Таджикская литература: Классическая литература

Задания темы из официального сборника НЦТ: на странице — 30, всего в сборнике — 167. Решите задание сами, затем откройте ответ. Остальные задания — с разбором решения — в приложении Омода AI.

  1. 1

    Забони кадом китоб дар адабиёти қадими мо ба забони китоби муқаддаси ҳиндуён “Ригведа (Веда) монанд буда, аз гузаштаи ягонаи қавмҳои ориёӣ гувоҳӣ медиҳад?

    1. A “Авесто”
    2. B “Дарахти Асуриг”
    3. C “Корномаи Ардашери Бобакон”
    4. D “Андарзи Озарбоди Меҳроспандон”
    Показать ответ

    Правильный ответ: A “Авесто”

  2. 2

    Аз рӯйи байти зерини Мутаваккилӣ муҳтавои адабиёти арабизабони тоҷикро муайян намоед: Ман зодаи родмардонам аз дудмони Ҷам, Вориси тахту тоҷи шаҳриёрони Аҷам ҳастам.

    1. A барқарор кардани истиқлоли маънавию сиёсӣ
    2. B ҳифзу эҳёи дороиҳои фарҳангу адаби тоисломӣ
    3. C мадҳи аҷдоди эронӣ ва ифтихор аз гузаштаи ватан
    4. D таъмини растгории маънавии қавмҳои эронинажод
    Показать ответ

    Правильный ответ: C мадҳи аҷдоди эронӣ ва ифтихор аз гузаштаи ватан

  3. 3

    Аз рӯйи байтҳои зерин муайян намоед, ки Зардушт ба Гуштосп (аз “Шоҳнома”-и Абумансури Дақиқӣ) чӣ гуфтааст? Ба шоҳи ҷаҳон гуфт Зардушти пир, Ки: “Дар дини мо ин набошад ҳажир, Ки ту бож бидҳӣ ба солори Чин, На андархӯр ояд ба оину дин ...”

    1. A Ба солори Чин бож додани ту ба дину оини мо манфиатовар нест.
    2. B Мувофиқи оини мо бож додан умуман дуруст нест.
    3. C Аз рӯйи оину дини мо ба солори Чин бож додани ту нек нест.
    4. D Дар дину оини мо бож надодан ба солори Чин дуруст нест.
    Показать ответ

    Правильный ответ: C Аз рӯйи оину дини мо ба солори Чин бож додани ту нек нест.

  4. 4

    Доир ба байтҳои зерини Абумансури Дақиқӣ кадом хулоса дуруст аст? Дақиқӣ чор хислат баргузидаст Ба гетӣ аз ҳама хубию зиштӣ: Лаби ёқутрангу нолаи чанг, Майи хушрангу дини зардуҳиштӣ.

    1. A Дақиқӣ аз маю мусиқию маҷлиси ёр ва дини зардуштӣ дурӣ меҷустааст.
    2. B Дақиқӣ пайрави дини зардуштӣ ва дӯстдори маю мусиқию маҷлиси ёр буд.
    3. C Дақиқӣ маю мусиқиро хуб ва дини зардуштиро зишт шуморидааст.
    4. D Дақиқӣ пайрави дини зардуштӣ буд, вале маю мусиқиро зишт медонист.
    Показать ответ

    Правильный ответ: B Дақиқӣ пайрави дини зардуштӣ ва дӯстдори маю мусиқию маҷлиси ёр буд.

  5. 5

    Кадом байти Абушакури Балхӣ бо сухани Абулқосими Фирдавсӣ “Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад” ҳаммаъност?

    1. A Хирад чун надонӣ, биёмӯзадат, Чу пажмурда гардӣ, барафрӯзадат.
    2. B Касе, к-ӯ ба дониш барад рӯзгор, На ӯ ёфа монад, на омӯзгор.
    3. C На донотар он кас, ки волотар аст, Ки волотар он кас, ки донотар аст.
    4. D Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан, Ба дониш тавон риштану тофтан.
    Показать ответ

    Правильный ответ: C На донотар он кас, ки волотар аст, Ки волотар он кас, ки донотар аст.

  6. 6

    Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар қасидаи “Модари май” киро “моҳи озодагону мафхари Эрон”, “малики адлу офтоби замона”-гӯён мадҳ намудааст?

    1. A амир Исмоили Сомониро
    2. B амир Насри II Сомониро
    3. C волии Хуросон Абуҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммадро
    4. D вазири давлати Сомониён Абулфазли Балъамиро
    Показать ответ

    Правильный ответ: C волии Хуросон Абуҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммадро

  7. 7

    Дар кадом асари Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ амир Насри II Сомонӣ ба моҳ ва сарв ташбеҳ дода шудааст?

    1. A маснавии “Синдбоднома”
    2. B қасидаи “Модари май”
    3. C қасидаи “Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён”
    4. D қасидаи “Шикоят аз пирӣ”
    Показать ответ

    Правильный ответ: C қасидаи “Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён”

  8. 8

    Кадом байти Абуиброҳими Мунтасир сухани Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ “Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам”-ро ба хотир меорад?

    1. A Гаҳе ба иззу ба давлат ҳаменишастам шод, Гаҳе зи ҳирс ҳамерафтам зи ҷой ба ҷой.
    2. B Басе тафохур кардам, ки ман касе ҳастам, Кунун баробар бинам ҳаме амиру гадой.
    3. C Чу марг тохтан овард, ҳеч суд накард, Бақо бақои Худоясту мулк мулки Худой.
    4. D Ҳазор қалъа кушодам ба як ишорати даст, Басе масоф шикастам ба як фишурдани пой.
    Показать ответ

    Правильный ответ: B Басе тафохур кардам, ки ман касе ҳастам, Кунун баробар бинам ҳаме амиру гадой.

  9. 9

    Кадом шарҳ ба байти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мувофиқ аст? Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинвишт, Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.

    1. A Рӯдакӣ ба Абулфазли Балъамии вазир ишора карда, шуҳратёр будани ӯро дар тамоми Хуросон таъкид мекунад.
    2. B Манзури Рӯдакӣ Дақиқӣ аст, ки бо асари “Гуштоспнома”-аш дар Ироқу Хуросон машҳур ва маъруф шуда буд.
    3. C Рӯдакӣ худро дар назар дорад ва аз шуҳрату овозаи даврони ҷавониаш бо ифтихор сухан мегӯяд.
    4. D Шоир аз шуҳрату овозаи Абуиброҳими Мунтасир сухан ронда, ба табъи шоирӣ доштани ӯ ишора мекунад.
    Показать ответ

    Правильный ответ: C Рӯдакӣ худро дар назар дорад ва аз шуҳрату овозаи даврони ҷавониаш бо ифтихор сухан мегӯяд.

  10. 10

    Сухани зерини Мантиқии Розӣ ба кадом байти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳаммаъност? Маро зи ҷуди салотину меҳтарони замон, Сарой зарриндевор буду симинбом.

    1. A Куҷо ба гетӣ будаст номвар деҳқон, Маро ба хонаи ӯ сим буду ҳумлон буд.
    2. B Шуд он замона, ки ӯ унси родмардон буд, Шуд он замона, ки ӯ пешкори мирон буд.
    3. C Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ, Маро бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.
    4. D Сапеду симзада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд.
    Показать ответ

    Правильный ответ: A Куҷо ба гетӣ будаст номвар деҳқон, Маро ба хонаи ӯ сим буду ҳумлон буд.

  11. 11

    Бо ин байт Абулқосими Фирдавсӣ ба кадом подшоҳ муроҷиат кардааст? Яке бандагӣ кардам, эй шаҳриёр, Ки монад зи ман дар ҷаҳон ёдгор.

    1. A Наср ибни Аҳмади Сомонӣ
    2. B Султон Маҳмуди Ғазнавӣ
    3. C Султон Масъуди Ғазнавӣ
    4. D Нуҳ ибни Мансури Сомонӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: B Султон Маҳмуди Ғазнавӣ

  12. 12

    Мувофиқи ривояти “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ номи писарони Фаридун, ки сарзаминашро байни онҳо тақсим намуд:

    1. A Ковус, Гев, Тӯс
    2. B Салм, Тур, Эраҷ
    3. C Бежан, Сиёвуш, Фуруд
    4. D Манучеҳр, Эраҷ, Сом
    Показать ответ

    Правильный ответ: B Салм, Тур, Эраҷ

  13. 13

    Аз рӯи муҳтаво “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ кадом бахшҳоро дар бар мегирад?

    1. A асотирӣ, миллӣ, таърихӣ
    2. B асотирӣ, паҳлавонӣ, таърихӣ
    3. C асотирӣ, қадим, нав
    4. D қадимтарин, қадим, нав
    Показать ответ

    Правильный ответ: A асотирӣ, миллӣ, таърихӣ

  14. 14

    Кадом бахши “Шоҳнома”-и Фирдавсиро “давраи асотирӣ” мегӯянд?

    1. A аз қиёми Кова то марги Рустам
    2. B аз шикасту марги Дорои Каёнӣ то охир
    3. C аз подшоҳии Каюмарс то подшоҳии Фаридун
    4. D аз подшоҳии Хусрави Парвиз то марги Яздгирд
    Показать ответ

    Правильный ответ: C аз подшоҳии Каюмарс то подшоҳии Фаридун

  15. 15

    Кадом бахши “Шоҳнома”-и Фирдавсиро “давраи паҳлавонӣ” мегӯянд?

    1. A аз қиёми Кова то марги Рустам
    2. B аз шикасту марги Дорои Каёнӣ то охир
    3. C аз подшоҳии Каюмарс то подшоҳии Фаридун
    4. D аз подшоҳии Хусрави Парвиз то марги Яздгирд
    Показать ответ

    Правильный ответ: A аз қиёми Кова то марги Рустам

  16. 16

    Кадом бахши “Шоҳнома”-и Фирдавсиро “давраи таърихӣ” мегӯянд?

    1. A аз қиёми Кова то марги Рустам
    2. B аз шикасту марги Дорои Каёнӣ то охир
    3. C аз подшоҳии Каюмарс то подшоҳии Фаридун
    4. D аз подшоҳии Хусрави Парвиз то марги Яздгирд
    Показать ответ

    Правильный ответ: B аз шикасту марги Дорои Каёнӣ то охир

  17. 17

    Афсонаи русии “Достони Еруслан Лазаревич” дар пайравии кадом достони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба вуҷуд омадааст?

    1. A “Достони Кова”
    2. B “Достони Рустам”
    3. C “Достони Фаридун”
    4. D “Достони Баҳроми Гӯр”
    Показать ответ

    Правильный ответ: B “Достони Рустам”

  18. 18

    Кадом асари адабиёти классикии мо “аниси кунҷи танҳоӣ”-и нависанда ва мутафаккири барҷастаи рус Н. Чернишевский дар зиндон будааст?

    1. A “Қонун”-и Абуалӣ ибни Сино
    2. B “Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковус
    3. C “Девон”-и Ҳофизи Шерозӣ
    4. D “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: D “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ

  19. 19

    Кадом адиби барҷастаи моро дар адабиётшиносии Ғарб ҳампоя ва баробар бо саромадони адабиёти ҷаҳон, аз ҷумла Ҳомер ва Данте, донистаанд?

    1. A Низомии Ганҷавӣ
    2. B Унсурулмаолии Кайковус
    3. C Абулқосими Фирдавсӣ
    4. D Ҳофизи Шерозӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: C Абулқосими Фирдавсӣ

  20. 20

    Данте дар асараш “Мазҳакаи илоҳӣ” аз кадом адиби классики мо ном бурдааст?

    1. A Абулқосими Фирдавсӣ
    2. B Абуалӣ ибни Сино
    3. C Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
    4. D Низомии Ганҷавӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: B Абуалӣ ибни Сино

  21. 21

    Дар мисраи дуюм ба кӣ ишора шудааст? Устод Шаҳид зинда боистӣ В-он шоири тирачашми равшанбин. Абумансури Дақиқӣ

    1. A Абуҳафси Суғдӣ
    2. B Абушакури Балхӣ
    3. C Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
    4. D Асадии Тӯсӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: C Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

  22. 22

    Дар ситоиши Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кадом шоир чунин гуфтааст? Киро Рӯдакӣ гуфта бошад мадеҳ, Имоми фунуну суханвар бувад.

    1. A Абуҳафси Суғдӣ
    2. B Абушакури Балхӣ
    3. C Абумансури Дақиқӣ
    4. D Асадии Тӯсӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: C Абумансури Дақиқӣ

  23. 23

    “Шоҳнома”-и Дақиқиро боз бо кадом ном мешиносанд?

    1. A “Гаршоспнома”
    2. B “Луҳроспнома”
    3. C “Гуштоспнома”
    4. D “Ҷомоспнома”
    Показать ответ

    Правильный ответ: C “Гуштоспнома”

  24. 24

    Падари Исфандиёр мувофиқи ривояти “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ.

    1. A Луҳросп
    2. B Гуштосп
    3. C Арҷосп
    4. D Ҷомосп
    Показать ответ

    Правильный ответ: B Гуштосп

  25. 25

    “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ бо баёни кадом ҳодиса ба охир мерасад?

    1. A марги Эраҷ
    2. B марги Суҳроб
    3. C марги Исфандиёр
    4. D марги Яздигирд
    Показать ответ

    Правильный ответ: D марги Яздигирд

  26. 26

    Байти зерини Абулқосими Фирдавсӣ кадом маъниро бозгӯйӣ мекунад? Зи абёти ғарро ду раҳ сӣ ҳазор, Мар он ҷумла дар шеваи корзор.

    1. A “Шоҳнома” беҳтарин достони қаҳрамонӣ буда, аз шаст ҳазор байти хуб иборат аст.
    2. B “Шоҳнома” дар ду нусха навишта шудааст ва ҳар нусха шомили сӣ ҳазор байт аст.
    3. C “Шоҳнома” ба назм навишта шудааст ва дар он набарди шоҳон тасвир гардидааст.
    4. D “Шоҳнома” дар бораи ҷангҳои подшоҳон аст ва сӣ ҳазор байтро дар бар мегирад.
    Показать ответ

    Правильный ответ: A “Шоҳнома” беҳтарин достони қаҳрамонӣ буда, аз шаст ҳазор байти хуб иборат аст.

  27. 27

    Кадоме аз ин асарҳо яке аз сарчашмаҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба шумор меравад, ки шоир онро аз тариқи матни “Худойнома” истифода бурдааст?

    1. A “Корномаи Ардашери Бобакон”
    2. B “Андарзи Озарбоди Меҳроспандон”
    3. C “Гоҳон”
    4. D “Ёдгори Зарирон”
    Показать ответ

    Правильный ответ: A “Корномаи Ардашери Бобакон”

  28. 28

    Достони “Бежан ва Манижа” (аз “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ) чӣ гуна асар аст?

    1. A танқидӣ
    2. B ёддоштӣ
    3. C таърихӣ
    4. D ишқӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: D ишқӣ

  29. 29

    Абулқосими Фирдавсӣ бо гуфтани байти зерин ба кадом масъала ишора намудааст? Бирафт ӯву ин нома ногуфта монд, Чунин бахти бедори ӯ хуфта монд.

    1. A марги шоир Муродӣ ва ногуфта мондани шеърҳои ӯ
    2. B аз ҷаҳон рафтани устод Рӯдакӣ ва мондани ҳикмати ӯ
    3. C вафоти Марзбони Рустам ва боқӣ мондани “Марзбоннома”
    4. D ҷавонмаргии Дақиқӣ ва нотамом мондани “Шоҳнома”-и ӯ
    Показать ответ

    Правильный ответ: D ҷавонмаргии Дақиқӣ ва нотамом мондани “Шоҳнома”-и ӯ

  30. 30

    Гуштосп бар ивази тоҷу тахт ба Исфандиёр чӣ шарт гузошта буд? Супорам туро ганҷу тахту кулоҳ, Нишонам-т бо оҷ дар пешгоҳ ... . Агар тахт хоҳӣ ҳаме бо кулоҳ, Раҳи Систон гиру баркаш сипоҳ. Абулқосими Фирдавсӣ

    1. A гирифтани кини бобояш Луҳросп аз Арҷосп
    2. B рафтан ба ҷанги Рустам ва ба банд овардани ӯ
    3. C раҳонидани хоҳарони Гуштосп аз банди Арҷосп
    4. D фиристодани Башутан ва Баҳман ба ҷанги Рустам
    Показать ответ

    Правильный ответ: B рафтан ба ҷанги Рустам ва ба банд овардани ӯ