Таджикская литература: Фольклор. Литературные понятия

Задания темы из официального сборника НЦТ: на странице — 30, всего в сборнике — 69. Решите задание сами, затем откройте ответ. Остальные задания — с разбором решения — в приложении Омода AI.

  1. 1

    Суруди халқии “Таронаи бофандагон” дар кадом мавзуъ суруда шудааст?

    1. A кору зиндагӣ ва орзуҳои ширини бофандагон
    2. B самимият дар кор ва орзуву омоли бофандагон
    3. C азоби рӯзгор, вазнинии кор ва беқадрии касби бофандагӣ
    4. D дур аз ёру диёр, дар бенавоию нодорӣ зиндагӣ кардани бофандагон
    Показать ответ

    Правильный ответ: C азоби рӯзгор, вазнинии кор ва беқадрии касби бофандагӣ

  2. 2

    Кадом навъи асарҳои халқӣ бо калимаю ибораҳои “Овардаанд ...”, “Нақл мекунанд, ки ...”, “Муаллифи ахбору гузорандаи асрор чунин мегӯяд ...” оғоз мешавад?

    1. A афсона
    2. B суруду тарона
    3. C насри ривоятӣ
    4. D латифа
    Показать ответ

    Правильный ответ: C насри ривоятӣ

  3. 3

    Эҷодиёти шифоҳии халқ ба кадом намуди адабиёт дохил мешавад?

    1. A адабиёти бадеӣ
    2. B адабиёти илмию оммавӣ
    3. C адабиёти динӣ
    4. D адабиёти илмӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: A адабиёти бадеӣ

  4. 4

    Дар кадом жанри адабиёти шифоҳӣ мақсад ва моҳияти сухан на дар зоҳир, балки дар ботини он нуҳуфта аст?

    1. A мақол
    2. B зарбулмасал
    3. C рубоӣ
    4. D тарона
    Показать ответ

    Правильный ответ: B зарбулмасал

  5. 5

    Кадом навъи адабиёт таърихи қадимтар дорад?

    1. A адабиёти илмӣ
    2. B адабиёти илмию оммавӣ
    3. C адабиёти шифоҳӣ
    4. D адабиёти хаттӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: C адабиёти шифоҳӣ

  6. 6

    Доир ба Шӯриши Восеъ аввалин бор дар кадом навъи адабиёт сухан гуфта шудааст?

    1. A адабиёти хаттӣ
    2. B адабиёти илмӣ
    3. C адабиёти шифоҳӣ
    4. D адабиёти таърихӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: C адабиёти шифоҳӣ

  7. 7

    Аз рӯйи матн муайян намоед, ки он аз кадом асари ривоятист: “Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор Абутоҳири Тарсусӣ аз ин достони аҷоибнигор чунин ривоят мекунад, ки чун он ғулом бирафт ва субҳи содиқ бидамид, Бӯрондухт он лашкари Мозандаронро ба он сарчашма фурӯ оварда буд, ...”

    1. A “Доробнома”
    2. B “Абумуслимнома”
    3. C “Ҳазору як шаб”
    4. D “Синдбоднома”
    Показать ответ

    Правильный ответ: A “Доробнома”

  8. 8

    Аз рӯйи матн муайян намоед, ки он аз кадом асари ривоятист: “Чун Бӯрондухт аз эшон ин сухан бишнид, шод шуду ҳамаро бинавохт ва бар эшон офарин карду аз эшон байъат биситад ва нома ба Истахру Форсу Кирмон... навишт ва аз эшон мадад хост.”

    1. A “Доробнома”
    2. B “Тӯтинома”
    3. C “Синдбоднома”
    4. D “Калила ва Димна”
    Показать ответ

    Правильный ответ: A “Доробнома”

  9. 9

    Матн аз кадом асари насри ривоятист? “Бӯрондухт он лашкарро бишинохт, зуд чанд ғуломро дар ақиби эшон бифиристод. Он ғуломон маркабон бидавониданд, то бирасиданд ...”

    1. A “Ҳазору як шаб”
    2. B “Синбоднома”
    3. C “Доробнома”
    4. D “Калила ва Димна”
    Показать ответ

    Правильный ответ: C “Доробнома”

  10. 10

    Аз рӯйи матн муайян намоед, ки он аз кадом асари ривоятист: “Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор Абутоҳири Тарсусӣ аз ин қисса ривоят чунин мекунад, ки чун аз ин сухан ду моҳ баромад, Бӯрондухт амирону бузургонро ҷамъ кард...”

    1. A “Доробнома”
    2. B “Тӯтинома”
    3. C “Синдбоднома”
    4. D “Калила ва Димна”
    Показать ответ

    Правильный ответ: A “Доробнома”

  11. 11

    Аз рӯйи матн муайян намоед, ки он аз кадом асари ривоятист: “Эй мулуки ҷаҳон, бидонед, чанд гоҳ пеш аз ин шабе бадхобӣ маро бигрифт ва шаб чандон ба ман дароз шуд, ки гумони субҳ надоштам, чун субҳ шуд, бархоста шамшер бар каф гирифтам ва миён бастам ва савор шудам...”

    1. A “Доробнома”
    2. B “Ҳазору як шаб”
    3. C “Синдбоднома”
    4. D “Калила ва Димна”
    Показать ответ

    Правильный ответ: B “Ҳазору як шаб”

  12. 12

    Мавзуи ин рубоии халқиро муайян кунед: Кавгак сари санг мезанад қақра ба ноз, Ёрам ба раворав асту ҷонам ба гудоз. Эй бори Худо, дар осмон абр андоз, Ин ёри равандаро ба ман маътал соз.

    1. A шикоят аз вазъияти замона
    2. B хушксолӣ ва набудани об
    3. C дӯст доштани сарзамин
    4. D ба сафар рафтани ошиқ
    Показать ответ

    Правильный ответ: D ба сафар рафтани ошиқ

  13. 13

    Вобаста ба ин мисраъҳо аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Ай ҷавру зулми мирон, Гардида мулк вайрон, Ҷазир гаштан фақирон.

    1. A Миробҳо боиси беҳосил шудани заминҳои мардуми бенаво гардидаанд.
    2. B Шоҳон бо зулму ситам ба мардум хазинаи мамлакатро пур кардаанд.
    3. C Зулму истибдод кишварро вайронаю камбағалонро хонахароб кардааст.
    4. D Зулми мири Балҷувон боиси хонахаробии Восеи паҳлавон гаштааст.
    Показать ответ

    Правильный ответ: C Зулму истибдод кишварро вайронаю камбағалонро хонахароб кардааст.

  14. 14

    Вобаста ба ин рубоӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Сарчашмаи боғи булбон аст ватанам, Хушбоду ҳавою бӯстон аст ватанам. Як бор агар бод барад бар ватанам, Дил пора кунам, ёди ғарибӣ накунам.

    1. A Ин рубоӣ дар бораи шукуфоӣ ва зебоии боғу бӯстон дар фасли баҳор аст.
    2. B Муаллиф дар боғ будааст, ки шамол шудаасту дарахтҳо шикастаанд.
    3. C Ёди пурмеҳри зодгоҳу сарзамин бо ҳасрату пушаймонӣ баён шудааст.
    4. D Гӯянда бовар дорад, ки ҳарчанд меҳан хуб аст, аммо мусофирӣ беҳтар аст.
    Показать ответ

    Правильный ответ: C Ёди пурмеҳри зодгоҳу сарзамин бо ҳасрату пушаймонӣ баён шудааст.

  15. 15

    Вобаста ба ин рубоӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Лаънат ба касе, ки аз ватан канда шавад, Афтад ба ғарибию ба кас банда шавад. Чархи фалаке шавад, биёяд ба ватан, Ин мурдаи садсола магар зинда шавад?!

    1. A Истиқлол ва озодиро бояд пос дошт ва ба ҳеч бегонае набояд сари таъзим фуруд овард.
    2. B Инсон агар берун аз диёраш зиндагӣ кунад, ҳамеша хушҳолу шодмон хоҳад буд.
    3. C Дурӣ аз меҳан бисёр душвор аст. Ҳатто, одамро мекушад, чунки инсон фақат бо ватанаш барҳаёт аст.
    4. D Барои пушти сар кардани лаҳзаҳои душвори зиндагӣ бояд шеъру оҳангҳои халқиро замзама кард.
    Показать ответ

    Правильный ответ: C Дурӣ аз меҳан бисёр душвор аст. Ҳатто, одамро мекушад, чунки инсон фақат бо ватанаш барҳаёт аст.

  16. 16

    Вобаста ба ин рубоӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом ҷумла дуруст аст? Аз хона баромадам, чашмам ба нам аст, Чашмам ба нам асту дилакам пуралам аст. Мардум меган: “Дар дили ту чӣ алам аст?” Ин доғи мусофирӣ гирдоби ғам аст.

    1. A Дар ин шеър тасвири ҳолу рӯзи шахси ошиқ дида мешавад.
    2. B Сахтиҳои зиндагӣ ва эҳсосоти инсони ғариб тасвир шудааст.
    3. C Аз душвории рӯзгори ҳунармандон дар гузашта нақл мекунад.
    4. D Борони бисёр заминҳои корами кишоварзонро хароб кардааст.
    Показать ответ

    Правильный ответ: B Сахтиҳои зиндагӣ ва эҳсосоти инсони ғариб тасвир шудааст.

  17. 17

    Вобаста ба ин рубоӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Фарёд зи дасти фалаки бебунёд, Ҳаргиз гиреҳи бастаи корам накушод. Гуфтам, ки равам доғи дила тоза кунам, Сад доғи дигар бар сари ин доғ ниҳод.

    1. A Муаллиф аз душвории замона ва бераҳмии тақдир шикоят кардааст.
    2. B Гӯянда аз қабул нашудан ба ҷои кори писандидааш гила кардааст.
    3. C Муаллиф аз надоштани зану фарзанд изҳори пушаймонӣ кардааст.
    4. D Дар ин рубоӣ лаҳзаҳои хуши даврони ҷавонӣ тасвир шудааст.
    Показать ответ

    Правильный ответ: A Муаллиф аз душвории замона ва бераҳмии тақдир шикоят кардааст.

  18. 18

    Вобаста ба ин рубоӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Ҷонона, баҳори мо ба ғам мегузарад, Шодӣ ба дили сӯхта кам мегузарад. Шодӣ ба дили сӯхта кам бошаду кам, Хуш умри касе, ки дар Ватан мегузарад.

    1. A Бо хондани шеър ғам аз инсон дур мешавад.
    2. B Шодию ғам мисли ду боли паранда бо ҳаманд.
    3. C Инсони танҳо мисли мурғи посӯхта аст.
    4. D Инсон фақат дар сарзамини худаш хушҳол аст.
    Показать ответ

    Правильный ответ: D Инсон фақат дар сарзамини худаш хушҳол аст.

  19. 19

    Вобаста ба ин дубайтӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Нигори нозанини аҳли дардам, Сарамро гар бурӣ, аз ту нагардам. Сарамро гар бурӣ бо ханҷари тез, Ба хун ҷавлон занам, гирди ту гардам.

    1. A Ноумед нашудан аз шикастҳои рӯзгор ва мубориза бо сахтиҳои зиндагӣ талқин шудааст.
    2. B Шуҷоату нотарсии ҷавонмард аз набарди тан ба тан дар ҳимоят аз ватан баён шудааст.
    3. C Эҳсону саховатмандию дасткушодӣ аз хислатҳои беҳтарини инсонӣ шуморида шудааст.
    4. D Ҷасорат ва далерии ҷавон дар роҳи ишқ ва дӯст доштани маҳбуба зебо тасвир шудааст.
    Показать ответ

    Правильный ответ: D Ҷасорат ва далерии ҷавон дар роҳи ишқ ва дӯст доштани маҳбуба зебо тасвир шудааст.

  20. 20

    Вобаста ба ин рубоӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Рафтам ба сари куҳи баланди баҳаво, Дилгир шудам, ҷӯра, хабаргирӣ биё. Ду пои ман аст баста дар мехи ҷафо, Ту пои кушода дорӣ, бархезу биё.

    1. A Дар бораи барору нобаробариҳои айёми ҷавонист.
    2. B Ин рубоӣ дар васфи зебоиҳои кӯҳистон гуфта шудааст.
    3. C Дар айёми пирӣ ҳамаи инсонҳо эҳсоси танҳоӣ мекунанд.
    4. D Дар бораи инсони танҳоест, ки муштоқи дидори дӯст аст.
    Показать ответ

    Правильный ответ: D Дар бораи инсони танҳоест, ки муштоқи дидори дӯст аст.

  21. 21

    Вобаста ба ин рубоӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом ҷумла дуруст аст? Ёри мана бин, кимхову бахмалпӯш аст, Дар хондану кор ғайраташ дар ҷӯш аст. Мафтуни чунин нигор бошам ҳама умр, К-андар раҳи ободӣ ба ман ҳамдӯш аст.

    1. A Дар ин шеър тасвири зебоӣ ва ободии Ватан дида мешавад.
    2. B Дилбаре, ки дар кору зиндагӣ пурталош аст, ситоиш шудааст.
    3. C Аз душвории рӯзгори ҳунармандон дар гузашта нақл мекунад.
    4. D Гӯянда дилбарашро ба кору фаъолияти бештар даъват кардааст.
    Показать ответ

    Правильный ответ: B Дилбаре, ки дар кору зиндагӣ пурталош аст, ситоиш шудааст.

  22. 22

    Вобаста ба ин дубайтӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Шаби маҳтоб хоби ман наомад, Задам фарёд, ёри ман наомад. Задам фарёд ба гӯши боғбонон, Чаро булбул ба сайри гул наомад.

    1. A Мазмуни ин дубайтӣ дар бораи дурӣ аз Ватан аст.
    2. B Душворӣ ва сахтиҳои зиндагӣ тасвир ёфтааст.
    3. C Ин дубайтӣ дар бораи дурии маъшуқ аз ошиқ аст.
    4. D Тасвири зебоии табиат ва фаслҳои сол аст.
    Показать ответ

    Правильный ответ: C Ин дубайтӣ дар бораи дурии маъшуқ аз ошиқ аст.

  23. 23

    Вобаста ба ин дубайтӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Диле дорам, ки аз султон натарсад, Зи банди кундаву зиндон натарсад. Дили ошиқ мисоли гурги гушна, Ки гурги гушна аз чӯпон натарсад.

    1. A Муаллиф аз душвории замона ва бераҳмии тақдир шикоят кардааст.
    2. B Гӯянда аз қабул нашудан ба ҷои кори писандидааш гила кардааст.
    3. C Муаллиф аз надоштани зану фарзанд изҳори пушаймонӣ кардааст.
    4. D Дар ин дубайтӣ далерию шуҷоат дар роҳи ишқ васф шудааст.
    Показать ответ

    Правильный ответ: D Дар ин дубайтӣ далерию шуҷоат дар роҳи ишқ васф шудааст.

  24. 24

    Вобаста ба ин дубайтӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Сари чашма расидам, нола кардам, Назар бар хонаи ҷонона кардам. Назар кардам, надидам ёри худро, Гиребон то ба доман пора кардам.

    1. A Ноумед нашудан аз шикастҳои рӯзгор ва мубориза бо сахтиҳои зиндагӣ талқин шудааст.
    2. B Шуҷоату нотарсии ҷавонмард аз набарди тан ба тан дар ҳимоят аз ватан баён шудааст.
    3. C Эҳсону саховатмандию дасткушодӣ аз хислатҳои беҳтарини инсонӣ шуморида шудааст.
    4. D Эҳсоси дурӣ ва дилтангии ҷавон дар роҳи ишқ ва дӯст доштани маҳбуба зебо тасвир шудааст.
    Показать ответ

    Правильный ответ: D Эҳсоси дурӣ ва дилтангии ҷавон дар роҳи ишқ ва дӯст доштани маҳбуба зебо тасвир шудааст.

  25. 25

    Вобаста ба ин байт аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Ҳаргиз лаби аҳли дард хандон набувад, Ҷуз гиря насиби дардмандон набувад.

    1. A Сухан дар бораи интихоби дӯсту ҳамнишин меравад.
    2. B Ғам ҳамроҳи ҳамешагии инсонҳои бофаҳму бошуур аст.
    3. C Ишқу муҳаббати самимию ҳақиқӣ пойдор хоҳад монд.
    4. D Дар зиндагӣ одамони ғамгинро бояд дастгирӣ намоем.
    Показать ответ

    Правильный ответ: B Ғам ҳамроҳи ҳамешагии инсонҳои бофаҳму бошуур аст.

  26. 26

    Вобаста ба ин рубоӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Ку дӯст, ки қадри ёри ҳамдам донад, Ку сухтадиле, ки лаззати ғам донад? Одам зи куҷост, хоки одам зи куҷост, Одам бошад, ки қадри одам донад!

    1. A Мавзуи ин рубоӣ васфи зебоиҳои зиндагист.
    2. B Дар бораи нагирифтани ҷавоби нома аз ёр аст.
    3. C Фироқу ҳиҷрон мавзуи асосии ин рубоист.
    4. D Донистани арзиши инсоният беҳтарин кор аст.
    Показать ответ

    Правильный ответ: D Донистани арзиши инсоният беҳтарин кор аст.

  27. 27

    Вобаста ба ин рубоӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Ғаму ғусса ба ҷонам сар ниҳода, Ғаму ғусса зи мӯи сар зиёда. Ҳар ончи мекунам аз ғам гурезам, Ғам аст чобуксавору ман пиёда.

    1. A Корҳои бисёру душвори зиндагӣ маро хеле хаста кардааст.
    2. B Одамҳои нохуб боиси андуҳу нороҳатии ман гардидаанд.
    3. C Дар ҳар марҳилаи зиндагӣ ғуссаю андуҳ бо ман ҳамроҳ аст.
    4. D Ғуссаҳоям ба охир расидаасту вақти нишоти ман омадааст.
    Показать ответ

    Правильный ответ: C Дар ҳар марҳилаи зиндагӣ ғуссаю андуҳ бо ман ҳамроҳ аст.

  28. 28

    Кадом хулоса доир ба дубайтӣ дуруст аст? Сари кӯҳи баланд буд хонаи ман, Фалак тире задаст бар шонаи ман. Фалак тире задаст, пайкон надорад, Ба ҳасрат пур шудаст паймонаи ман.

    1. A Дурӣ аз ёру диёр ва сахтиҳои муҳоҷират бо дарду ҳасрат баён шудааст.
    2. B Гӯянда дар болои кӯҳи баланд будааст, ки ногоҳ ба китфаш тир расидааст.
    3. C Аз тақдиру қисмат шикоят шуда, гузаштаи хуш бо афсӯс ёд шудааст.
    4. D Аз мусиқии мардумии “Фалак” барои дармони дардҳояш ёрӣ хостааст.
    Показать ответ

    Правильный ответ: C Аз тақдиру қисмат шикоят шуда, гузаштаи хуш бо афсӯс ёд шудааст.

  29. 29

    Сабаби дар асрҳои VIII ва IX ба забони арабӣ асар навиштани адибони эронитабор чӣ буд?

    1. A Дар натиҷаи истилои араб хароб шудани марказҳои адабию фарҳангӣ ва пурра аз байн рафтани осори илмию адабӣ.
    2. B Дар натиҷаи истилои араб аз байн рафтани марказҳои адабию фарҳангӣ ва бартарӣ пайдо кардани забони арабӣ.
    3. C Дар натиҷаи истилои араб кушта шудани шоирону нависандагоне, ки дар Эронзамин зиндагӣ ва эҷод мекарданд.
    4. D Дар натиҷаи истилои араб танҳо шоирону нависандагони араб ҳуқуқи эҷод карданро доштанд.
    Показать ответ

    Правильный ответ: B Дар натиҷаи истилои араб аз байн рафтани марказҳои адабию фарҳангӣ ва бартарӣ пайдо кардани забони арабӣ.

  30. 30

    Зуҳури адабиёти тоҷик дар қолаби забони арабӣ хоси кадом давраи адабиёт аст?

    1. A охири асри X
    2. B аввали асри XV
    3. C асрҳои VIII ва IX
    4. D асрҳои XII ва XIII
    Показать ответ

    Правильный ответ: C асрҳои VIII ва IX