Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 30, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 101. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.
- 1
Жанри асарҳоро муайян намоед:
- A “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода
- B “Тахти хунин”-и Пайрав Сулаймонӣ
- C “Дар он дунё”-и Фазлиддин Муҳаммадиев
- D “Ситораи корвонкуш”-и Саттор Турсун
- 1 қисса
- 2 ҳикоя
- 3 достон
- 4 роман
- 5 афсона
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 4, B — 3, C — 1, D — 2
- 2
Ба кадом намуди шеър мансуб будани байтҳои устод Рӯдакиро муайян намоед:
- A Модари майро бикард бояд қурбон, Бачаи ӯро гирифту кард ба зиндон...
- B Чархи бузургвор яке лашкаре бикард, Лашкар-ш абри тираву боди сабо нақиб...
- C Шуд он замона, ки ӯ унси родмардон буд, Шуд он замона, ки ӯ пешкори мирон буд...
- D Мурд Муродӣ, на ҳамоно, ки мурд, Марги чунин хоҷа на корест хурд...
- 1 қасидаи баҳория
- 2 қасидаи ҳолия
- 3 қасидаи марсия
- 4 қасидаи хамрия
- 5 қасидаи мадҳия
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 4, B — 1, C — 2, D — 3
- 3
Жанри асарҳоро муайян намоед:
- A “Се рӯзи як баҳор”-и Саттор Турсун
- B “Падар”-и Муъмин Қаноат
- C “Субҳи ҷавонии мо”-и Сотим Улуғзода
- D “Додараки фариштаҳо”-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ
- 1 ҳикоя
- 2 роман
- 3 достон
- 4 афсона
- 5 қисса
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 2, B — 3, C — 5, D — 1
- 4
Навъи асарҳоро муайян намоед:
- A “Дар орзу падар”-и Кароматулоҳи Мирзо
- B “Китобҳои захмин”-и Муъмин Қаноат
- C “Марги Хушомадхӯҷа”-и Раҳим Ҷалил
- D “Одина”-и Садриддин Айнӣ
- 1 достон
- 2 ҳикоя
- 3 афсона
- 4 роман
- 5 қисса
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 4, B — 1, C — 2, D — 5
- 5
Дар кадом жанри адабӣ навишта шудани асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиевро муайян намоед:
- A “Порчаи остин”
- B “Одамони куҳна”
- C “Муҳоҷирон”
- D “Палатаи кунҷакӣ”
- 1 очерк
- 2 намоишнома
- 3 ҳикоя
- 4 қисса
- 5 роман
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 3, B — 4, C — 1, D — 5
- 6
Навъи асарҳоро муайян кунед:
- A “Восеъ”-и Сотим Улуғзода
- B “Ман гунаҳгорам”-и Ҷалол Икромӣ
- C “Марги судхӯр”-и Садриддин Айнӣ
- D “Маъвои дил”-и Раҳим Ҷалил
- 1 асари ёддоштӣ
- 2 асари публисистӣ
- 3 романи иҷтимоӣ
- 4 романи таърихӣ
- 5 қиссаи ҳаҷвӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 4, B — 3, C — 5, D — 1
- 7
Жанри асарҳоро муайян намоед:
- A “Баҳория”-и Фаррухии Систонӣ
- B “Гаршоспнома”-и Асадии Тӯсӣ
- C “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ
- D “Лубоб-ул-албоб”-и Муҳаммад Авфӣ
- 1 қасида
- 2 ҳикоя
- 3 тазкира
- 4 достон
- 5 ёддошт
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 1, B — 4, C — 5, D — 3
- 8
Жанри асарҳоро муайян намоед:
- A “Нафаҳот-ул-унс”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ
- B “Луҷҷат-ул-асрор”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ
- C “Дувалронӣ ва Хизрхон”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ
- D “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ
- 1 достон
- 2 ҳикоя
- 3 тазкира
- 4 қасида
- 5 ёддошт
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 3, B — 4, C — 1, D — 5
- 9
Мувофиқатро муайян кунед:
- A Абулқосими Фирдавсӣ
- B Ҳофизи Шерозӣ
- C Унсурии Балхӣ
- D Боботоҳири Урён
- 1 тазкиранавис
- 2 мадҳиясаро
- 3 дубайтисоро
- 4 ҳамосасаро
- 5 ғазалсаро
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 4, B — 5, C — 2, D — 3
- 10
Дар кадом жанри адабӣ навишта шудани асарҳоро муайян намоед:
- A “Ҷанги тан ба тан” аз “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш
- B “Мавҷҳои Днепр”-и Муъмин Қаноат
- C “Амир Исмоил”-и Сафармуҳаммад Айюбӣ
- D “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ
- 1 қасида
- 2 достон
- 3 ҳикоя
- 4 намоишнома
- 5 ёддошт
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 3, B — 2, C — 4, D — 5
- 11
Жанри асарҳоро муайян кунед:
- A “Суруши Сталинград”
- B “Навобод”
- C “Субҳи ҷавонии мо”
- D “Гавҳари шабчароғ”
- 1 намоишнома
- 2 қисса (повест)
- 3 роман
- 4 достони манзум
- 5 ҳикоя
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 4, B — 3, C — 2, D — 1
- 12
Дар кадом жанри адабӣ навишта шудани асарҳоро муайян намоед:
- A “Чароғи абадӣ”-и Мирзо Турсунзода
- B “Ҳукм”-и Мирзо Турсунзода
- C “Ситораҳои сари танӯр”-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ
- D “Восеъ”-и Сотим Улуғзода
- 1 ҳикоя
- 2 роман
- 3 қисса
- 4 намоишнома
- 5 достон
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 5, B — 4, C — 3, D — 2
- 13
Жанри асарҳои халқиро муайян намоед:
- A “Эраҷи тилисмшикан”
- B “Луқмони Ҳаким”
- C “Абдуллохон чӣ мегирад?”
- D “Шӯриши Восеъ”
- 1 ривоят
- 2 латифа
- 3 афсона
- 4 суруд
- 5 дубайтӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 3, B — 1, C — 2, D — 4
- 14
Мувофиқатро муайян кунед:
- A “Баҳория”-и Фаррухии Систонӣ
- B “Мушу гурба”-и Убайди Зоконӣ
- C “Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро”-и Ҳофизи Шерозӣ
- D “Зи дасти дидаву дил ҳар ду фарёд”-и Боботоҳири Урён
- 1 ғазал
- 2 дубайтӣ
- 3 достон
- 4 қитъа
- 5 қасида
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 5, B — 3, C — 1, D — 2
- 15
Аз рӯйи муҳтаво чигунагии асарҳои зеринро муайян кунед:
- A “Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковус
- B “Саломон ва Абсол”-и Абуалӣ ибни Сино
- C “Даҳ фасл”-и Убайди Зоконӣ
- D “Наврӯзнома”-и Умари Хайём
- 1 ҳаҷвӣ
- 2 илмӣ
- 3 тиббӣ
- 4 ахлоқӣ
- 5 фалсафӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 4, B — 5, C — 1, D — 2
- 16
Чӣ гуна асар будани навиштаҳои Садриддин Айниро муайян кунед:
- A “Тартил-ул-Қуръон”, “Таҳзиб-ус-сибён”
- B “Қавми тоҷик ва рӯзнома”, “Матбуоти тоҷик”
- C “Намунаи адабиёти тоҷик”, “Шайхурраис Абуалӣ Сино”
- D “Ятим”, “Ҷаллодони Бухоро”
- 1 таърихӣ
- 2 илмӣ
- 3 бадеӣ
- 4 дарсӣ
- 5 публисистӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 4, B — 5, C — 2, D — 3
- 17
Сухан дар бораи кадом адиб аст?
- A Баъд аз Фирдавсӣ суннати ҳамосасароиро зинда нигоҳ доштааст ва асари “Гаршоспнома”-ро навиштааст.
- B Пешаи аслиаш амирӣ ва надимӣ буда, дар 63-солагиаш барои фарзандаш асари арзишманди тарбиявиро навиштааст.
- C Тахаллуси шоириаш Ҳуҷҷат буда, дар қасидасароӣ дасти боло дорад. Мадҳ ва шоирони маддоҳро бисёр мазаммат кардааст.
- D Ситорашинос, риёзидон, табиб ва файласуф буда, асарҳои илмии зиёд дорад. Гоҳе рубоӣ ҳам мегуфт.
- 1 Умари Хайём
- 2 Носири Хусрав
- 3 Саноии Ғазнавӣ
- 4 Унсурулмаолии Кайковус
- 5 Асадии Тӯсӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 5, B — 4, C — 2, D — 1
- 18
Муайян кунед, ки сухан дар бораи кадом адиб аст?
- A Ба насри мусаҷҷаъ се китоб дорад ва бо асари “Синбоднома” машҳур шудааст.
- B Дар ҷавонӣ ба ҷамъ овардани достону қиссаҳо шавқи зиёд дошт. “Ҳаҷвия дар ҳаққи Султон Маҳмуд” ба ӯ мансуб аст.
- C Дар дарбори Ғӯриён чиҳилу панҷ сол хидмат кардааст. Асари “Чаҳор мақола”-аш машҳур аст.
- D Тақрибан 20 соли умри ӯ дар зиндонҳо сипарӣ шудааст. Ҳабсияҳояш маъруфанд.
- 1 Абулқосими Фирдавсӣ
- 2 Низомии Арӯзии Самарқандӣ
- 3 Масъуди Саъди Салмон
- 4 Ҷалолиддини Балхӣ
- 5 Заҳирии Самарқандӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 5, B — 1, C — 2, D — 3
- 19
Муайян кунед, ки сухан дар бораи кадом адиб аст?
- A Ӯро “лисон-ул-ғайб” мегӯянд. Девони ғазалҳояш машҳур аст.
- B Дар ноҳияи атрофи Ҳирот ба дунё омадааст. Асари “Ҳафт авранг” аз ӯст.
- C Адиб баъди нооромӣ дар зодгоҳаш ба Мовароуннаҳр муҳоҷират кардааст ва воқеаҳои ҷолиби сафарашро навиштааст.
- D Ин адиб аз зумраи шоиронест, ки ба ду забон шеър гуфтаанд. Аз амалдорони дарбори Ҳусайни Бойқаро буд.
- 1 Абдурраҳмони Ҷомӣ
- 2 Алишери Навоӣ
- 3 Ҳофизи Шерозӣ
- 4 Ҳусайн Воизи Кошифӣ
- 5 Зайниддин Маҳмуди Восифӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 3, B — 1, C — 5, D — 2
- 20
Муайян кунед, ки сухан дар бораи кадом адиб аст?
- A Аз нахустин шоиронест, ки ба Фирдавсӣ пайравӣ кардааст. “Гаршоспнома”-аш машҳур аст.
- B Аз амирзодагони хонадони Зиёрӣ буд ва барои фарзандаш асари пандуахлоқӣ навиштааст.
- C Унвони “Ҳуҷҷати Хуросон”-ро дорад. “Сафарнома”-аш маъруф аст.
- D Бо дархости Султон Маликшоҳ “Зичи маликшоҳӣ”-ро тартиб додааст. Адиби рубоисарост.
- 1 Унсурулмаолии Кайковус
- 2 Носири Хусрав
- 3 Умари Хайём
- 4 Асадии Тӯсӣ
- 5 Бобо Тоҳири Урён
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 4, B — 1, C — 2, D — 3
- 21
Муайян кунед, ки сухан дар бораи кадом адиб аст?
- A Ӯро “муаллими ахлоқ” ва “пайғамбари ғазал” меноманд.
- B Худро аз пайравони Саноӣ ва Аттор медонад. “Девони кабир” аз ӯст.
- C Аз шоирони маъруфи Ҳинд аст. Дар пайравии Низомӣ “Хамса”-и худро офаридааст.
- D Аз зодгоҳаш ҳиҷрат карда, то охири умр дар шаҳрчаи Бадоун зиндагӣ кардааст. “Тӯтинома” асари ӯст.
- 1 Ҷалолиддини Балхӣ
- 2 Амир Хусрави Деҳлавӣ
- 3 Саъдии Шерозӣ
- 4 Ибни Ямин
- 5 Зиёуддини Нахшабӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 3, B — 1, C — 2, D — 5
- 22
Муайян кунед, ки сухан дар бораи кадом адиб аст?
- A Дар Фарюмад таваллуд шудааст. Асосан қитъа сурудааст.
- B Дар наздикии Қазвин ба дунё омадааст. Асари “Ришнома” аз ӯст.
- C Номаш Шамсиддин Муҳаммад аст. Ҳёте дар пайравии ӯ ба олмонӣ ғазал гуфтааст.
- D Солҳои охири умраш дар Табрез гузаштааст. Шоири ғазалсарост.
- 1 Убайди Зоконӣ
- 2 Камоли Хуҷандӣ
- 3 Алишери Навоӣ
- 4 Ҳофизи Шерозӣ
- 5 Ибни Ямин
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 5, B — 1, C — 4, D — 2
- 23
Мувофиқатро муайян кунед:
- A Унсурулмаолии Кайковус
- B Носири Хусрав
- C Умари Хайём
- D Асадии Тӯсӣ
- 1 “Лисон-ул-ғайб”
- 2 “Ҳуҷҷати Хуросон”
- 3 пайрави Фирдавсӣ ва муаллифи “Гаршоспнома”
- 4 рубоисаро ва мураттиби “Зичи маликшоҳӣ”
- 5 амирзода ва нависандаи асари пандуахлоқӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 5, B — 2, C — 4, D — 3
- 24
Мувофиқатро муайян кунед:
- A Муаллифи ин байт: Куфре чу мане газофу осон набувад, Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
- B Чунин гуфтааст: Салом кун зи ман, эй бод, мар Хуросонро, Мар аҳли фазлу хирадро, на ому нодонро.
- C Ин байт аз як рубоии ӯст: Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад, Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
- D Муаллифи ин байт: Кошкӣ, андар ҷаҳон шаб нестӣ, То маро ҳиҷрони он лаб нестӣ.
- 1 Абумансури Дақиқӣ
- 2 Умари Хайём
- 3 Саноии Ғазнавӣ
- 4 Носири Хусрав
- 5 Абуалӣ ибни Сино
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 5, B — 4, C — 2, D — 1
- 25
Мувофиқатро муайян кунед:
- A Муаллифи ин байт: Ҳамегуфтам, ки кай бошад, ки хуррам рӯзгор ояд, Ҷаҳон аз сар ҷавон гардад, баҳори ғамгусор ояд.
- B Чунин гуфтааст: Ғофил манишин, на вақти бозист, Вақти ҳунар асту сарфарозист.
- C Ин байт аз ӯст: Андар ин даврон маҷӯ роҳат, Табъи шодиҷӯй аз ғам як нафас
- D Муаллифи ин байт: Ду дӯст бо ҳам агар якдиланд Ҳазор таънаи душман ба ними ҷав нахаранд.
- 1 Ибни Ямини Фарюмадӣ
- 2 Сайфи Фарғонӣ
- 3 Саноии Ғазнавӣ ки кас осуда нест, осуда нест.
- 4 Низомии Ганҷавӣ дар ҳама ҳол,
- 5 Фаррухии Систонӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 5, B — 4, C — 2, D — 1
- 26
Муайян кунед, ки сухан дар бораи кадом адиб аст?
- A Байти оғози қасидаи “Харобаҳои Мадоин”-и ӯ чунин аст: Ҳон, эй дили ибратбин, аз дида назар кун, ҳон, Айвони Мадоинро оинаи ибрат дон.
- B Асари “Мантиқ-ут-тайр”-и ӯ чунин оғоз мешавад: Марҳабо, эй Ҳудҳуди ҳодӣ шуда, Дар ҳақиқат пайки ҳар водӣ шуда.
- C Оғози қасидаи “Ашкҳои Хуросон”-и ӯ чунин аст: Ба Самарқанд агар бигзарӣ, эй боди саҳар, Номаи аҳли Хуросон ба бари хоқон бар.
- D Ин байт аз “Хамса”-и ӯст: Ҳадиси Хусраву Ширин ниҳон нест В-аз он ширинтар, алҳақ, достон нест.
- 1 Низомии Ганҷавӣ
- 2 Анварии Абевардӣ
- 3 Хоқонии Шервонӣ
- 4 Саъдии Шерозӣ
- 5 Аттори Нишопурӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 3, B — 5, C — 2, D — 1
- 27
Муайян кунед, ки сухан дар бораи кадом адиб меравад.
- A Адиби барҷастаи асри 19, ки ба ситорашиносӣ ҳам машғул мешуд ва дар бораи кайҳон ва ситорашиносӣ чанд асар навиштааст.
- B Адибест, ки сафарҳои зиёд кардааст ва пас аз он ду асари арзишманди худро навиштааст. Ӯро “устоди ҳикмат” хондаанд.
- C Дар кӯдакӣ ҳамроҳи падараш тарки диёр намуда ба Осиёи Сағир меравад ва дар он ҷо то охири умр зиндагӣ ва эҷод мекунад.
- D Ӯ аввалин тазкиранигор дар адабиёти гузаштаи мост. Тазкираи “Лубобул-албоб” ба ӯ тааллуқ дорад.
- 1 Ҷалолиддини Балхӣ
- 2 Муҳаммад Авфии Бухороӣ
- 3 Аҳмади Дониш
- 4 Амир Хусрави Деҳлавӣ
- 5 Саъдии Шерозӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 3, B — 5, C — 1, D — 2
- 28
Кӣ будани паҳлавонон – симоҳои “Достони Сӯҳроб”-ро муайян намоед:
- A Сипаҳбади тӯронӣ, ки бо супориши Афросиёб нишони Рустамро аз Сӯҳроб ниҳон дошт.
- B Сипаҳбади эронӣ, ки бо номае аз Рустам ба назди Ковус рафт ва аз ӯ барои Сӯҳроб нӯшдору хост.
- C Сипаҳбади эронӣ, ки хост бо фармони Ковус дасти Рустамро баста ба назди ӯ барад.
- D Паҳлавони размдида, нигаҳбони Дижи сапед, ки барои кушта нашудани Рустам нишони ӯро аз Сӯҳроб ниҳон дошт
- 1 Гаждаҳам
- 2 Тӯс
- 3 Ҳумон
- 4 Гударз
- 5 Ҳаҷир
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 3, B — 4, C — 2, D — 5
- 29
Муайян намоед, ки Носири Хусрав дар байтҳои зерин ба кадом масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва андешааш ишорат кардааст:
- A Ашъори зуҳду панд басе гуфтааст, Он тирачашм шоири равшанбин.
- B Зи Ҳуҷҷат ин суханҳо Ки дар Юмгон нишаста подшаҳвор.
- C Надонад ҳолу кори ман Ки дунонаш кунанд аз хона берун.
- D Ман онам, ки дар пойи хукон нарезам, Мар ин қиматӣ дурри лафзи дариро.
- 1 Шоири ҳаким дар ситоиш ва мадҳи ҳеҷ кадом аз амирони ҷоҳили вақт (ба забони тоҷикӣ) шеър нагуфтааст.
- 2 Ҳолати ногувори адиб, ки амирон ёд медор, ва муллоҳои ҷоҳил ӯро кофир эълон карда, аз Хуросон ронданд.
- 3 Шоири ҳаким ситоиш ва мадҳи ҷуз он кас, касеро ҷоиз медонад, ки соҳиби ақлу ҳикмат, ҳиммату адл бошад.
- 4 Шоир дар миёни мардуми Бадахшон иззату эҳтиром ва қадру манзалати фавқулодае дошт.
- 5 Арҷгузории шоир ба шеъри Рӯдакӣ, ки шеъри ҳикмат аст.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 5, B — 4, C — 2, D — 1
- 30
Муайян намоед, ки Аттори Нишопурӣ дар байтҳои зерин чӣ гуфтан мехоҳад:
- A Ҳар кӣ бо мардум насозад дар ҷаҳон, Зиндагонӣ талх дорад ҷовидон.
- B Эй писар, кам гӯй бо мардум дурушт В-ар бигӯӣ, бар ту гардонанд пушт.
- C Чун ҳадиси хуб гӯӣ бо фақир, Беҳ бувад з-онаш, ки пӯшонӣ ҳарир.
- D Аз маломат то бимонӣ дар амон, Бош доим ҳамнишин олимон.
- 1 Агар хоҳӣ, ки аз балоҳо дур бошӣ, ҳамсуҳбати донишмандон шав.
- 2 Бо одамон сухани бад магӯй, ки аз ту рӯй мегардонанд.
- 3 Бо бечорагон сухани нағз гуфтан беҳтар аз он аст, ки ба онҳо либоси зебое диҳӣ.
- 4 Хоҳӣ, ки номат ба накуӣ бубаранд, номи дигарон низ ба накуӣ бубар.
- 5 Бо одамон муросо накунӣ, рӯзгорат ҳамеша нохуш хоҳад шуд.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 5, B — 2, C — 3, D — 1