Адабиёти тоҷик: Санъатҳои бадеӣ
Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 30, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 35. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.
- 1
Маънои луғавияш “сухани пӯшида, рамз ва ишора” аст.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B киноя
- 2
Сухан дар бораи кадом санъати маънавӣ меравад? “Шоир ё нависанда дар осори худ калимаҳоеро ба кор мебарад, ки аз ҷиҳати шаклу талаффуз монанд ва яксонанд, аммо аз ҷиҳати маъно гуногун.”
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D таҷнис
- 3
Кадом сухан ба санъати бадеии “саҷъ” дахл дорад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C калимаҳои ҳамвазну ҳамқофия дар наср
- 4
Кадом сухан ба санъати бадеии “истиора” дахл дорад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Маънои аслиаш ба орият ва амонат гирифтан аст.
- 5
Кадом сухан ба санъати бадеии “талмеҳ” дахл дорад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C ишора ва нигоҳи сабук ба сӯи чизе
- 6
Кадом ҷумла ба санъати бадеии “тарсеъ” рабт дорад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Дар байт калимаҳои ҳамвазн муқобили якдигар меоянд.
- 7
Дар кадом санъати бадеӣ калимаҳои муқобилмаъно истифода мешаванд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C тазод
- 8
Дар кадом санъати бадеӣ калимаҳои ҳамшакл, аммо гуногунмаъно истифода мешаванд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C таҷнис
- 9
Хусусияти асосии санъати “маҷоз”.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A истифода шудани калима ё таркибе ба маънои ғайриаслӣ
- 10
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Абр ҳаме гиряд чун ошиқон, Боғ ҳаме хандад маъшуқвор. Раъд ҳаме нолад монанди ман Чунки бинолам ба саҳаргоҳ зор. Шаҳиди Балхӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D ташбеҳ
- 11
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Ба ҳаво дарнигар, ки лашкари барф Чун кунанд андар он ҳаме парвоз, Рост ҳамчун кабӯтарони сафед, Роҳгумкардагон зи ҳайбати боз. Абулҳасани Оғоҷии Бухороӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D ташбеҳ
- 12
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Нилуфари кабуд нигаҳ кун миёни об Чун теғи обдодаву ёқути обдор, Ҳамранги осмону ба кирдори осмон, Зардиш дар миёна чу моҳи даҳу чаҳор. Кисоии Марвазӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D ташбеҳ
- 13
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Бар пилгӯш қатраи борон нигоҳ кун Чун ашки чашми ошиқи гирёни ғамзада. Кисоии Марвазӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B ташбеҳ
- 14
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Аё бе ишқи ту чун май равонам фитнаангезе, Аё бе зикри ту чун най забонам бодпаймое. Сайфи Фарғонӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B ташбеҳ
- 15
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Моҳ гоҳе чу рӯйи ёри ман аст, Гаҳ чу ман кӯжпушту зарду низор. Қамарии Ҷурҷонӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B ташбеҳ
- 16
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Биёр он май, ки пиндорӣ равон ёқути ноб астӣ, Ва ё чун баркашида теғ пеши офтоб астӣ. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D ташбеҳ
- 17
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Ватан меҳрат ба дил азбаски ҷо шуд, Дилам аз хуррамӣ чун ғунча во шуд. Мирзо Турсунзода
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D ташбеҳ
- 18
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Чаро чун гул занӣ дар пӯст ханда? Сухан бояд чу шаккар пӯстканда. Низомии Ганҷавӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B ташбеҳ
- 19
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Пайкарам мегашт ҳамчун набзи беморон зи ҷо, То саҳар аз мавҷи симоб изтиробе доштам. Саййидои Насафӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B ташбеҳ
- 20
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Гаҳе чу шамъ кунам гиряҳои синагудоз, Гаҳе чу субҳ занам хандаҳои хунолуд. Бадри Чочӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B ташбеҳ
- 21
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Гули ман, иди Наврӯзат муборак, Чунин ҷашни дилафрӯзат муборак! Лоиқ Шералӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B истиора
- 22
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Меравию гиря меояд маро, Соате биншин, ки борон бигзарад. Амир Хусрави Деҳлавӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C истиора
- 23
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Эй ки бар кори шикасти дили мо мекӯшӣ, Бохабар бош, ки ин шиша садое дорад. Ҳофизи Шерозӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D истиора
- 24
Дар байти зерин асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Ҳар саҳар аз хандаи Хуршеди Ховар Ман таваллуд мешавам як бори дигар. Бозор Собир
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C ташхис
- 25
Дар ин порчаи шеърии Анварии Абевардӣ асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Кай бувад ин сипеҳри ҳодисазой Ҷумла аз якдигар фурӯ резад?! Ё чу парвезан аст ӯ, ки мудом Бар ҷаҳон оташи бало безад.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D ташбеҳ
- 26
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Хуршеди амал рӯят, дарёи асал хӯят, Ҳар зарра зи хуршедат соҳибамале гашта. Ҷалолиддини Балхӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A ташбеҳ
- 27
Дар ин байтҳои Ҳофизи Шерозӣ асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Гар боварат намешавад аз банда ин сухан, Аз гуфтаи Камол далеле биёварам: “Гар барканам дил аз туву бардорам аз ту меҳр, Он меҳр бар кӣ афканам, он дил куҷо барам?”
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C тазмин
- 28
Дар байт асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Субҳдам мурғи чаман бо гули навхоста гуфт: Ноз кам кун, ки дар ин боғ басе чун ту шукуфт. Гул бихандид, ки аз рост наранҷем, вале Ҳеч ошиқ сухани сахт ба маъшуқ нагуфт. Ҳофизи Шерозӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C ташхис
- 29
Дар байти Камоли Хуҷандӣ асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Гуфт: Агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод, Ташнагонро муждае аз мо бибар! Гуфтам: Ба чашм.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D саволу ҷавоб
- 30
Дар байти Камоли Хуҷандӣ асосан кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Гуфт: Агар ёбӣ нишони пойи мо бар хоки роҳ, Барфишон он ҷо ба доманҳо гуҳар! Гуфтам: Ба чашм.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A саволу ҷавоб