Таджикская литература: Словарь
Задания темы из официального сборника НЦТ: на странице — 20, всего в сборнике — 20. Решите задание сами, затем откройте ответ. Остальные задания — с разбором решения — в приложении Омода AI.
- 1
Калимаи “ҷуд” дар ин байти Ҷалолиддини Балхӣ чӣ маънӣ дорад? Ҳар ғулому ҳар канизакро зи ҷуд, Гуфт: “Баҳри ту чӣ орам, гӯй зуд”.
Показать ответ
Правильный ответ: B бахшиш, эҳсон, саховат
- 2
Калимаи “бадоеъ” дар номи асари Зайниддин Маҳмуди Восифӣ “Бадоеъ-ул-вақоеъ” чӣ маънӣ дорад?
Показать ответ
Правильный ответ: A нав, тоза
- 3
Калимаи “андалеб” чӣ маънӣ дорад? Ишқ мебозад ба рӯи боданӯшон андалеб, Шоҳиди гул беҳ, ки фикри ошиқи дигар кунад. Нозими Ҳиротӣ
Показать ответ
Правильный ответ: B булбул, ҳазордастон
- 4
Дар байти Нақибхони Туғрал “миръот” чӣ маънӣ дорад? Гар зи миръоти рухат аксе фитад ногаҳ дар об, Сарв ҷойи барг орад бар лаби ҷӯбор гул.
Показать ответ
Правильный ответ: B ойина
- 5
Дар байти Нақибхони Туғрал “халлоқулмаонӣ” чӣ маънӣ дорад? Маро хонанд халлоқулмаонӣ, Набудам қабл аз ин, аммо кунунам.
Показать ответ
Правильный ответ: D офарандаи маъниҳои нав
- 6
Калимаи “ақсо” дар ин байти Саъдӣ ба кадом маънӣ омадааст? Дар ақсои олам бигаштам басе, Ба сар бурдам айём бо ҳар касе.
Показать ответ
Правильный ответ: C ҷойҳои дурдаст
- 7
Дар байт калимаи “разолат” чӣ маънӣ дорад? Ӯ разолат карда бошад, мо қаноат мекунем, Бигзарад ин соли қаҳту монад он рӯйи сиёҳ. Абдурраҳмони Мушфиқӣ
Показать ответ
Правильный ответ: A пастӣ, нокасӣ
- 8
Дар байт калимаи “ҳаҷр” чӣ маънӣ дорад? Дар ду бозуи мо зи лаъли хушоб Басту аз ҳаҷр кард дида пуроб. Абдурраҳмони Мушфиқӣ
Показать ответ
Правильный ответ: C дурӣ, ҷудоӣ
- 9
Дар байт калимаи “қайд” чӣ маънӣ дорад? Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял, Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал. Абуалӣ ибни Сино
Показать ответ
Правильный ответ: C девор, сад(д), монеа
- 10
Дар байт калимаи “бодия” чӣ маънӣ дорад? Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт, Як мӯй надонист, вале мӯй шикофт. Абуалӣ ибни Сино
Показать ответ
Правильный ответ: C саҳро, биёбон, дашт
- 11
Дар байт калимаи “мазаррат” чӣ маънӣ дорад? Дар бисёраш мазаррати андак ҳаст, Дар андаки ӯ манфиати бисёр аст. Абуалӣ ибни Сино
Показать ответ
Правильный ответ: A зиён, осеб, зарар
- 12
Дар байт калимаи “дарюза” чӣ маънӣ дорад? Хоқонӣ, аз ин даргаҳ дарюзаи ибрат кун, То аз дари ту з-ин пас дарюза кунад хоқон. Хоқонии Шервонӣ
Показать ответ
Правильный ответ: D гадоӣ
- 13
Дар байт калимаи “тӯша” чӣ маънӣ дорад? Имрӯз гар аз султон ринде талабад тӯша, Фардо зи дари ринде тӯша талабад султон. Хоқонии Шервонӣ
Показать ответ
Правильный ответ: D ғизо
- 14
Дар байт калимаи “суффа” чӣ маънӣ дорад? Ин аст ҳамон суффа, к-аз ҳайбати ӯ бурдӣ, Бар шери фалак ҳамла шеритани Шодурвон. Хоқонии Шервонӣ
Показать ответ
Правильный ответ: A ҷои нишасти аз замин баландтар
- 15
Калимаи “сайф” чӣ маънӣ дорад? Сайф аз сарам бирафту дили ман дуним монд, Дарёи ман равон шуду дурри ятим монд. Амир Хусрави Деҳлавӣ
Показать ответ
Правильный ответ: B шамшер
- 16
Дар байт калимаи “фасеҳ” чӣ маънӣ дорад? Аз гуфтани мадҳ дил бимирад, Шеър арчи тару фасеҳ бошад. Амир Хусрави Деҳлавӣ
Показать ответ
Правильный ответ: C равону хуш
- 17
Дар байт калимаи “новак” чӣ маънӣ дорад? Ҳар кас, ки ба зулм кардан омӯхта шуд, Аз новаки мазлум дилаш дӯхта шуд. Амир Хусрави Деҳлавӣ
Показать ответ
Правильный ответ: A тир
- 18
Дар байт калимаи “кавкаб” чӣ маънӣ дорад? Сияҳбахтӣ чароғи аҳли дилро мекунад равшан, Зи мушки судаи шаб тоза гардад доғи кавкабҳо. Шавкати Бухороӣ
Показать ответ
Правильный ответ: D ситора
- 19
Дар байт калимаи “хасм” чӣ маънӣ дорад? Аз баланду пасти олам гашт суҳон комёб, Хасм меболад ба худ аз вазъи ноҳамвори хеш. Саййидои Насафӣ
Показать ответ
Правильный ответ: B душман
- 20
Дар байт калимаи “армуғон” чӣ маънӣ дорад? Ҳар ғуломеро биёвард армуғон, Ҳар канизакро бибахшид ӯ нишон. Ҷалолиддини Балхӣ
Показать ответ
Правильный ответ: B ҳадя