Адабиёти тоҷик: Адабиёти классикӣ
Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 30, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 167. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.
- 1
Забони кадом китоб дар адабиёти қадими мо ба забони китоби муқаддаси ҳиндуён “Ригведа (Веда) монанд буда, аз гузаштаи ягонаи қавмҳои ориёӣ гувоҳӣ медиҳад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A “Авесто”
- 2
Аз рӯйи байти зерини Мутаваккилӣ муҳтавои адабиёти арабизабони тоҷикро муайян намоед: Ман зодаи родмардонам аз дудмони Ҷам, Вориси тахту тоҷи шаҳриёрони Аҷам ҳастам.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C мадҳи аҷдоди эронӣ ва ифтихор аз гузаштаи ватан
- 3
Аз рӯйи байтҳои зерин муайян намоед, ки Зардушт ба Гуштосп (аз “Шоҳнома”-и Абумансури Дақиқӣ) чӣ гуфтааст? Ба шоҳи ҷаҳон гуфт Зардушти пир, Ки: “Дар дини мо ин набошад ҳажир, Ки ту бож бидҳӣ ба солори Чин, На андархӯр ояд ба оину дин ...”
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Аз рӯйи оину дини мо ба солори Чин бож додани ту нек нест.
- 4
Доир ба байтҳои зерини Абумансури Дақиқӣ кадом хулоса дуруст аст? Дақиқӣ чор хислат баргузидаст Ба гетӣ аз ҳама хубию зиштӣ: Лаби ёқутрангу нолаи чанг, Майи хушрангу дини зардуҳиштӣ.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Дақиқӣ пайрави дини зардуштӣ ва дӯстдори маю мусиқию маҷлиси ёр буд.
- 5
Кадом байти Абушакури Балхӣ бо сухани Абулқосими Фирдавсӣ “Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад” ҳаммаъност?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C На донотар он кас, ки волотар аст, Ки волотар он кас, ки донотар аст.
- 6
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар қасидаи “Модари май” киро “моҳи озодагону мафхари Эрон”, “малики адлу офтоби замона”-гӯён мадҳ намудааст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C волии Хуросон Абуҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммадро
- 7
Дар кадом асари Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ амир Насри II Сомонӣ ба моҳ ва сарв ташбеҳ дода шудааст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C қасидаи “Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён”
- 8
Кадом байти Абуиброҳими Мунтасир сухани Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ “Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам”-ро ба хотир меорад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Басе тафохур кардам, ки ман касе ҳастам, Кунун баробар бинам ҳаме амиру гадой.
- 9
Кадом шарҳ ба байти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мувофиқ аст? Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинвишт, Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Рӯдакӣ худро дар назар дорад ва аз шуҳрату овозаи даврони ҷавониаш бо ифтихор сухан мегӯяд.
- 10
Сухани зерини Мантиқии Розӣ ба кадом байти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳаммаъност? Маро зи ҷуди салотину меҳтарони замон, Сарой зарриндевор буду симинбом.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A Куҷо ба гетӣ будаст номвар деҳқон, Маро ба хонаи ӯ сим буду ҳумлон буд.
- 11
Бо ин байт Абулқосими Фирдавсӣ ба кадом подшоҳ муроҷиат кардааст? Яке бандагӣ кардам, эй шаҳриёр, Ки монад зи ман дар ҷаҳон ёдгор.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Султон Маҳмуди Ғазнавӣ
- 12
Мувофиқи ривояти “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ номи писарони Фаридун, ки сарзаминашро байни онҳо тақсим намуд:
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Салм, Тур, Эраҷ
- 13
Аз рӯи муҳтаво “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ кадом бахшҳоро дар бар мегирад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A асотирӣ, миллӣ, таърихӣ
- 14
Кадом бахши “Шоҳнома”-и Фирдавсиро “давраи асотирӣ” мегӯянд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C аз подшоҳии Каюмарс то подшоҳии Фаридун
- 15
Кадом бахши “Шоҳнома”-и Фирдавсиро “давраи паҳлавонӣ” мегӯянд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A аз қиёми Кова то марги Рустам
- 16
Кадом бахши “Шоҳнома”-и Фирдавсиро “давраи таърихӣ” мегӯянд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B аз шикасту марги Дорои Каёнӣ то охир
- 17
Афсонаи русии “Достони Еруслан Лазаревич” дар пайравии кадом достони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба вуҷуд омадааст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B “Достони Рустам”
- 18
Кадом асари адабиёти классикии мо “аниси кунҷи танҳоӣ”-и нависанда ва мутафаккири барҷастаи рус Н. Чернишевский дар зиндон будааст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ
- 19
Кадом адиби барҷастаи моро дар адабиётшиносии Ғарб ҳампоя ва баробар бо саромадони адабиёти ҷаҳон, аз ҷумла Ҳомер ва Данте, донистаанд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Абулқосими Фирдавсӣ
- 20
Данте дар асараш “Мазҳакаи илоҳӣ” аз кадом адиби классики мо ном бурдааст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Абуалӣ ибни Сино
- 21
Дар мисраи дуюм ба кӣ ишора шудааст? Устод Шаҳид зинда боистӣ В-он шоири тирачашми равшанбин. Абумансури Дақиқӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
- 22
Дар ситоиши Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кадом шоир чунин гуфтааст? Киро Рӯдакӣ гуфта бошад мадеҳ, Имоми фунуну суханвар бувад.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Абумансури Дақиқӣ
- 23
“Шоҳнома”-и Дақиқиро боз бо кадом ном мешиносанд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C “Гуштоспнома”
- 24
Падари Исфандиёр мувофиқи ривояти “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Гуштосп
- 25
“Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ бо баёни кадом ҳодиса ба охир мерасад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D марги Яздигирд
- 26
Байти зерини Абулқосими Фирдавсӣ кадом маъниро бозгӯйӣ мекунад? Зи абёти ғарро ду раҳ сӣ ҳазор, Мар он ҷумла дар шеваи корзор.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A “Шоҳнома” беҳтарин достони қаҳрамонӣ буда, аз шаст ҳазор байти хуб иборат аст.
- 27
Кадоме аз ин асарҳо яке аз сарчашмаҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба шумор меравад, ки шоир онро аз тариқи матни “Худойнома” истифода бурдааст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A “Корномаи Ардашери Бобакон”
- 28
Достони “Бежан ва Манижа” (аз “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ) чӣ гуна асар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D ишқӣ
- 29
Абулқосими Фирдавсӣ бо гуфтани байти зерин ба кадом масъала ишора намудааст? Бирафт ӯву ин нома ногуфта монд, Чунин бахти бедори ӯ хуфта монд.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D ҷавонмаргии Дақиқӣ ва нотамом мондани “Шоҳнома”-и ӯ
- 30
Гуштосп бар ивази тоҷу тахт ба Исфандиёр чӣ шарт гузошта буд? Супорам туро ганҷу тахту кулоҳ, Нишонам-т бо оҷ дар пешгоҳ ... . Агар тахт хоҳӣ ҳаме бо кулоҳ, Раҳи Систон гиру баркаш сипоҳ. Абулқосими Фирдавсӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B рафтан ба ҷанги Рустам ва ба банд овардани ӯ