Таджикская литература: Современная литература

Задания темы из официального сборника НЦТ: на странице — 30, всего в сборнике — 100. Решите задание сами, затем откройте ответ. Остальные задания — с разбором решения — в приложении Омода AI.

  1. 1

    Нақибхони Туғрал дар байтҳои зерин кадом маъниро таъкид менамояд? Маро гӯянд халлоқулмаонӣ, Набудам қабл аз ин, аммо кунунам... Агар бо фазл гаштӣ рутба ҳосил, Дар оғӯши қамар будӣ сукунам.

    1. A Ба андешаи шоир фазлу мартаба аз рутба ҳосил мешавад.
    2. B Бо тафохури шоирона ба мавқеъ ва мартабаи худ ишора мекунад.
    3. C Таъкид мекунад, ки фазлу рутба мақоми инсонро баланд мегардонад.
    4. D Бо таассуф иқрор мешавад, ки халлоқулмаонӣ нест ва рутба ҳам надорад.
    Показать ответ

    Правильный ответ: B Бо тафохури шоирона ба мавқеъ ва мартабаи худ ишора мекунад.

  2. 2

    Шарҳи дурусти байти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиро интихоб кунед: Ҷаҳони санъатам, дар баҳри маънӣ гавҳарэҷодам, Вале ҳамчун садаф, Ҳоҷӣ, надонам худситоиро.

    1. A Дар олами санъаткорӣ мисли садаф медурахшам ва пур аз гавҳари эҷод ҳастам.
    2. B Ҳарчанд аз истеъдоду ҳунар баҳравар ҳастам, аммо ситоиши худро лоиқ намедонам.
    3. C Мехоҳам, ки бемислу монанд будани маро дар шоирӣ дигарон ситоиш кунанд.
    4. D Дар олами шоирӣ мисли садафе ҳастам, ки ҳеч кас қадру қиматашро намедонад.
    Показать ответ

    Правильный ответ: B Ҳарчанд аз истеъдоду ҳунар баҳравар ҳастам, аммо ситоиши худро лоиқ намедонам.

  3. 3

    Шарҳи дурусти байти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиро интихоб кунед: В-аз суҳбати ноаҳлу касони ҷоҳил, Пайванд агар бувад, дурӣ бинамо.

    1. A Бо одамҳои бесаводу нодон зиёд дӯстӣ накун, зеро мисли онҳо хоҳӣ шуд.
    2. B Агар одамҳои нодону ҷоҳил хешат бошанд, метавонӣ бо онҳо дӯстӣ кунӣ.
    3. C Аз дӯстӣ бо одамҳои нодону ҷоҳил дурӣ кун, ҳатто агар хешу таборат бошанд.
    4. D Дар зиндагӣ одам бояд бо ҳама дӯстӣ кунад, зеро аз ҳама метавон чизе омӯхт.
    Показать ответ

    Правильный ответ: C Аз дӯстӣ бо одамҳои нодону ҷоҳил дурӣ кун, ҳатто агар хешу таборат бошанд.

  4. 4

    Шарҳи муносибтари байти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиро интихоб кунед: Бо аҳли ҳунар нишину шахси доно, Гар заҳр диҳад, бихӯр чу шаҳду ҳалво.

    1. A Бо одамони донишманд дӯст шав, аммо эҳтиёт кун, ки “ширинӣ” гуфта, ба ту заҳр надиҳанд.
    2. B Бо инсонҳои ҳунарманд ҳамнишин шав, зеро дар ҳар давру замон ҳунар беҳтар аз зар аст.
    3. C Бо инсонҳои оқил ҳамнишин шав ва агар номеҳрубонӣ ҳам кунанд, онро таҳаммул кун.
    4. D Бо одамҳои доною оқил ҳамнишин шудан мисли хӯрдани шаҳду ҳалвост, ки камаш хубу бисёраш бад аст.
    Показать ответ

    Правильный ответ: C Бо инсонҳои оқил ҳамнишин шав ва агар номеҳрубонӣ ҳам кунанд, онро таҳаммул кун.

  5. 5

    Сухан дар бораи кадом асари Садриддин Айнӣ меравад? “Ҷафою зулме, ки Бозор медид, дар роҳи худогоҳӣ ва бедории шуури иҷтимоии Ёдгор сабақ гардиданд. Шиносоӣ ва суҳбатҳои Абдуллохӯҷа бо Ёдгор дар зиндони Бухоро ба болоравии шуури иҷтимоии ӯ мусоидат мекунад.”

    1. A “Дохунда”
    2. B “Ҷаллодони Бухоро”
    3. C “Ятим”
    4. D “Ғуломон”
    Показать ответ

    Правильный ответ: A “Дохунда”

  6. 6

    Садриддин Айнӣ бо сухани зерин ба кадом масъала ишора намудааст? “Истеъдоди Туғрал бисёр комил ва хаёлаш мустаъиди (омодаи) болоравӣ буд.”

    1. A пайравии Туғрал ба услуби нигориши Бедил
    2. B рангорангии мавзуи ашъори Туғрал
    3. C содаву равониии забони ашъори Туғрал
    4. D ҳунари волои шоирӣ ва услуби хоси эҷодии Туғрал
    Показать ответ

    Правильный ответ: D ҳунари волои шоирӣ ва услуби хоси эҷодии Туғрал

  7. 7

    Садриддин Айнӣ байтҳои зеринро дар вафоти кадом адиб гуфтааст? Дар даҳр баҳор асту хазон аст, валекин, Афсӯс тавон хӯрд бар он гул, ки ҷавон рафт. Аз мафҳили аҳбоб дар ин мотами ҷонсӯз То абри сияҳ дудсифат оҳу фиғон рафт...

    1. A Нақибхони Туғрал
    2. B Пайрав Сулаймонӣ
    3. C Абдулвоҳиди Мунзим
    4. D Садри Зиё
    Показать ответ

    Правильный ответ: B Пайрав Сулаймонӣ

  8. 8

    Шарҳи муносиби байтро интихоб кунед: Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад. Садриддин Айнӣ

    1. A Касе, ки беҳудагардӣ мекунад, мисли хор ба чашми дигарон мехалад.
    2. B Касе, ки ба коре машғул намешавад, беқадру беэътибор мегардад.
    3. C Касе, ки ба саёҳати рӯи олам мебарояд, машҳур хоҳад шуд.
    4. D Касе, ки аз вазифа сабукдӯш мешавад, обрӯяш мерезад.
    Показать ответ

    Правильный ответ: B Касе, ки ба коре машғул намешавад, беқадру беэътибор мегардад.

  9. 9

    Омӯзиши кадом асар дар Садриддин Айнӣ инқилоби фикриро бедор кард ва ба сари ӯ “савдои насрнависшавиро ҳам андохт”?

    1. A “Бадоеъ-ус-саноеъ”-и Шамсиддини Шоҳин
    2. B “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш
    3. C “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ
    4. D “Савонеҳ-ул-масолик”-и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ
    Показать ответ

    Правильный ответ: B “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш

  10. 10

    Байт эпиграфи кадом асари Садриддин Айнист? Зи сар бигзашт бе ту оби чашмам, Яке аз саргузаштам бе ту ин аст.

    1. A “Одина”
    2. B “Дохунда”
    3. C “Ғуломон”
    4. D “Марги судхӯр”
    Показать ответ

    Правильный ответ: A “Одина”

  11. 11

    Кадоме аз ин мақолаҳои Садриддин Айнӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар мавзуи ватанпарварию ҷоннисорӣ навишта шудаанд?

    1. A “Деви ҳафтсар”, “Хари бедум”
    2. B “Қавми тоҷик ва рӯзнома”, “Матбуоти тоҷик”
    3. C “Тоҷикони кӯҳистон”, “Қобилияти ташкилотчигӣ дар тоҷикон”
    4. D “Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик”, “Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон”
    Показать ответ

    Правильный ответ: A “Деви ҳафтсар”, “Хари бедум”

  12. 12

    Садриддин Айнӣ сухани зеринро дар бораи Нақибхони Туғрал дар кадом асараш овардааст? “Истеъдоди Туғрал бисёр комил ва хаёлаш мустаиди (омодаи) болоравӣ буд.”

    1. A “Намунаи адабиёти тоҷик”
    2. B “Восифӣ ва хулосаи “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и ӯ”
    3. C “Таҳзиб-ус-сибён”
    4. D “Ҷанги одаму об”
    Показать ответ

    Правильный ответ: A “Намунаи адабиёти тоҷик”

  13. 13

    Сухани зеринро кадоме аз ин бузургон гуфтааст? “Фитрат аз талабагони истеъдодноку аз ҳама фозили Бухоро ба шумор мерафт.”

    1. A Маҳмудхӯҷаи Беҳбудӣ
    2. B Абдулвоҳиди Мунзим
    3. C Садриддин Айнӣ
    4. D Тошхӯҷа Асирӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: C Садриддин Айнӣ

  14. 14

    Садриддин Айнӣ “ин хона” гуфта, маҷозан кадом асарашро дар назар дорад? Ин хона зи хишти куҳан андохтаам, Дар вай ҷашне зи рафтагон сохтаам. То аҳли замони мо бидонанд, ки ман Як умри ҷавонӣ ба чӣ раҳ бохтаам.

    1. A “Марги судхӯр”
    2. B “Ёддоштҳо”
    3. C “Одина”
    4. D “Ғуломон”
    Показать ответ

    Правильный ответ: B “Ёддоштҳо”

  15. 15

    Кадом адиб бо тахаллуси “Ҷунунӣ” шеър менавишт?

    1. A Тошхӯҷа Асирӣ
    2. B Садриддин Айнӣ
    3. C Пайрав Сулаймонӣ
    4. D Нақибхони Туғрал
    Показать ответ

    Правильный ответ: B Садриддин Айнӣ

  16. 16

    Кадом адиб бо тахаллусҳои “Сифлӣ” ва “Муҳтоҷӣ” шеър менавишт?

    1. A Тошхуҷа Асирӣ
    2. B Садриддин Айнӣ
    3. C Нақибхони Туғрал
    4. D Пайрав Сулаймонӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: B Садриддин Айнӣ

  17. 17

    Мақола ва мактубҳои дар бораи забон таълифнамудаи устод Айнӣ дар кадом қатор оварда шудаанд?

    1. A “Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик”, “Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон”
    2. B “Ҷавоби ман”, “Мактуби кушода ба рафиқ Толис”
    3. C “Қавми тоҷик ва рӯзнома”, “Тоҷикони кӯҳистон”
    4. D “Матбуоти тоҷик”, “Талвосаи ҷонкании даррандаи захмдор”
    Показать ответ

    Правильный ответ: B “Ҷавоби ман”, “Мактуби кушода ба рафиқ Толис”

  18. 18

    Дар таърихи адабиёти тоҷик охирин достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-ро кӣ навиштааст?

    1. A Тошхӯҷаи Асирӣ
    2. B Нақибхони Туғрал
    3. C Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ
    4. D Шарифҷонмахдуми Садри Зиё
    Показать ответ

    Правильный ответ: B Нақибхони Туғрал

  19. 19

    Сухан дар бораи кадом образи “Ёддоштҳо” аст? Бо самимияту донишмандӣ ва далерию кордонияш хонандаро ба ваҷд меорад. Зебо ва босавод аст. Шеърҳои бисёр медонист ва як ғазали Ҳофизро, ки бо байти Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд, Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд. оғоз мешуд, батакрор хонда гиря мекард.

    1. A Ҳабиба
    2. B Тӯтапошшо
    3. C Лутфуллогӯппон
    4. D Исомахдуми шоир
    Показать ответ

    Правильный ответ: A Ҳабиба

  20. 20

    Ин рубоӣ дар кадом асари Садриддин Айнӣ ҳамчун эпиграф истифода шудааст? Ин хона зи хишти куҳан андохтаам, Дар вай ҷашне зи рафтагон сохтаам. То аҳли замони мо бидонанд, ки ман Як умри ҷавонӣ ба чӣ раҳ бохтаам.

    1. A “Марги судхӯр”
    2. B “Ёддоштҳо”
    3. C “Одина”
    4. D “Ғуломон”
    Показать ответ

    Правильный ответ: B “Ёддоштҳо”

  21. 21

    Ин матн аз кадом асари Садриддин Айнист? – Бас, - гуфт падарам ва чашмонашро ба тарафи ман гардонида сухани худро давом дод: – Хон! Дар чӣ гуна душворӣ бошад ҳам, хон! Лекин қозӣ нашав, раис нашав, имом нашав! Агар мударрис шавӣ, майлат!

    1. A “Ёддоштҳо”
    2. B “Марги судхӯр”
    3. C “Дохунда”
    4. D “Одина”
    Показать ответ

    Правильный ответ: A “Ёддоштҳо”

  22. 22

    Абулқосим Лоҳутӣ кадом асарро ҳамроҳи ҳамсараш С. Бону аз забони англисӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст?

    1. A “Сангари хунин”-и В. Гюго
    2. B “Бузургии безавол”-и Р. Патканян
    3. C “Отелло”-и В. Шекспир
    4. D “Почта”-и С. Маршак
    Показать ответ

    Правильный ответ: C “Отелло”-и В. Шекспир

  23. 23

    Аз рӯи мазмуни байт муайян кунед, ки он ба кӣ тааллуқ дорад: Аё сайёд, раҳме кун маранҷон ним ҷонамро, Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро.

    1. A Абулқосим Лоҳутӣ
    2. B Мирзо Турсунзода
    3. C Садриддин Айнӣ
    4. D Пайрав Сулаймонӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: A Абулқосим Лоҳутӣ

  24. 24

    Аз рӯи мазмуни байт муайян кунед, ки он ба кӣ тааллуқ дорад: Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам, Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст, ё кирдор, ё ҳар ду?

    1. A Абулқосим Лоҳутӣ
    2. B Мирзо Турсунзода
    3. C Садриддин Айнӣ
    4. D Пайрав Сулаймонӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: A Абулқосим Лоҳутӣ

  25. 25

    Аввалин бор қиссаи “Шинел”-и Н. В. Гогол аз тарафи кӣ ба тоҷикӣ тарҷума шудааст?

    1. A Тошхӯҷаи Асирӣ
    2. B Аҷзии Самарқандӣ
    3. C Абулқосим Лоҳутӣ
    4. D Абдуррауфи Фитрат
    Показать ответ

    Правильный ответ: B Аҷзии Самарқандӣ

  26. 26

    Дар порчаи зерин аз романи “Восеъ”-и Сотим Улуғзода кадом хислатҳои Абдулаҳадхон (лаҳзаи вафоти падарро интизорӣ кашиданаш) нишон дода шудааст? “Ӯ хавотир кашида фикр мекунад, ки мабодо мисли ду моҳ пеш падараш боз сиҳат ёбад! Инро фикр мекунаду ба худ ларзида дар дилаш мегӯяд: Не, не, ҳеҷ мумкин нест, ки вай намирад! Бояд бимирад!”

    1. A ҷоҳилӣ, беномусӣ ва бадтинатию бахилӣ
    2. B мансабхоҳӣ, ҳирси сарвату ҷоҳу ҷалол
    3. C шаҳватпарастӣ ва майл ба айшу нӯш
    4. D судҷӯйӣ, ҳилла ва рашку ҳасад
    Показать ответ

    Правильный ответ: B мансабхоҳӣ, ҳирси сарвату ҷоҳу ҷалол

  27. 27

    Ревахшиён дар асари “Ривояти суғдӣ”-и Сотим Улуғзода кист?

    1. A падари Виркан
    2. B ҳамсари Наниманча
    3. C паҳлавони Суғд
    4. D бозаргони машҳур
    Показать ответ

    Правильный ответ: A падари Виркан

  28. 28

    Аз рӯйи матни зерин муайян намоед, ки сухан дар бораи кадом симои асари “Ривояти суғдӣ”-и Сотим Улуғзода меравад: “Падараш дар пирсолагӣ ба Самарқанд баргашт, дар деҳаи Ревдод, ки зодгоҳаш буд, сукунат ихтиёр кард. Фарзанди даштҳои беканор ва кӯҳҳои баланд – ... ба деҳқонию боғдорӣ одат накард, ҳавасаш ба асп ва камон буду бас.”

    1. A Виркан
    2. B Ревахшиён
    3. C Нуфарн
    4. D Ёдхишетак
    Показать ответ

    Правильный ответ: A Виркан

  29. 29

    Дар порчаи зерин аз романи “Восеъ”-и Сотим Улуғзода кадом хислатҳои Восеъ нишон дода шудааст? “Худо туро одам офаридааст, агар туро хар карда савор шаванду ту ба ин тан диҳӣ, тоқат кунӣ, одам нестӣ. Офарандаатро муттаҳам кардаӣ.”

    1. A меҳрубонӣ, некукорӣ
    2. B худшиносӣ, баномусӣ
    3. C хоксорӣ, пуртоқатӣ
    4. D инсондӯстӣ, худошиносӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: B худшиносӣ, баномусӣ

  30. 30

    Дар ҷумлаи зерин аз “Субҳи ҷавонии мо”-и Сотим Улуғзода кадом хислати падари Собир нишон дода шудааст? “Дастони пурзӯри кормуштоқашро ба ҳар коре, ки рост ояд, мезад.”

    1. A меҳнатдӯстӣ
    2. B нотарсӣ
    3. C ободкорӣ
    4. D пуртоқатӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: A меҳнатдӯстӣ