Адабиёти тоҷик: Фолклор. Мафҳумҳои адабӣ
Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 30, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 69. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.
- 1
Суруди халқии “Таронаи бофандагон” дар кадом мавзуъ суруда шудааст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C азоби рӯзгор, вазнинии кор ва беқадрии касби бофандагӣ
- 2
Кадом навъи асарҳои халқӣ бо калимаю ибораҳои “Овардаанд ...”, “Нақл мекунанд, ки ...”, “Муаллифи ахбору гузорандаи асрор чунин мегӯяд ...” оғоз мешавад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C насри ривоятӣ
- 3
Эҷодиёти шифоҳии халқ ба кадом намуди адабиёт дохил мешавад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A адабиёти бадеӣ
- 4
Дар кадом жанри адабиёти шифоҳӣ мақсад ва моҳияти сухан на дар зоҳир, балки дар ботини он нуҳуфта аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B зарбулмасал
- 5
Кадом навъи адабиёт таърихи қадимтар дорад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C адабиёти шифоҳӣ
- 6
Доир ба Шӯриши Восеъ аввалин бор дар кадом навъи адабиёт сухан гуфта шудааст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C адабиёти шифоҳӣ
- 7
Аз рӯйи матн муайян намоед, ки он аз кадом асари ривоятист: “Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор Абутоҳири Тарсусӣ аз ин достони аҷоибнигор чунин ривоят мекунад, ки чун он ғулом бирафт ва субҳи содиқ бидамид, Бӯрондухт он лашкари Мозандаронро ба он сарчашма фурӯ оварда буд, ...”
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A “Доробнома”
- 8
Аз рӯйи матн муайян намоед, ки он аз кадом асари ривоятист: “Чун Бӯрондухт аз эшон ин сухан бишнид, шод шуду ҳамаро бинавохт ва бар эшон офарин карду аз эшон байъат биситад ва нома ба Истахру Форсу Кирмон... навишт ва аз эшон мадад хост.”
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A “Доробнома”
- 9
Матн аз кадом асари насри ривоятист? “Бӯрондухт он лашкарро бишинохт, зуд чанд ғуломро дар ақиби эшон бифиристод. Он ғуломон маркабон бидавониданд, то бирасиданд ...”
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C “Доробнома”
- 10
Аз рӯйи матн муайян намоед, ки он аз кадом асари ривоятист: “Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор Абутоҳири Тарсусӣ аз ин қисса ривоят чунин мекунад, ки чун аз ин сухан ду моҳ баромад, Бӯрондухт амирону бузургонро ҷамъ кард...”
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A “Доробнома”
- 11
Аз рӯйи матн муайян намоед, ки он аз кадом асари ривоятист: “Эй мулуки ҷаҳон, бидонед, чанд гоҳ пеш аз ин шабе бадхобӣ маро бигрифт ва шаб чандон ба ман дароз шуд, ки гумони субҳ надоштам, чун субҳ шуд, бархоста шамшер бар каф гирифтам ва миён бастам ва савор шудам...”
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B “Ҳазору як шаб”
- 12
Мавзуи ин рубоии халқиро муайян кунед: Кавгак сари санг мезанад қақра ба ноз, Ёрам ба раворав асту ҷонам ба гудоз. Эй бори Худо, дар осмон абр андоз, Ин ёри равандаро ба ман маътал соз.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D ба сафар рафтани ошиқ
- 13
Вобаста ба ин мисраъҳо аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Ай ҷавру зулми мирон, Гардида мулк вайрон, Ҷазир гаштан фақирон.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Зулму истибдод кишварро вайронаю камбағалонро хонахароб кардааст.
- 14
Вобаста ба ин рубоӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Сарчашмаи боғи булбон аст ватанам, Хушбоду ҳавою бӯстон аст ватанам. Як бор агар бод барад бар ватанам, Дил пора кунам, ёди ғарибӣ накунам.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Ёди пурмеҳри зодгоҳу сарзамин бо ҳасрату пушаймонӣ баён шудааст.
- 15
Вобаста ба ин рубоӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Лаънат ба касе, ки аз ватан канда шавад, Афтад ба ғарибию ба кас банда шавад. Чархи фалаке шавад, биёяд ба ватан, Ин мурдаи садсола магар зинда шавад?!
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Дурӣ аз меҳан бисёр душвор аст. Ҳатто, одамро мекушад, чунки инсон фақат бо ватанаш барҳаёт аст.
- 16
Вобаста ба ин рубоӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом ҷумла дуруст аст? Аз хона баромадам, чашмам ба нам аст, Чашмам ба нам асту дилакам пуралам аст. Мардум меган: “Дар дили ту чӣ алам аст?” Ин доғи мусофирӣ гирдоби ғам аст.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Сахтиҳои зиндагӣ ва эҳсосоти инсони ғариб тасвир шудааст.
- 17
Вобаста ба ин рубоӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Фарёд зи дасти фалаки бебунёд, Ҳаргиз гиреҳи бастаи корам накушод. Гуфтам, ки равам доғи дила тоза кунам, Сад доғи дигар бар сари ин доғ ниҳод.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A Муаллиф аз душвории замона ва бераҳмии тақдир шикоят кардааст.
- 18
Вобаста ба ин рубоӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Ҷонона, баҳори мо ба ғам мегузарад, Шодӣ ба дили сӯхта кам мегузарад. Шодӣ ба дили сӯхта кам бошаду кам, Хуш умри касе, ки дар Ватан мегузарад.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Инсон фақат дар сарзамини худаш хушҳол аст.
- 19
Вобаста ба ин дубайтӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Нигори нозанини аҳли дардам, Сарамро гар бурӣ, аз ту нагардам. Сарамро гар бурӣ бо ханҷари тез, Ба хун ҷавлон занам, гирди ту гардам.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Ҷасорат ва далерии ҷавон дар роҳи ишқ ва дӯст доштани маҳбуба зебо тасвир шудааст.
- 20
Вобаста ба ин рубоӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Рафтам ба сари куҳи баланди баҳаво, Дилгир шудам, ҷӯра, хабаргирӣ биё. Ду пои ман аст баста дар мехи ҷафо, Ту пои кушода дорӣ, бархезу биё.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Дар бораи инсони танҳоест, ки муштоқи дидори дӯст аст.
- 21
Вобаста ба ин рубоӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом ҷумла дуруст аст? Ёри мана бин, кимхову бахмалпӯш аст, Дар хондану кор ғайраташ дар ҷӯш аст. Мафтуни чунин нигор бошам ҳама умр, К-андар раҳи ободӣ ба ман ҳамдӯш аст.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Дилбаре, ки дар кору зиндагӣ пурталош аст, ситоиш шудааст.
- 22
Вобаста ба ин дубайтӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Шаби маҳтоб хоби ман наомад, Задам фарёд, ёри ман наомад. Задам фарёд ба гӯши боғбонон, Чаро булбул ба сайри гул наомад.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Ин дубайтӣ дар бораи дурии маъшуқ аз ошиқ аст.
- 23
Вобаста ба ин дубайтӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Диле дорам, ки аз султон натарсад, Зи банди кундаву зиндон натарсад. Дили ошиқ мисоли гурги гушна, Ки гурги гушна аз чӯпон натарсад.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Дар ин дубайтӣ далерию шуҷоат дар роҳи ишқ васф шудааст.
- 24
Вобаста ба ин дубайтӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Сари чашма расидам, нола кардам, Назар бар хонаи ҷонона кардам. Назар кардам, надидам ёри худро, Гиребон то ба доман пора кардам.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Эҳсоси дурӣ ва дилтангии ҷавон дар роҳи ишқ ва дӯст доштани маҳбуба зебо тасвир шудааст.
- 25
Вобаста ба ин байт аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Ҳаргиз лаби аҳли дард хандон набувад, Ҷуз гиря насиби дардмандон набувад.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Ғам ҳамроҳи ҳамешагии инсонҳои бофаҳму бошуур аст.
- 26
Вобаста ба ин рубоӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Ку дӯст, ки қадри ёри ҳамдам донад, Ку сухтадиле, ки лаззати ғам донад? Одам зи куҷост, хоки одам зи куҷост, Одам бошад, ки қадри одам донад!
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Донистани арзиши инсоният беҳтарин кор аст.
- 27
Вобаста ба ин рубоӣ аз адабиёти шифоҳӣ кадом хулоса дуруст аст? Ғаму ғусса ба ҷонам сар ниҳода, Ғаму ғусса зи мӯи сар зиёда. Ҳар ончи мекунам аз ғам гурезам, Ғам аст чобуксавору ман пиёда.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Дар ҳар марҳилаи зиндагӣ ғуссаю андуҳ бо ман ҳамроҳ аст.
- 28
Кадом хулоса доир ба дубайтӣ дуруст аст? Сари кӯҳи баланд буд хонаи ман, Фалак тире задаст бар шонаи ман. Фалак тире задаст, пайкон надорад, Ба ҳасрат пур шудаст паймонаи ман.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Аз тақдиру қисмат шикоят шуда, гузаштаи хуш бо афсӯс ёд шудааст.
- 29
Сабаби дар асрҳои VIII ва IX ба забони арабӣ асар навиштани адибони эронитабор чӣ буд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Дар натиҷаи истилои араб аз байн рафтани марказҳои адабию фарҳангӣ ва бартарӣ пайдо кардани забони арабӣ.
- 30
Зуҳури адабиёти тоҷик дар қолаби забони арабӣ хоси кадом давраи адабиёт аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C асрҳои VIII ва IX