Таджикский язык: Литература
Задания темы из официального сборника НЦТ: на странице — 30, всего в сборнике — 82. Решите задание сами, затем откройте ответ. Остальные задания — с разбором решения — в приложении Омода AI.
- 1
Байти зерини Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кадом маъниро бозгӯ мекунад? Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор, Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Показать ответ
Правильный ответ: D Беҳтарин муаллими мо худи зиндагист.
- 2
Байти зерини Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кадом маъниро бозгӯ мекунад? Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир, Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Показать ответ
Правильный ответ: C Таҷрибаи рӯзгор беҳтарин омӯзгор аст.
- 3
Байти зерини Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кадом маъниро бозгӯ мекунад? Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Показать ответ
Правильный ответ: D Фарҳанг арзишмандтар аз ҳама ганҷҳост.
- 4
Яке аз унвонҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Показать ответ
Правильный ответ: C Одамушшуаро
- 5
Кадом панду ҳикмат аз Абуабдуллоҳи Рӯдакист?
Показать ответ
Правильный ответ: C Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир, Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
- 6
Кадом сухан аз Абулқосими Фирдавсист?
Показать ответ
Правильный ответ: B Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад, Ба дониш дили пир барно бувад.
- 7
Кадом сухан аз Абулқосими Фирдавсист?
Показать ответ
Правильный ответ: B Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад, Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.
- 8
Кадоме аз ин адибон гуфтааст: Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам, Ки тухми суханро парокандаам.?
Показать ответ
Правильный ответ: D Абулқосими Фирдавсӣ
- 9
Кадоме аз ин адибон дар бораи Абулқосими Фирдавсӣ роман навиштааст?
Показать ответ
Правильный ответ: B Сотим Улуғзода
- 10
Кадом асар яке аз беҳтарин шоҳкорҳои адабию ҳамосии дунё шинохта шудааст?
Показать ответ
Правильный ответ: D “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ
- 11
Кадом асар дар бораи таърихи гузашта, қаҳрамонии паҳлавонони ватандӯст, адолату хирадмандии вазирону роҳбарони пешинаи халқи тоҷик нақл мекунад?
Показать ответ
Правильный ответ: C “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ
- 12
Ба номи кадом асар сифати “безавол”-ро илова мекунанд?
Показать ответ
Правильный ответ: C “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ
- 13
Кадом сухан дар бораи Абуалӣ ибни Сино дуруст аст?
Показать ответ
Правильный ответ: D шоир, олим ва мутафаккир, муаллифи асари “Донишнома”
- 14
Давраи ҷавонии кадом адиб ба солҳои охири ҳукмронии Сомониён рост меояд?
Показать ответ
Правильный ответ: A Абуалӣ ибни Сино
- 15
Кадом шоир “Маликушшуаро”-и дарбори Ғазнавиён буд?
Показать ответ
Правильный ответ: C Унсурии Балхӣ
- 16
Унвони фахрии Абуалӣ ибни Сино.
Показать ответ
Правильный ответ: A Шайхурраис
- 17
Унвони фахрии Носири Хусрав.
Показать ответ
Правильный ответ: D Ҳуҷҷати Хуросон
- 18
Кадом сухан дар бораи Носири Хусрав дуруст аст?
Показать ответ
Правильный ответ: C шоир, олим ва мутафаккир, муаллифи асари “Саодатнома”
- 19
Кадом панду ҳикмат аз Низомии Ганҷавист?
Показать ответ
Правильный ответ: D Дониш талабу бузургӣ омӯз, То беҳ нигаранд рӯзат аз рӯз.
- 20
Мавзуи асосии “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ кадом аст?
Показать ответ
Правильный ответ: D ишқу муҳаббат, худшиносӣ ва ваҳдату ягонагии инсонҳо
- 21
Кадом панду ҳикмат аз Ҷалолиддини Балхист?
Показать ответ
Правильный ответ: C Кори мардон равшанию гармӣ аст, Кори дунон ҳилаю бешармӣ аст.
- 22
Кадом панду ҳикмат аз Ҷалолиддини Балхист?
Показать ответ
Правильный ответ: A Кӯйи навмедӣ марав, уммедҳост, Сӯйи торикӣ марав, хуршедҳост.
- 23
Кадом панду ҳикмат аз Ҷалолиддини Балхист?
Показать ответ
Правильный ответ: B Хоб бедорист, чун бодониш аст, Войи бедоре, ки бо нодон нишаст.
- 24
Асари Убайди Зоконӣ, ки дар шакли луғат навишта шудааст.
Показать ответ
Правильный ответ: A “Даҳ фасл”
- 25
Дар байт Убайди Зоконӣ ба кадом асараш ишора намудааст? Бихонам аз бароят достоне, Ки дар маънои он ҳайрон бимонӣ!
Показать ответ
Правильный ответ: B “Муш ва гурба”
- 26
Кадом адиб аз вазъияти зиндагиаш чунин шикоят кардааст? Нест дар дастам кунун аз хушку тар, З-он чи вақте дар каноре омадӣ. Ғайри ман дар хонаам чизе намонд, Ҳам намондӣ гар ба коре омадӣ.
Показать ответ
Правильный ответ: C Убайди Зоконӣ
- 27
Кадом адиб аз вазъияти зиндагиаш чунин шикоят кардааст? Дар хонаи ман зи неку бад чизе нест, Ҷуз лунгию пораи намад чизе нест. Аз ҳар чӣ пазанд, нест ғайр аз савдо, В-аз ҳар чӣ хуранд, ҷуз лагад чизе нест.
Показать ответ
Правильный ответ: C Убайди Зоконӣ
- 28
Кадом адиб аз вазъияти зиндагиаш чунин шикоят кардааст? Мардум ба айшу шодию ман дар балои қарз, Ҳар як ба кору борею ман мубталои қарз. Фарзи Худову қарзи халоиқ ба гарданам, Оё адои фарз кунам ё адои қарз?
Показать ответ
Правильный ответ: C Убайди Зоконӣ
- 29
Кадом сухан дар бораи Убайди Зоконӣ дуруст аст?
Показать ответ
Правильный ответ: D бузургтарин адиби ҳаҷвнигор
- 30
Кадом сухан дар бораи Ҳофизи Шерозӣ дуруст аст?
Показать ответ
Правильный ответ: C бузургтарин шоири ғазалсаро