Забони тоҷикӣ: Адабиёт
Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 30, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 82. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.
- 1
Байти зерини Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кадом маъниро бозгӯ мекунад? Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор, Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Беҳтарин муаллими мо худи зиндагист.
- 2
Байти зерини Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кадом маъниро бозгӯ мекунад? Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир, Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Таҷрибаи рӯзгор беҳтарин омӯзгор аст.
- 3
Байти зерини Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кадом маъниро бозгӯ мекунад? Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Фарҳанг арзишмандтар аз ҳама ганҷҳост.
- 4
Яке аз унвонҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Одамушшуаро
- 5
Кадом панду ҳикмат аз Абуабдуллоҳи Рӯдакист?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир, Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
- 6
Кадом сухан аз Абулқосими Фирдавсист?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад, Ба дониш дили пир барно бувад.
- 7
Кадом сухан аз Абулқосими Фирдавсист?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад, Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.
- 8
Кадоме аз ин адибон гуфтааст: Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам, Ки тухми суханро парокандаам.?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Абулқосими Фирдавсӣ
- 9
Кадоме аз ин адибон дар бораи Абулқосими Фирдавсӣ роман навиштааст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Сотим Улуғзода
- 10
Кадом асар яке аз беҳтарин шоҳкорҳои адабию ҳамосии дунё шинохта шудааст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ
- 11
Кадом асар дар бораи таърихи гузашта, қаҳрамонии паҳлавонони ватандӯст, адолату хирадмандии вазирону роҳбарони пешинаи халқи тоҷик нақл мекунад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ
- 12
Ба номи кадом асар сифати “безавол”-ро илова мекунанд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ
- 13
Кадом сухан дар бораи Абуалӣ ибни Сино дуруст аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D шоир, олим ва мутафаккир, муаллифи асари “Донишнома”
- 14
Давраи ҷавонии кадом адиб ба солҳои охири ҳукмронии Сомониён рост меояд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A Абуалӣ ибни Сино
- 15
Кадом шоир “Маликушшуаро”-и дарбори Ғазнавиён буд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Унсурии Балхӣ
- 16
Унвони фахрии Абуалӣ ибни Сино.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A Шайхурраис
- 17
Унвони фахрии Носири Хусрав.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Ҳуҷҷати Хуросон
- 18
Кадом сухан дар бораи Носири Хусрав дуруст аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C шоир, олим ва мутафаккир, муаллифи асари “Саодатнома”
- 19
Кадом панду ҳикмат аз Низомии Ганҷавист?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Дониш талабу бузургӣ омӯз, То беҳ нигаранд рӯзат аз рӯз.
- 20
Мавзуи асосии “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ кадом аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D ишқу муҳаббат, худшиносӣ ва ваҳдату ягонагии инсонҳо
- 21
Кадом панду ҳикмат аз Ҷалолиддини Балхист?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Кори мардон равшанию гармӣ аст, Кори дунон ҳилаю бешармӣ аст.
- 22
Кадом панду ҳикмат аз Ҷалолиддини Балхист?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A Кӯйи навмедӣ марав, уммедҳост, Сӯйи торикӣ марав, хуршедҳост.
- 23
Кадом панду ҳикмат аз Ҷалолиддини Балхист?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Хоб бедорист, чун бодониш аст, Войи бедоре, ки бо нодон нишаст.
- 24
Асари Убайди Зоконӣ, ки дар шакли луғат навишта шудааст.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A “Даҳ фасл”
- 25
Дар байт Убайди Зоконӣ ба кадом асараш ишора намудааст? Бихонам аз бароят достоне, Ки дар маънои он ҳайрон бимонӣ!
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B “Муш ва гурба”
- 26
Кадом адиб аз вазъияти зиндагиаш чунин шикоят кардааст? Нест дар дастам кунун аз хушку тар, З-он чи вақте дар каноре омадӣ. Ғайри ман дар хонаам чизе намонд, Ҳам намондӣ гар ба коре омадӣ.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Убайди Зоконӣ
- 27
Кадом адиб аз вазъияти зиндагиаш чунин шикоят кардааст? Дар хонаи ман зи неку бад чизе нест, Ҷуз лунгию пораи намад чизе нест. Аз ҳар чӣ пазанд, нест ғайр аз савдо, В-аз ҳар чӣ хуранд, ҷуз лагад чизе нест.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Убайди Зоконӣ
- 28
Кадом адиб аз вазъияти зиндагиаш чунин шикоят кардааст? Мардум ба айшу шодию ман дар балои қарз, Ҳар як ба кору борею ман мубталои қарз. Фарзи Худову қарзи халоиқ ба гарданам, Оё адои фарз кунам ё адои қарз?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Убайди Зоконӣ
- 29
Кадом сухан дар бораи Убайди Зоконӣ дуруст аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D бузургтарин адиби ҳаҷвнигор
- 30
Кадом сухан дар бораи Ҳофизи Шерозӣ дуруст аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C бузургтарин шоири ғазалсаро