Таджикский язык: Образец субтеста НЦТ

Задания темы из официального сборника НЦТ: на странице — 22, всего в сборнике — 25. Решите задание сами, затем откройте ответ. Остальные задания — с разбором решения — в приложении Омода AI.

  1. 1

    Дар кадом калимаи байти зерин яке аз овозҳо равшан талаффуз намешавад? Дорам он сар, ки сар андар сари кори ту кунам, Бо мани дилшуда ҳарчанд саре нест туро. Камоли Хуҷандӣ

    1. A дорам
    2. B дилшуда
    3. C сар
    4. D ҳарчанд
    Показать ответ

    Правильный ответ: D ҳарчанд

  2. 2

    Имлои кадом калима нодуруст аст? Чӣ мурғони хушхоне мавҷуданд дар ин куҳсор. Р. Ҷалил

    1. A куҳсор
    2. B мавҷуданд
    3. C хушхон
    4. D мурғон
    Показать ответ

    Правильный ответ: A куҳсор

  3. 3

    Ҳаммаъно (синоним)-ҳои калимаи истиқлолиятро нишон диҳед:

    1. A ихтиёрӣ, новобастагӣ
    2. B мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ
    3. C озодӣ, баробарӣ
    4. D якпорчагӣ, муттаҳидӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: B мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ

  4. 4

    Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи сенуқта зидмаънои калимаи кӯчакро гузоред: Абрпораҳои ... дар уқёнуси осмон бо суръати тез ба ҷануб шино мекарданд. С. Улуғзода

    1. A равон
    2. B парешон
    3. C серҳаракат
    4. D бузург
    Показать ответ

    Правильный ответ: D бузург

  5. 5

    Дар ҷумлаи зерин ибораи рехтаи “на пай буду на Ҳайдар” чӣ маънӣ дорад? – Шарифаҷон! – оқибат кӣ будани ӯро фаҳмида, аз пасаш ҷеғ задам. Вале чӣ тавре ки мегӯянд: “на пай буду на Ҳайдар”. Аз “Тоҷикистони советӣ”

    1. A аз назар ғайб задан; бе ному нишон шудан
    2. B ба чашм намудор шудан; худро нишон додан
    3. C ба саволи касе ҷавоб надодан; хомӯш истодан
    4. D ба гапи касе эътибор надодан; худро ба нодонӣ задан
    Показать ответ

    Правильный ответ: A аз назар ғайб задан; бе ному нишон шудан

  6. 6

    Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи сенуқта ибораи рехтаи мувофиқро гузоред: Муҳиддинмахдум он шаб наздикони худро даъват карда, ... Ҷ. Икромӣ

    1. A суҳбат пир шуд
    2. B суҳбат ороста буд
    3. C суҳбат тафсида рафт
    4. D суҳбатро пир карда буд
    Показать ответ

    Правильный ответ: B суҳбат ороста буд

  7. 7

    Услуби матнро муайян кунед: Моддаи 3. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. 2. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, забони давлатиро донад. 3. Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд...

    1. A илмӣ
    2. B бадеӣ
    3. C расмӣ-коргузорӣ
    4. D публитсистӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: C расмӣ-коргузорӣ

  8. 8

    Кадоме аз ин исмҳои мураккаб аз асоси замони ҳозира ва гузаштаи феъл сохта шудааст?

    1. A корбаст
    2. B бастабанд
    3. C шикастабанд
    4. D бандубаст
    Показать ответ

    Правильный ответ: D бандубаст

  9. 9

    Дар ибораи сатрҳои парешон сифат аз рӯйи сохт чӣ гуна аст?

    1. A сода
    2. B сохта
    3. C мураккаб
    4. D таркибӣ
    Показать ответ

    Правильный ответ: A сода

  10. 10

    Ба ҷойи сенуқта сиғаи хабарии феълро гузоред: Шағоли гуруснае аз роҳ ...

    1. A мегузашт
    2. B хоҳад гузашт
    3. C гузаштанист
    4. D гузаштагист
    Показать ответ

    Правильный ответ: A мегузашт

  11. 11

    Ба ҷойи сенуқта кадом зарфро гузоштан дуруст аст? Ӯ бо ин ҳама бузургӣ ва муҳоботу салобот бо ҳар кас, ҳарчанд хурд бошад ҳам, ... муомила мекард. С. Айнӣ

    1. A ноилоҷ
    2. B бародарвор
    3. C дарҳол
    4. D кунҷковона
    Показать ответ

    Правильный ответ: B бародарвор

  12. 12

    Пайвандаки мувофиқро гузоред: Саодатбибӣ ҳоло пир набуд, ... ӯ дар солҳои охир худро бедармон ҳис мекард. Р. Ҷалил

    1. A агарчи
    2. B ё ин ки
    3. C балки
    4. D лекин
    Показать ответ

    Правильный ответ: D лекин

  13. 13

    Кадом ибора бо роҳи алоқаи ҳамроҳӣ сохта шудааст?

    1. A “Гузашти айём”
    2. B “Шикоят аз пирӣ”
    3. C “Чор дарвеш”
    4. D “Дар он дунё”
    Показать ответ

    Правильный ответ: C “Чор дарвеш”

  14. 14

    Ҷумлаи содаи яктаркиба:

    1. A Ҳаво гарм буд.
    2. B Зоғчаро ба Ленинобод овардем.
    3. C Зоғча дар остонаи тирезаи қафои мошин менишаст.
    4. D Вай тез-тез ташна монда даҳонашро кушода овоз мебарвард. Р. Ҷалил
    Показать ответ

    Правильный ответ: B Зоғчаро ба Ленинобод овардем.

  15. 15

    Ҷумларо пурра кунед, ки хабар ба мубтадо мувофиқат намояд: Ҷавонон дар сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун … .

    1. A иштирок кардааст
    2. B иштирок карда буд
    3. C иштирок мекунад
    4. D иштирок мекунанд
    Показать ответ

    Правильный ответ: D иштирок мекунанд

  16. 16

    Ба ҷойи сенуқта ҳоли тарзи амали мувофиқро гузоред: Ӯ то охири умраш дар ин роҳ босадоқат ва ... хизмат кард. Р. Ҳошим

    1. A чолокона
    2. B содиқона
    3. C ҷонсипорона
    4. D вафодорона
    Показать ответ

    Правильный ответ: C ҷонсипорона

  17. 17

    Аъзои туфайлии мувофиқи ҷумларо гузоред: ..., аз суҳбати мо ба худи шумо низ суде хоҳад расид. Ф. Муҳаммадиев

    1. A Воқеан
    2. B Хайрият
    3. C Хушбахтона
    4. D Табиатан
    Показать ответ

    Правильный ответ: A Воқеан

  18. 18

    Асари Абуалӣ ибни Сино, ки дар Шарқу Ғарб ҳамчун китоби тиббӣ мавриди истифода қарор гирифааст:

    1. A “Донишнома”
    2. B “Ал-қонун”
    3. C “Ҳай ибни Яқзон”
    4. D “Ишорот ва танбеҳот”
    Показать ответ

    Правильный ответ: B “Ал-қонун”

  19. 19

    Ба ҷойи нуқтаҳо калимаҳои тақлидии мувофиқро гузоред:

    1. A Аз дур ... садои пой шунида мешуд.
    2. B Аз тарафи бозори хиёбон ... овози доира меомад.
    3. C Зарраҳои вай ... ҷило медоданд.
    4. D Дар берун ҳанӯз ... борон меборид.
    1. 1 шитир-шитир
    2. 2 даранг-даранг
    3. 3 шалап-шалап
    4. 4 ялт-ялт
    5. 5 ғув-ғув
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 3, B — 2, C — 4, D — 1

  20. 20

    Аз зарф ва феъл ибора созед:

    1. A меҳрубонона
    2. B оромона
    3. C шоирона
    4. D мардона
    1. 1 тасвир кардан
    2. 2 ишқ варзидан
    3. 3 табассум кардан
    4. 4 обутоб ёфтан
    5. 5 шино кардан
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 3, B — 5, C — 1, D — 2

  21. 21

    Таҳлили синтаксисӣ. Аъзои ҷумларо муайян намоед: Ҷамшед ба бузургӣ ва тавоноӣ дар ҷаҳон овоза шуд. С. Улуғзода

    1. A Ҷамшед
    2. B дар ҷаҳон
    3. C овоза шуд
    4. D ба бузургӣ ва тавоноӣ
    1. 1 ҳол
    2. 2 хабар
    3. 3 мубтадо
    4. 4 пуркунанда
    5. 5 муайянкунанда
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 3, B — 1, C — 2, D — 4

  22. 22

    Маънои байтҳои зеринро муайян кунед:

    1. A Ман надидам дар ҷаҳони ҷустуҷӯ Ҳеҷ аҳлият беҳ аз хӯйи наку. Ҷалолиддини Балхӣ
    2. B Гар ҳамехоҳӣ, ки бошӣ дар амон, Рав, накуӣ кун ту бар халқи ҷаҳон. Аттори Нишопурӣ
    3. C Беҳин коре, ки андар зиндагонист, Накухоҳӣ, ба кас роҳатрасонист.
    4. D Касе, к-ӯ бо ту некӣ кард як бор, Ҳамеша он накуӣ ёд медор.
    1. 1 Шоистатарин сифати инсон хулқи нек аст.
    2. 2 Беҳтарини корҳо некӣ кардан ва ёрӣ расонидан ба дигарон аст.
    3. 3 Ба касе некӣ кун, ки боре ҳам ба ту некӣ кардааст. Носири Хусрав
    4. 4 Агар осоиш хоҳӣ, ба мардум хубӣ кун. Носири Хусрав
    5. 5 Некии касро ҳаргиз фаромӯш накун.
    Показать ответ

    Правильный ответ: A — 1, B — 4, C — 2, D — 5