳ доштааст ва асари “Гаршоспнома”-ро навиштааст.
    2. B Пешаи аслиаш амирӣ ва надимӣ буда, дар 63-солагиаш барои фарзандаш асари арзишманди тарбиявиро навиштааст.
    3. C Тахаллуси шоириаш Ҳуҷҷат буда, дар қасидасароӣ дасти боло дорад. Мадҳ ва шоирони маддоҳро бисёр мазаммат кардааст.
    4. D Ситорашинос, риёзидон, табиб ва файласуф буда, асарҳои илмии зиёд дорад. Гоҳе рубоӣ ҳам мегуфт.
    1. 1 Умари Хайём
    2. 2 Носири Хусрав
    3. 3 Саноии Ғазнавӣ
    4. 4 Унсурулмаолии Кайковус
    5. 5 Асадии Тӯсӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 5, B — 4, C — 2, D — 1

  18. 18

    Муайян кунед, ки сухан дар бораи кадом адиб аст?

    1. A Ба насри мусаҷҷаъ се китоб дорад ва бо асари “Синбоднома” машҳур шудааст.
    2. B Дар ҷавонӣ ба ҷамъ овардани достону қиссаҳо шавқи зиёд дошт. “Ҳаҷвия дар ҳаққи Султон Маҳмуд” ба ӯ мансуб аст.
    3. C Дар дарбори Ғӯриён чиҳилу панҷ сол хидмат кардааст. Асари “Чаҳор мақола”-аш машҳур аст.
    4. D Тақрибан 20 соли умри ӯ дар зиндонҳо сипарӣ шудааст. Ҳабсияҳояш маъруфанд.
    1. 1 Абулқосими Фирдавсӣ
    2. 2 Низомии Арӯзии Самарқандӣ
    3. 3 Масъуди Саъди Салмон
    4. 4 Ҷалолиддини Балхӣ
    5. 5 Заҳирии Самарқандӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 5, B — 1, C — 2, D — 3

  19. 19

    Муайян кунед, ки сухан дар бораи кадом адиб аст?

    1. A Ӯро “лисон-ул-ғайб” мегӯянд. Девони ғазалҳояш машҳур аст.
    2. B Дар ноҳияи атрофи Ҳирот ба дунё омадааст. Асари “Ҳафт авранг” аз ӯст.
    3. C Адиб баъди нооромӣ дар зодгоҳаш ба Мовароуннаҳр муҳоҷират кардааст ва воқеаҳои ҷолиби сафарашро навиштааст.
    4. D Ин адиб аз зумраи шоиронест, ки ба ду забон шеър гуфтаанд. Аз амалдорони дарбори Ҳусайни Бойқаро буд.
    1. 1 Абдурраҳмони Ҷомӣ
    2. 2 Алишери Навоӣ
    3. 3 Ҳофизи Шерозӣ
    4. 4 Ҳусайн Воизи Кошифӣ
    5. 5 Зайниддин Маҳмуди Восифӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 3, B — 1, C — 5, D — 2

  20. 20

    Муайян кунед, ки сухан дар бораи кадом адиб аст?

    1. A Аз нахустин шоиронест, ки ба Фирдавсӣ пайравӣ кардааст. “Гаршоспнома”-аш машҳур аст.
    2. B Аз амирзодагони хонадони Зиёрӣ буд ва барои фарзандаш асари пандуахлоқӣ навиштааст.
    3. C Унвони “Ҳуҷҷати Хуросон”-ро дорад. “Сафарнома”-аш маъруф аст.
    4. D Бо дархости Султон Маликшоҳ “Зичи маликшоҳӣ”-ро тартиб додааст. Адиби рубоисарост.
    1. 1 Унсурулмаолии Кайковус
    2. 2 Носири Хусрав
    3. 3 Умари Хайём
    4. 4 Асадии Тӯсӣ
    5. 5 Бобо Тоҳири Урён
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 4, B — 1, C — 2, D — 3

  21. 21

    Муайян кунед, ки сухан дар бораи кадом адиб аст?

    1. A Ӯро “муаллими ахлоқ” ва “пайғамбари ғазал” меноманд.
    2. B Худро аз пайравони Саноӣ ва Аттор медонад. “Девони кабир” аз ӯст.
    3. C Аз шоирони маъруфи Ҳинд аст. Дар пайравии Низомӣ “Хамса”-и худро офаридааст.
    4. D Аз зодгоҳаш ҳиҷрат карда, то охири умр дар шаҳрчаи Бадоун зиндагӣ кардааст. “Тӯтинома” асари ӯст.
    1. 1 Ҷалолиддини Балхӣ
    2. 2 Амир Хусрави Деҳлавӣ
    3. 3 Саъдии Шерозӣ
    4. 4 Ибни Ямин
    5. 5 Зиёуддини Нахшабӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 3, B — 1, C — 2, D — 5

  22. 22

    Муайян кунед, ки сухан дар бораи кадом адиб аст?

    1. A Дар Фарюмад таваллуд шудааст. Асосан қитъа сурудааст.
    2. B Дар наздикии Қазвин ба дунё омадааст. Асари “Ришнома” аз ӯст.
    3. C Номаш Шамсиддин Муҳаммад аст. Ҳёте дар пайравии ӯ ба олмонӣ ғазал гуфтааст.
    4. D Солҳои охири умраш дар Табрез гузаштааст. Шоири ғазалсарост.
    1. 1 Убайди Зоконӣ
    2. 2 Камоли Хуҷандӣ
    3. 3 Алишери Навоӣ
    4. 4 Ҳофизи Шерозӣ
    5. 5 Ибни Ямин
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 5, B — 1, C — 4, D — 2

  23. 23

    Мувофиқатро муайян кунед:

    1. A Унсурулмаолии Кайковус
    2. B Носири Хусрав
    3. C Умари Хайём
    4. D Асадии Тӯсӣ
    1. 1 “Лисон-ул-ғайб”
    2. 2 “Ҳуҷҷати Хуросон”
    3. 3 пайрави Фирдавсӣ ва муаллифи “Гаршоспнома”
    4. 4 рубоисаро ва мураттиби “Зичи маликшоҳӣ”
    5. 5 амирзода ва нависандаи асари пандуахлоқӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 5, B — 2, C — 4, D — 3

  24. 24

    Мувофиқатро муайян кунед:

    1. A Муаллифи ин байт: Куфре чу мане газофу осон набувад, Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
    2. B Чунин гуфтааст: Салом кун зи ман, эй бод, мар Хуросонро, Мар аҳли фазлу хирадро, на ому нодонро.
    3. C Ин байт аз як рубоии ӯст: Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад, Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
    4. D Муаллифи ин байт: Кошкӣ, андар ҷаҳон шаб нестӣ, То маро ҳиҷрони он лаб нестӣ.
    1. 1 Абумансури Дақиқӣ
    2. 2 Умари Хайём
    3. 3 Саноии Ғазнавӣ
    4. 4 Носири Хусрав
    5. 5 Абуалӣ ибни Сино
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 5, B — 4, C — 2, D — 1

  25. 25

    Мувофиқатро муайян кунед:

    1. A Муаллифи ин байт: Ҳамегуфтам, ки кай бошад, ки хуррам рӯзгор ояд, Ҷаҳон аз сар ҷавон гардад, баҳори ғамгусор ояд.
    2. B Чунин гуфтааст: Ғофил манишин, на вақти бозист, Вақти ҳунар асту сарфарозист.
    3. C Ин байт аз ӯст: Андар ин даврон маҷӯ роҳат, Табъи шодиҷӯй аз ғам як нафас
    4. D Муаллифи ин байт: Ду дӯст бо ҳам агар якдиланд Ҳазор таънаи душман ба ними ҷав нахаранд.
    1. 1 Ибни Ямини Фарюмадӣ
    2. 2 Сайфи Фарғонӣ
    3. 3 Саноии Ғазнавӣ ки кас осуда нест, осуда нест.
    4. 4 Низомии Ганҷавӣ дар ҳама ҳол,
    5. 5 Фаррухии Систонӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 5, B — 4, C — 2, D — 1

  26. 26

    Муайян кунед, ки сухан дар бораи кадом адиб аст?

    1. A Байти оғози қасидаи “Харобаҳои Мадоин”-и ӯ чунин аст: Ҳон, эй дили ибратбин, аз дида назар кун, ҳон, Айвони Мадоинро оинаи ибрат дон.
    2. B Асари “Мантиқ-ут-тайр”-и ӯ чунин оғоз мешавад: Марҳабо, эй Ҳудҳуди ҳодӣ шуда, Дар ҳақиқат пайки ҳар водӣ шуда.
    3. C Оғози қасидаи “Ашкҳои Хуросон”-и ӯ чунин аст: Ба Самарқанд агар бигзарӣ, эй боди саҳар, Номаи аҳли Хуросон ба бари хоқон бар.
    4. D Ин байт аз “Хамса”-и ӯст: Ҳадиси Хусраву Ширин ниҳон нест В-аз он ширинтар, алҳақ, достон нест.
    1. 1 Низомии Ганҷавӣ
    2. 2 Анварии Абевардӣ
    3. 3 Хоқонии Шервонӣ
    4. 4 Саъдии Шерозӣ
    5. 5 Аттори Нишопурӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 3, B — 5, C — 2, D — 1

  27. 27

    Муайян кунед, ки сухан дар бораи кадом адиб меравад.

    1. A Адиби барҷастаи асри 19, ки ба ситорашиносӣ ҳам машғул мешуд ва дар бораи кайҳон ва ситорашиносӣ чанд асар навиштааст.
    2. B Адибест, ки сафарҳои зиёд кардааст ва пас аз он ду асари арзишманди худро навиштааст. Ӯро “устоди ҳикмат” хондаанд.
    3. C Дар кӯдакӣ ҳамроҳи падараш тарки диёр намуда ба Осиёи Сағир меравад ва дар он ҷо то охири умр зиндагӣ ва эҷод мекунад.
    4. D Ӯ аввалин тазкиранигор дар адабиёти гузаштаи мост. Тазкираи “Лубобул-албоб” ба ӯ тааллуқ дорад.
    1. 1 Ҷалолиддини Балхӣ
    2. 2 Муҳаммад Авфии Бухороӣ
    3. 3 Аҳмади Дониш
    4. 4 Амир Хусрави Деҳлавӣ
    5. 5 Саъдии Шерозӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 3, B — 5, C — 1, D — 2

  28. 28

    Кӣ будани паҳлавонон – симоҳои “Достони Сӯҳроб”-ро муайян намоед:

    1. A Сипаҳбади тӯронӣ, ки бо супориши Афросиёб нишони Рустамро аз Сӯҳроб ниҳон дошт.
    2. B Сипаҳбади эронӣ, ки бо номае аз Рустам ба назди Ковус рафт ва аз ӯ барои Сӯҳроб нӯшдору хост.
    3. C Сипаҳбади эронӣ, ки хост бо фармони Ковус дасти Рустамро баста ба назди ӯ барад.
    4. D Паҳлавони размдида, нигаҳбони Дижи сапед, ки барои кушта нашудани Рустам нишони ӯро аз Сӯҳроб ниҳон дошт
    1. 1 Гаждаҳам
    2. 2 Тӯс
    3. 3 Ҳумон
    4. 4 Гударз
    5. 5 Ҳаҷир
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 3, B — 4, C — 2, D — 5

  29. 29

    Муайян намоед, ки Носири Хусрав дар байтҳои зерин ба кадом масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва андешааш ишорат кардааст:

    1. A Ашъори зуҳду панд басе гуфтааст, Он тирачашм шоири равшанбин.
    2. B Зи Ҳуҷҷат ин суханҳо Ки дар Юмгон нишаста подшаҳвор.
    3. C Надонад ҳолу кори ман Ки дунонаш кунанд аз хона берун.
    4. D Ман онам, ки дар пойи хукон нарезам, Мар ин қиматӣ дурри лафзи дариро.
    1. 1 Шоири ҳаким дар ситоиш ва мадҳи ҳеҷ кадом аз амирони ҷоҳили вақт (ба забони тоҷикӣ) шеър нагуфтааст.
    2. 2 Ҳолати ногувори адиб, ки амирон ёд медор, ва муллоҳои ҷоҳил ӯро кофир эълон карда, аз Хуросон ронданд.
    3. 3 Шоири ҳаким ситоиш ва мадҳи ҷуз он кас, касеро ҷоиз медонад, ки соҳиби ақлу ҳикмат, ҳиммату адл бошад.
    4. 4 Шоир дар миёни мардуми Бадахшон иззату эҳтиром ва қадру манзалати фавқулодае дошт.
    5. 5 Арҷгузории шоир ба шеъри Рӯдакӣ, ки шеъри ҳикмат аст.
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 5, B — 4, C — 2, D — 1

  30. 30

    Муайян намоед, ки Аттори Нишопурӣ дар байтҳои зерин чӣ гуфтан мехоҳад:

    1. A Ҳар кӣ бо мардум насозад дар ҷаҳон, Зиндагонӣ талх дорад ҷовидон.
    2. B Эй писар, кам гӯй бо мардум дурушт В-ар бигӯӣ, бар ту гардонанд пушт.
    3. C Чун ҳадиси хуб гӯӣ бо фақир, Беҳ бувад з-онаш, ки пӯшонӣ ҳарир.
    4. D Аз маломат то бимонӣ дар амон, Бош доим ҳамнишин олимон.
    1. 1 Агар хоҳӣ, ки аз балоҳо дур бошӣ, ҳамсуҳбати донишмандон шав.
    2. 2 Бо одамон сухани бад магӯй, ки аз ту рӯй мегардонанд.
    3. 3 Бо бечорагон сухани нағз гуфтан беҳтар аз он аст, ки ба онҳо либоси зебое диҳӣ.
    4. 4 Хоҳӣ, ки номат ба накуӣ бубаранд, номи дигарон низ ба накуӣ бубар.
    5. 5 Бо одамон муросо накунӣ, рӯзгорат ҳамеша нохуш хоҳад шуд.
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 5, B — 2, C — 3, D — 1