Адабиёти тоҷик: Луғат

Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 20, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 20. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.

  1. 1

    Калимаи “ҷуд” дар ин байти Ҷалолиддини Балхӣ чӣ маънӣ дорад? Ҳар ғулому ҳар канизакро зи ҷуд, Гуфт: “Баҳри ту чӣ орам, гӯй зуд”.

    1. A сабр, таҳаммул, тоқат
    2. B бахшиш, эҳсон, саховат
    3. C ҷабр, ҷафо, ситам
    4. D зуд, фавран, даррав
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B бахшиш, эҳсон, саховат

  2. 2

    Калимаи “бадоеъ” дар номи асари Зайниддин Маҳмуди Восифӣ “Бадоеъ-ул-вақоеъ” чӣ маънӣ дорад?

    1. A нав, тоза
    2. B китобӣ, адабӣ
    3. C баъдӣ, навбатӣ
    4. D кӯтоҳ, мухтасар
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A нав, тоза

  3. 3

    Калимаи “андалеб” чӣ маънӣ дорад? Ишқ мебозад ба рӯи боданӯшон андалеб, Шоҳиди гул беҳ, ки фикри ошиқи дигар кунад. Нозими Ҳиротӣ

    1. A соқӣ, бодадиҳанда
    2. B булбул, ҳазордастон
    3. C зебоӣ, тароват
    4. D зиндагӣ, умр
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B булбул, ҳазордастон

  4. 4

    Дар байти Нақибхони Туғрал “миръот” чӣ маънӣ дорад? Гар зи миръоти рухат аксе фитад ногаҳ дар об, Сарв ҷойи барг орад бар лаби ҷӯбор гул.

    1. A ороиш
    2. B ойина
    3. C зебоӣ
    4. D сурхӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B ойина

  5. 5

    Дар байти Нақибхони Туғрал “халлоқулмаонӣ” чӣ маънӣ дорад? Маро хонанд халлоқулмаонӣ, Набудам қабл аз ин, аммо кунунам.

    1. A офаридаи огоҳу доно
    2. B ошиқи шеъри бомаънӣ
    3. C беҳтарин халқкардаи Худо
    4. D офарандаи маъниҳои нав
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D офарандаи маъниҳои нав

  6. 6

    Калимаи “ақсо” дар ин байти Саъдӣ ба кадом маънӣ омадааст? Дар ақсои олам бигаштам басе, Ба сар бурдам айём бо ҳар касе.

    1. A қисмҳои гуногун
    2. B заминҳои сарсабз
    3. C ҷойҳои дурдаст
    4. D баландию пастӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C ҷойҳои дурдаст

  7. 7

    Дар байт калимаи “разолат” чӣ маънӣ дорад? Ӯ разолат карда бошад, мо қаноат мекунем, Бигзарад ин соли қаҳту монад он рӯйи сиёҳ. Абдурраҳмони Мушфиқӣ

    1. A пастӣ, нокасӣ
    2. B саховат, некӣ
    3. C дурӣ, ҷудоӣ
    4. D дӯстӣ, бародарӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A пастӣ, нокасӣ

  8. 8

    Дар байт калимаи “ҳаҷр” чӣ маънӣ дорад? Дар ду бозуи мо зи лаъли хушоб Басту аз ҳаҷр кард дида пуроб. Абдурраҳмони Мушфиқӣ

    1. A пастӣ, нокасӣ
    2. B саховат, некӣ
    3. C дурӣ, ҷудоӣ
    4. D дӯстӣ, бародарӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C дурӣ, ҷудоӣ

  9. 9

    Дар байт калимаи “қайд” чӣ маънӣ дорад? Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял, Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал. Абуалӣ ибни Сино

    1. A ҳалқа, занҷир, доира
    2. B табл, нақора, дуҳул
    3. C девор, сад(д), монеа
    4. D ҷой, макон, манзил
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C девор, сад(д), монеа

  10. 10

    Дар байт калимаи “бодия” чӣ маънӣ дорад? Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт, Як мӯй надонист, вале мӯй шикофт. Абуалӣ ибни Сино

    1. A роҳ, гузаргоҳ, тариқ
    2. B девор, сад(д), монеа
    3. C саҳро, биёбон, дашт
    4. D ҷой, макон, манзил
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C саҳро, биёбон, дашт

  11. 11

    Дар байт калимаи “мазаррат” чӣ маънӣ дорад? Дар бисёраш мазаррати андак ҳаст, Дар андаки ӯ манфиати бисёр аст. Абуалӣ ибни Сино

    1. A зиён, осеб, зарар
    2. B ором, оҳиста, суст
    3. C суд, фоида, нафъ
    4. D ҷило, равшанӣ, нур
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A зиён, осеб, зарар

  12. 12

    Дар байт калимаи “дарюза” чӣ маънӣ дорад? Хоқонӣ, аз ин даргаҳ дарюзаи ибрат кун, То аз дари ту з-ин пас дарюза кунад хоқон. Хоқонии Шервонӣ

    1. A нодорӣ
    2. B озодӣ
    3. C бекорӣ
    4. D гадоӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D гадоӣ

  13. 13

    Дар байт калимаи “тӯша” чӣ маънӣ дорад? Имрӯз гар аз султон ринде талабад тӯша, Фардо зи дари ринде тӯша талабад султон. Хоқонии Шервонӣ

    1. A сарват
    2. B либос
    3. C обрӯ
    4. D ғизо
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D ғизо

  14. 14

    Дар байт калимаи “суффа” чӣ маънӣ дорад? Ин аст ҳамон суффа, к-аз ҳайбати ӯ бурдӣ, Бар шери фалак ҳамла шеритани Шодурвон. Хоқонии Шервонӣ

    1. A ҷои нишасти аз замин баландтар
    2. B макони зиндагии шоҳону амирон
    3. C ҷои махсуси бозӣ барои кӯдакон
    4. D майдони махсус барои аспдавонӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A ҷои нишасти аз замин баландтар

  15. 15

    Калимаи “сайф” чӣ маънӣ дорад? Сайф аз сарам бирафту дили ман дуним монд, Дарёи ман равон шуду дурри ятим монд. Амир Хусрави Деҳлавӣ

    1. A шароб
    2. B шамшер
    3. C чашма
    4. D офтоб
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B шамшер

  16. 16

    Дар байт калимаи “фасеҳ” чӣ маънӣ дорад? Аз гуфтани мадҳ дил бимирад, Шеър арчи тару фасеҳ бошад. Амир Хусрави Деҳлавӣ

    1. A тозаву нав
    2. B бузургу боло
    3. C равону хуш
    4. D сабзу хуррам
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C равону хуш

  17. 17

    Дар байт калимаи “новак” чӣ маънӣ дорад? Ҳар кас, ки ба зулм кардан омӯхта шуд, Аз новаки мазлум дилаш дӯхта шуд. Амир Хусрави Деҳлавӣ

    1. A тир
    2. B камон
    3. C нафъ
    4. D нур
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A тир

  18. 18

    Дар байт калимаи “кавкаб” чӣ маънӣ дорад? Сияҳбахтӣ чароғи аҳли дилро мекунад равшан, Зи мушки судаи шаб тоза гардад доғи кавкабҳо. Шавкати Бухороӣ

    1. A шаб
    2. B замин
    3. C осмон
    4. D ситора
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D ситора

  19. 19

    Дар байт калимаи “хасм” чӣ маънӣ дорад? Аз баланду пасти олам гашт суҳон комёб, Хасм меболад ба худ аз вазъи ноҳамвори хеш. Саййидои Насафӣ

    1. A дузд
    2. B душман
    3. C дӯст
    4. D ёр
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B душман

  20. 20

    Дар байт калимаи “армуғон” чӣ маънӣ дорад? Ҳар ғуломеро биёвард армуғон, Ҳар канизакро бибахшид ӯ нишон. Ҷалолиддини Балхӣ

    1. A ҳила
    2. B ҳадя
    3. C тир
    4. D камон
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B ҳадя