Таджикская литература: Художественные приёмы
Задания темы из официального сборника НЦТ: на странице — 30, всего в сборнике — 35. Решите задание сами, затем откройте ответ. Остальные задания — с разбором решения — в приложении Омода AI.
- 1
Маънои луғавияш “сухани пӯшида, рамз ва ишора” аст.
Показать ответ
Правильный ответ: B киноя
- 2
Сухан дар бораи кадом санъати маънавӣ меравад? “Шоир ё нависанда дар осори худ калимаҳоеро ба кор мебарад, ки аз ҷиҳати шаклу талаффуз монанд ва яксонанд, аммо аз ҷиҳати маъно гуногун.”
Показать ответ
Правильный ответ: D таҷнис
- 3
Кадом сухан ба санъати бадеии “саҷъ” дахл дорад?
Показать ответ
Правильный ответ: C калимаҳои ҳамвазну ҳамқофия дар наср
- 4
Кадом сухан ба санъати бадеии “истиора” дахл дорад?
Показать ответ
Правильный ответ: B Маънои аслиаш ба орият ва амонат гирифтан аст.
- 5
Кадом сухан ба санъати бадеии “талмеҳ” дахл дорад?
Показать ответ
Правильный ответ: C ишора ва нигоҳи сабук ба сӯи чизе
- 6
Кадом ҷумла ба санъати бадеии “тарсеъ” рабт дорад?
Показать ответ
Правильный ответ: D Дар байт калимаҳои ҳамвазн муқобили якдигар меоянд.
- 7
Дар кадом санъати бадеӣ калимаҳои муқобилмаъно истифода мешаванд?
Показать ответ
Правильный ответ: C тазод
- 8
Дар кадом санъати бадеӣ калимаҳои ҳамшакл, аммо гуногунмаъно истифода мешаванд?
Показать ответ
Правильный ответ: C таҷнис
- 9
Хусусияти асосии санъати “маҷоз”.
Показать ответ
Правильный ответ: A истифода шудани калима ё таркибе ба маънои ғайриаслӣ
- 10
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Абр ҳаме гиряд чун ошиқон, Боғ ҳаме хандад маъшуқвор. Раъд ҳаме нолад монанди ман Чунки бинолам ба саҳаргоҳ зор. Шаҳиди Балхӣ
Показать ответ
Правильный ответ: D ташбеҳ
- 11
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Ба ҳаво дарнигар, ки лашкари барф Чун кунанд андар он ҳаме парвоз, Рост ҳамчун кабӯтарони сафед, Роҳгумкардагон зи ҳайбати боз. Абулҳасани Оғоҷии Бухороӣ
Показать ответ
Правильный ответ: D ташбеҳ
- 12
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Нилуфари кабуд нигаҳ кун миёни об Чун теғи обдодаву ёқути обдор, Ҳамранги осмону ба кирдори осмон, Зардиш дар миёна чу моҳи даҳу чаҳор. Кисоии Марвазӣ
Показать ответ
Правильный ответ: D ташбеҳ
- 13
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Бар пилгӯш қатраи борон нигоҳ кун Чун ашки чашми ошиқи гирёни ғамзада. Кисоии Марвазӣ
Показать ответ
Правильный ответ: B ташбеҳ
- 14
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Аё бе ишқи ту чун май равонам фитнаангезе, Аё бе зикри ту чун най забонам бодпаймое. Сайфи Фарғонӣ
Показать ответ
Правильный ответ: B ташбеҳ
- 15
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Моҳ гоҳе чу рӯйи ёри ман аст, Гаҳ чу ман кӯжпушту зарду низор. Қамарии Ҷурҷонӣ
Показать ответ
Правильный ответ: B ташбеҳ
- 16
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Биёр он май, ки пиндорӣ равон ёқути ноб астӣ, Ва ё чун баркашида теғ пеши офтоб астӣ. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Показать ответ
Правильный ответ: D ташбеҳ
- 17
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Ватан меҳрат ба дил азбаски ҷо шуд, Дилам аз хуррамӣ чун ғунча во шуд. Мирзо Турсунзода
Показать ответ
Правильный ответ: D ташбеҳ
- 18
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Чаро чун гул занӣ дар пӯст ханда? Сухан бояд чу шаккар пӯстканда. Низомии Ганҷавӣ
Показать ответ
Правильный ответ: B ташбеҳ
- 19
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Пайкарам мегашт ҳамчун набзи беморон зи ҷо, То саҳар аз мавҷи симоб изтиробе доштам. Саййидои Насафӣ
Показать ответ
Правильный ответ: B ташбеҳ
- 20
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Гаҳе чу шамъ кунам гиряҳои синагудоз, Гаҳе чу субҳ занам хандаҳои хунолуд. Бадри Чочӣ
Показать ответ
Правильный ответ: B ташбеҳ
- 21
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Гули ман, иди Наврӯзат муборак, Чунин ҷашни дилафрӯзат муборак! Лоиқ Шералӣ
Показать ответ
Правильный ответ: B истиора
- 22
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Меравию гиря меояд маро, Соате биншин, ки борон бигзарад. Амир Хусрави Деҳлавӣ
Показать ответ
Правильный ответ: C истиора
- 23
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Эй ки бар кори шикасти дили мо мекӯшӣ, Бохабар бош, ки ин шиша садое дорад. Ҳофизи Шерозӣ
Показать ответ
Правильный ответ: D истиора
- 24
Дар байти зерин асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Ҳар саҳар аз хандаи Хуршеди Ховар Ман таваллуд мешавам як бори дигар. Бозор Собир
Показать ответ
Правильный ответ: C ташхис
- 25
Дар ин порчаи шеърии Анварии Абевардӣ асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Кай бувад ин сипеҳри ҳодисазой Ҷумла аз якдигар фурӯ резад?! Ё чу парвезан аст ӯ, ки мудом Бар ҷаҳон оташи бало безад.
Показать ответ
Правильный ответ: D ташбеҳ
- 26
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Хуршеди амал рӯят, дарёи асал хӯят, Ҳар зарра зи хуршедат соҳибамале гашта. Ҷалолиддини Балхӣ
Показать ответ
Правильный ответ: A ташбеҳ
- 27
Дар ин байтҳои Ҳофизи Шерозӣ асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Гар боварат намешавад аз банда ин сухан, Аз гуфтаи Камол далеле биёварам: “Гар барканам дил аз туву бардорам аз ту меҳр, Он меҳр бар кӣ афканам, он дил куҷо барам?”
Показать ответ
Правильный ответ: C тазмин
- 28
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Субҳдам мурғи чаман бо гули навхоста гуфт: Ноз кам кун, ки дар ин боғ басе чун ту шукуфт. Гул бихандид, ки аз рост наранҷем, вале Ҳеч ошиқ сухани сахт ба маъшуқ нагуфт. Ҳофизи Шерозӣ
Показать ответ
Правильный ответ: C ташхис
- 29
Дар байти Камоли Хуҷандӣ асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Гуфт: Агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод, Ташнагонро муждае аз мо бибар! Гуфтам: Ба чашм.
Показать ответ
Правильный ответ: D саволу ҷавоб
- 30
Дар байти Камоли Хуҷандӣ асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Гуфт: Агар ёбӣ нишони пойи мо бар хоки роҳ, Барфишон он ҷо ба доманҳо гуҳар! Гуфтам: Ба чашм.
Показать ответ
Правильный ответ: A саволу ҷавоб