Таджикская литература: Образец субтеста НЦТ

Задания темы из официального сборника НЦТ: на странице — 25, всего в сборнике — 25. Решите задание сами, затем откройте ответ. Остальные задания — с разбором решения — в приложении Омода AI.

  1. 1

    Дар кадом шакли гуфтор аз жанрҳои адабиёти шифоҳӣ фикр ва матлаби муайян пинҳон аст?

    1. A чистон
    2. B афсона
    3. C мақол
    4. D рубоӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: A чистон

  2. 2

    Аз рӯйи матн (аз афсонаи “Эраҷи тилисмшикан”) хулосаи дурустро муайян кунед: “Ӯ аспро пеш ронда, бо рикоб чунон зад, ки ду пои пеши аспи Эраҷ ба китфи фили дев баробар шуд, пас бо шамшери “Ҷонситон” бо зарб ба даҳони Ҳенгил зад, ки сараш ҳазор газ парида рафт... Се бародари Ҳенгил якбора ба Эраҷ ҳуҷум оварданд... Эраҷ бо чобукӣ ба яке аз онҳо ҳамла бурда, найзаро аз дасти вай гирифт ва ба синаи дев зад.”?

    1. A Ба воситаи чунин муболиғаҳо қиёфаи дев баднамо ва худаш бениҳоят зӯр тасвир карда мешавад.
    2. B Ба воситаи чунин муболиғаҳо ҷасорат ва қаҳрамониҳои симои мусбат равшантар нишон дода мешавад.
    3. C Ба воситаи тасвири муболиғанок симои дев дар назари хонанда бадҳайбат нишон дода мешавад.
    4. D Ба воситаи тасвири муболиғанок дев дар баробари симои мусбат ҷасур ва тавоно нишон дода мешавад.
    Показать ответ

    Правильный ответ: B Ба воситаи чунин муболиғаҳо ҷасорат ва қаҳрамониҳои симои мусбат равшантар нишон дода мешавад.

  3. 3

    Натиҷаи ҳамлаи Исмоили Сафавӣ ба Хуросон дар соли 1512.

    1. A парокандагии қувваҳои илмию адабӣ, рӯ ба Мовароуннаҳр овардани онҳо
    2. B рушди ҳавзаҳои илмию адабӣ дар Хуросон, зиёд гардидани қувваҳои эҷодӣ
    3. C нуфуз пайдо кардани ҳавзаи илмию адабии Ҳирот, рушди тазкиранависӣ
    4. D хотима ёфтани низоъҳои мазҳабӣ дар қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр
    Показать ответ

    Правильный ответ: A парокандагии қувваҳои илмию адабӣ, рӯ ба Мовароуннаҳр овардани онҳо

  4. 4

    Намунаи барҷастаи насри адабиёти давраи қадим, ки дар шакли пурсишу посух танзим гардидааст.

    1. A “Сафарнома”-и Носири Хусрав
    2. B “Андарзнома”-и Бузургмеҳри Бухтагон
    3. C “Корномаи Балх”-и Саноии Ғазнавӣ
    4. D “Корномаи Ардашери Бобакон”
    Показать ответ

    Правильный ответ: B “Андарзнома”-и Бузургмеҳри Бухтагон

  5. 5

    Санъати бадеӣ, ки калимаҳо дар наср дар фосилаҳои муайян бо ҳам ҳамрадиф, ҳамқофия ва ҳамвазн гардидаанд:

    1. A талмеҳ
    2. B маҷоз
    3. C муболиға
    4. D саҷъ
    Показать ответ

    Правильный ответ: D саҷъ

  6. 6

    Дар ҷумлаи зерин кадом санъати бадеӣ истифода шудааст: “Маликзодаеро шунидам, ки кӯтоҳ буду ҳақир ва дигар бародаронаш баланду хубрӯй”? Саъдии Шерозӣ

    1. A тавсиф
    2. B истиора
    3. C ҳашв
    4. D илтифот
    Показать ответ

    Правильный ответ: A тавсиф

  7. 7

    Дар кадом асари Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ амир Насри II Сомонӣ ба моҳ ва сарв ташбеҳ дода шудааст?

    1. A маснавии “Синдбоднома”
    2. B қасидаи “Модари май”
    3. C қасидаи “Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён”
    4. D қасидаи “Шикоят аз пирӣ”
    Показать ответ

    Правильный ответ: C қасидаи “Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён”

  8. 8

    Кадом асар хазинаи панд ва намунаи барҷастаи насри мусаҷҷаъ аст?

    1. A “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ
    2. B “Ҷомеъ-ул-ҳикоёт”-и Авфии Бухороӣ
    3. C “Даҳ фасл”-и Убайди Зоконӣ
    4. D “Тӯтинома”-и Зиёуддини Нахшабӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: A “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ

  9. 9

    Кадом сухан дар бораи “Баҳориёт”-и Саййидои Насафӣ дуруст аст?

    1. A Дар пайравӣ ба “Гулистон”-и Саъдӣ навишта шудааст.
    2. B Намунаи асари бадеист доир ба фаъолияти аҳли ҳунар.
    3. C Намунаи комили асари тамсилӣ-мунозиравӣ аст.
    4. D Асари адабист доир ба мунозираи мушу гурба.
    Показать ответ

    Правильный ответ: C Намунаи комили асари тамсилӣ-мунозиравӣ аст.

  10. 10

    Кадом байти Камолиддини Биноӣ бо байти зерини Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳаммаъност? Сухан гарчи бошад чу оби зулол, Зи такрор хезад ғубори малол.

    1. A Ҳарфи неку агарчи дур(р) гӯйӣ, Некӣ аз вай равад, чу пур гӯйӣ.
    2. B Ҳар кӣ гӯяд сухан зи ҳад берун, Шак маёвар, ки ҳаст аҳли ҷунун.
    3. C Дилат аввал сухан қарор диҳад, Баъд аз он бар забон гузор диҳад.
    4. D Эй писар, дар сухан тааммул кун, Баду неки сухан тахайюл кун.
    Показать ответ

    Правильный ответ: A Ҳарфи неку агарчи дур(р) гӯйӣ, Некӣ аз вай равад, чу пур гӯйӣ.

  11. 11

    Аз рӯйи байти зерини Абуяъқуби Хурраймӣ муҳтавои эҷодиёташро муайян намоед: Ман марде аз озодагони Суғдам, Рангу пӯстам аз нажоди поки эронист.

    1. A омода намудани замина барои истиқлоли фарҳангӣ
    2. B барқарор кардани истиқлоли маънавию сиёсӣ
    3. C ифтихор аз аслу насаб ва гузаштаи ватан
    4. D ҳифзу эҳёи дороиҳои фарҳангу адаби тоисломӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: C ифтихор аз аслу насаб ва гузаштаи ватан

  12. 12

    Кадом байти Кисоии Марвазӣ сухани Абуабдуллоҳи Рӯдакиро аз дигар гаштани аҳволаш дар овони пирӣ: тира шудани рӯйи ба сони дебо, сафед шудани мӯйи ба сони қир ва хам задани қомат (вақти асову анбон буд) ба хотир меорад?

    1. A Сутурвор парешон гузаштам ҳама умр, Ки бардагаштаи фарзандаму асири аёл.
    2. B Дареғи фарри ҷавонӣ, дареғи умри латиф, Дареғи сурати неку, дареғи ҳусну ҷамол!
    3. C Куҷо шуд он ҳама хубӣ, куҷо шуд он ҳама ишқ, Куҷо шуд он ҳама неру, куҷо шуд он ҳама ҳол?!
    4. D Сарам ба гунаи шир асту дил ба гунаи қир, Рухам ба гунаи нил асту тан ба гунаи нол.
    Показать ответ

    Правильный ответ: D Сарам ба гунаи шир асту дил ба гунаи қир, Рухам ба гунаи нил асту тан ба гунаи нол.

  13. 13

    Дар кадом байти Шамсиддини Шоҳин ситамгории амири Бухорову атрофиёнаш ва ба шахсони зулмпеша мансаб додани онҳо таъкид шудааст?

    1. A Ду-се рӯз ҷӯёи эҳсон шудам, Сарояндаи мадҳи дунон шудам.
    2. B Зи моли ятимон ситонанд боҷ, Ба қуттоъи тамғо бибахшанд тоҷ.
    3. C Маро шиква поён надорад гузор, Ки худ шиква баҳре бувад беканор.
    4. D Аз ин қавм уммеди ёрӣ хатост, Ки аз душман уммедворӣ хатост.
    Показать ответ

    Правильный ответ: B Зи моли ятимон ситонанд боҷ, Ба қуттоъи тамғо бибахшанд тоҷ.

  14. 14

    Зиёуддини Нахшабӣ дар қитъаи зерин ба кадом хусусияти осори насрии худ ишора намудааст? Ба насри хеш соҳибнасри лоиқ Раво бошад, ки орад назми ҳар кас. Валекин ман наовардам дар ин наср Зи саъйи килки худ назми дигар кас.

    1. A Нахшабӣ насри худро аз насри дигарон беҳтар медонад.
    2. B Нахшабӣ дар эҷоди наср анъанаи нависандагони пешинро тағйир надодааст.
    3. C Нахшабӣ дар осори насриаш аз назм истифода накардааст.
    4. D Нахшабӣ дар осори насриаш аз шеърҳои шоирони дигар истифода накардааст.
    Показать ответ

    Правильный ответ: D Нахшабӣ дар осори насриаш аз шеърҳои шоирони дигар истифода накардааст.

  15. 15

    Давоми мантиқии мисраи зеринро муайян намоед: Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр, ................................................................. Ҷалолиддини Балхӣ

    1. A Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст.
    2. B К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
    3. C Гуфт: он ки ёфт менашавад, онам орзуст.
    4. D Он ҳою ҳуйу наъраи мастонам орзуст.
    Показать ответ

    Правильный ответ: B К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.

  16. 16

    Омӯзиши ин асар дар Садриддин Айнӣ инқилоби фикриро бедор кард ва ба сари ӯ “савдои насрнависшавиро ҳам андохт”:

    1. A “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш
    2. B “Бадоеъ-ус-саноеъ”-и Шамсиддини Шоҳин
    3. C “Тазкират-уш-шуаро”-и Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ
    4. D “Савонеҳ-ул-масолик”-и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ
    Показать ответ

    Правильный ответ: A “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш

  17. 17

    Кадоме аз ин навиштаҳои Ҳабиб Юсуфӣ ба масъалаҳои адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ бахшида шудааст?

    1. A “Ватани дил”
    2. B “Ҳусни ту”
    3. C “Баҳр дар пиёла”
    4. D “Ба духтари меҳнат”
    Показать ответ

    Правильный ответ: C “Баҳр дар пиёла”

  18. 18

    Вобаста ба байти зерини Тошхӯҷа Асирӣ кадом хулоса дуруст аст: Ман амиратро ба як мирӣ намегирам, бирав, Илтифоти ӯ надорад қимати як дона ҷав. ?

    1. A Шоир амиру вазиронро мадҳу ситоиш кардааст.
    2. B Шоир шахсият ва лутфи амирро беарзиш донистааст.
    3. C Шоир аз бетаваҷҷуҳии амир ба эҷодиёташ ранҷидааст.
    4. D Шоир ба шахсият ва эҷодиёти худ баҳои баланд додааст.
    Показать ответ

    Правильный ответ: B Шоир шахсият ва лутфи амирро беарзиш донистааст.

  19. 19

    Лоиқ Шералӣ дар ин байтҳои ҷамъбастии таркиббанди “Ману ту” кадом масъаларо таъкид намудааст: Пас, биё, даст ба ҳам додаву паймон созем, Дар баду нек ба ҳам будаву даврон созем. Дар ҳарими диламон маъбади имон созем, На шимолӣ, на ҷанубӣ, яке инсон созем!... ?

    1. A Маҳалгароӣ зиддияти тарафҳоро ба авҷи аъло расонида, халқро пароканда ва кишварро хароб месозад.
    2. B Бадхоҳии ҳамдигарии гурӯҳҳои маҳалгаро сабаби парокандагии халқ ва харобии кишвар гардидааст.
    3. C Маҳалгароӣ натиҷаи тафаккури маҳдуд ва сатҳи пасти ҷаҳонбинии як гурӯҳи одамон аст.
    4. D Ягона роҳи аз парокандагӣ раҳонидани халқу кишвар оштӣ ва аҳду паймони ҳамватанист.
    Показать ответ

    Правильный ответ: D Ягона роҳи аз парокандагӣ раҳонидани халқу кишвар оштӣ ва аҳду паймони ҳамватанист.

  20. 20

    Вобаста ба дубайтии зерини Гулназар кадом сухан дуруст аст: Дубайтӣ, меҳри ту дар мағзи дилҳост, Ба ҳар давру замон қадри ту волост. Чу ширин аст умри кӯтаҳи мо, Ду байти кӯтаҳи ту ҳам гуворост.?

    1. A Шоир кӯтоҳӣ ва дилнишинии дубайтиро бо зиндагии хуш муқоиса кардааст.
    2. B Шоир дубайтиро бинобар гувороӣ ва хурд будани ҳаҷмаш писандидааст.
    3. C Шоир ҳаҷми хурди дубайтиро нозукбинона ба умри кӯтоҳи одамӣ монанд кардааст.
    4. D Шоир жанри дӯсттоштаи мардум будани дубайтиро таъкид намудааст.
    Показать ответ

    Правильный ответ: C Шоир ҳаҷми хурди дубайтиро нозукбинона ба умри кӯтоҳи одамӣ монанд кардааст.

  21. 21

    Навъи асарҳоро муайян намоед:

    1. A “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода
    2. B “Тахти хунин”-и Пайрав Сулаймонӣ
    3. C “Дар он дунё”-и Фазлиддин Муҳаммадиев
    4. D “Ситораи корвонкуш”-и Саттор Турсун
    1. 1 қисса
    2. 2 ҳикоя
    3. 3 достон
    4. 4 роман
    5. 5 афсона
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 4, B — 3, C — 1, D — 2

  22. 22

    Муайян намоед, ки шахсони зерин дар “Гуштоспнома”-и Дақиқӣ ба сифати кӣ муаррифӣ шудаанд:

    1. A Гуштосп
    2. B Арҷосп
    3. C Зардушт
    4. D Ҷомосп
    1. 1 соҳиби тахти Эронзамин
    2. 2 сари мубадон, ситорашиноси гаронмоя
    3. 3 оварандаи оини дини беҳӣ
    4. 4 сардори сипоҳиёни Эрон
    5. 5 турконхидев, солори туркони Чин
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 1, B — 5, C — 3, D — 2

  23. 23

    Байтҳои зерин бо кадом зарбулмасалу мақолҳо ҳаммаъноянд?

    1. A Ин масал андар замона ҷонӣ аст, Ҷони нодонон ба ранҷ арзонӣ аст.
    2. B Ақл аст, ки бунёди шараф маҳкам аз ӯст, Афзунии ҳурмати банӣ одам аз ӯст. (Аз “Дастур-ул-мулук”)
    3. C Ақл қувват гирад аз ақли дигар, Найшакар комил шавад аз найшакар.
    4. D Агар оқил бувад хасми ту, беҳтар, Ки бо нодон шавӣ ёру бародар. (Аз “Анвори Суҳайлӣ”)
    1. 1 Ба оқил як ишора бас. (Ҷалолиддини Балхӣ)
    2. 2 Ақлҳо мар ақлро ёрӣ диҳад.
    3. 3 Душмани доно беҳ аз дӯсти нодон. (Ҷалолиддини Балхӣ)
    4. 4 Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол.
    5. 5 Ҷони нодон дар азоб.
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 5, B — 4, C — 2, D — 3

  24. 24

    Муайян намоед, ки маълумоти додашуда дар бораи кадом асари Мирсаид Миршакар аст:

    1. A Асар дар асоси афсонаи халқӣ, дар шакли монолог аз забони пири суханваре, ки баъди азобу машаққат ҳаёти хушбахтона насибаш шудааст, эҷод гардидааст.
    2. B Асар хусусияти тарҷумаиҳолӣ дорад, ки дар он саёҳати якрӯзаи шоир ба сохтмони Вахш тасвир ёфтааст.
    3. C Мундариҷаи асар дар асоси сафари гурӯҳи бачагони Бадахшон ба Маскав, ки шоир роҳбари онҳо буд, фароҳам омадааст.
    4. D Асар ба давраи охири ҳаёту фаъолияти шоир ва ҳакими асри XI-и тоҷик Носири Хусрав бахшида шудааст.
    1. 1 “Исёни хирад”
    2. 2 “Қишлоқи тиллоӣ”
    3. 3 “Ливои зафар”
    4. 4 “Ленин дар Помир”
    5. 5 “Мо аз Помир омадем”
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 2, B — 3, C — 5, D — 1

  25. 25

    Аз рӯйи мазмуни порчаҳои шеърӣ муайян намоед, ки онҳо аз кадом достони Мирзо Турсунзодаанд?

    1. A Ору номусдор як мардест, Тамае аз касе надорад он. Ба умеди Садаф – умеди висол Ҳеҷ гоҳе нагашт аз паймон.
    2. B Ёд дорӣ, аз мубориз шоирон, Файз буд дар хонаи мо меҳмон. Аз Ватан гап сар кунӣ, дармегирифт, Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт.
    3. C Ту даъвои маро исбот кардӣ, Ба аспат шоҳи душман мот кардӣ. Машав навмед аз бедида гаштан, Ки ҷояшро бигирад дидаи ман.
    4. D Ба устоди қаламкаш дод пайғом, Тамоми шаҳр аз ҳар як дару бом. Салом омад, дуруд омад ба Айнӣ, Саломи чун суруд омад ба Айнӣ.
    1. 1 “Аз Ганг то Кремл”
    2. 2 “Ҳасани аробакаш”
    3. 3 “Чароғи абадӣ”
    4. 4 “Писари Ватан”
    5. 5 “Ҷони ширин”
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 2, B — 5, C — 4, D — 3