Забони тоҷикӣ: Синтаксис

Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 30, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 240. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.

  1. 1

    Ҷузъҳои асосии ибораҳои “дили ноором” ва “аспи саманд” ба кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?

    1. A исм
    2. B сифат
    3. C феъл
    4. D зарф
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A исм

  2. 2

    Кадоме аз ин ибораҳо бо роҳи алоқаи ҳамроҳӣ таркиб ёфтааст?

    1. A “Ситорае дар тирашаб”
    2. B “Аз Ганг то Кремл”
    3. C “Даҳ фасл”
    4. D “Роҳи Каҳкашон”
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C “Даҳ фасл”

  3. 3

    Кадоме аз ин ибораҳо бо роҳи алоқаи ҳамроҳӣ таркиб ёфтааст?

    1. A роҳро кӯтоҳ кардан
    2. B кӯтоҳтарин роҳ
    3. C роҳи кӯтоҳтарин
    4. D бо роҳи кӯтоҳтарин рафтан
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B кӯтоҳтарин роҳ

  4. 4

    Кадоме аз ин ибораҳо бо роҳи алоқаи вобастагӣ таркиб ёфтааст?

    1. A гулбонги нимашаб
    2. B бузургтарин ҳамоса
    3. C мулоқот бо устод Айнӣ
    4. D сардафтари адабиёти тоҷик
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C мулоқот бо устод Айнӣ

  5. 5

    Кадом ибора бо роҳи алоқаи вобастагӣ таркиб ёфтааст?

    1. A бенаво дарахт
    2. B арзи дил кардан
    3. C гулгашти Мусалло
    4. D ба доди касе расидан
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D ба доди касе расидан

  6. 6

    Ибораи чун паранда паридан бо кадом роҳ сохта шудааст?

    1. A алоқаи изофӣ
    2. B алоқаи ҳамроҳӣ
    3. C алоқаи вобастагии пешояндӣ
    4. D алоқаи вобастагии пасояндӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C алоқаи вобастагии пешояндӣ

  7. 7

    Ибораи бағоят хушнуд шудан бо кадом роҳ сохта шудааст?

    1. A алоқаи изофӣ
    2. B алоқаи ҳамроҳӣ
    3. C алоқаи вобастагии пешояндӣ
    4. D алоқаи вобастагии пасояндӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B алоқаи ҳамроҳӣ

  8. 8

    Ибораи тӯтӣ барин такрор кардан бо кадом роҳ сохта шудааст?

    1. A алоқаи изофӣ
    2. B алоқаи ҳамроҳӣ
    3. C алоқаи вобастагии пешояндӣ
    4. D алоқаи вобастагии пасояндӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D алоқаи вобастагии пасояндӣ

  9. 9

    Ибораи як ҳафта пас хабар гирифтан бо кадом роҳ сохта шудааст?

    1. A алоқаи изофӣ
    2. B алоқаи ҳамроҳӣ
    3. C алоқаи вобастагии пешояндӣ
    4. D алоқаи вобастагии пасояндӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D алоқаи вобастагии пасояндӣ

  10. 10

    Ибораи як сол инҷониб бедарак будан бо кадом роҳ сохта шудааст?

    1. A алоқаи изофӣ
    2. B алоқаи ҳамроҳӣ
    3. C алоқаи вобастагии пешояндӣ
    4. D алоқаи вобастагии пасояндӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D алоқаи вобастагии пасояндӣ

  11. 11

    Ибораҳои сифатиро муайян намоед:

    1. A тозон рафтан, мутеона рафтан
    2. B баҳори дилфиреб, ҳавои соф
    3. C аз бачагӣ шӯх, чун гул нозук
    4. D аз поён панҷум, ду ҷабрдида
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C аз бачагӣ шӯх, чун гул нозук

  12. 12

    Ибораҳои сифатиро муайян намоед:

    1. A баланд хандидан, санг барин сахт
    2. B ду сол баъд, садҳо коргар
    3. C модари азиз, духтари боадаб
    4. D якдигарро дидан, ин хел одам
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A баланд хандидан, санг барин сахт

  13. 13

    Ибораи сифатиро муайян намоед:

    1. A каме сонитар
    2. B муддати хондан
    3. C аз серҳосилӣ хам
    4. D ғалаба бар душман
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C аз серҳосилӣ хам

  14. 14

    Ба ҷойи сенуқта ибораи изофиро гузоред: Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд, ... дигарбора ҷавон хоҳад шуд. Ҳофизи Шерозӣ

    1. A ҳама одам
    2. B ҳама олам
    3. C олами пир
    4. D оламу одам
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C олами пир

  15. 15

    Ба ҷойи сенуқта ибораи ҳамроҳиро гузоред: Ҳар ки баҳри сулҳ имзо мекунад, ... ба дунё мекунад. М. Аминзода

    1. A Барои коре
    2. B Беҳтарин коре
    3. C Амали дуруст
    4. D Хубтарин корро
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B Беҳтарин коре

  16. 16

    Иборае, ки дар қолаби исм + сифати феълӣ сохта шудааст:

    1. A ҳамин мактаб
    2. B ду аламрасида
    3. C одами омадагӣ
    4. D ҳамеша хушҳол
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C одами омадагӣ

  17. 17

    Иборае, ки дар қолаби исм + сифати феълӣ сохта шудааст:

    1. A кӯзаи аз об пур
    2. B оби нӯшиданӣ
    3. C доимо ғамгин
    4. D оҳан барин сахт
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B оби нӯшиданӣ

  18. 18

    Кадом ибораҳо бо алоқаи изофӣ таркиб ёфтаанд:

    1. A ба боғ даромадан, гул чидан
    2. B ҳикояро хондан, аз назар дур
    3. C сабзаҳои навхез, насими форам
    4. D фарзанди дилбанд, гуфтугӯ бо худ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C сабзаҳои навхез, насими форам

  19. 19

    Ба ҷойи сенуқта ибораи ҳамроҳиро гузоред: Аз ҳама ... кадом аст? А. Шукуҳӣ

    1. A дардро даво
    2. B бозии беҳтар
    3. C гармтарин моҳ
    4. D ба таъриф лоиқ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C гармтарин моҳ

  20. 20

    Кадом ибора бо роҳи алоқаи вобастагӣ таркиб ёфтааст?

    1. A шаҳрро давр задан
    2. B сайругашт кардан
    3. C ёди ёри меҳрубон
    4. D писандидатар кас
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A шаҳрро давр задан

  21. 21

    Кадоме аз ин ибораҳо бо роҳи алоқаи вобастагии пасояндӣ таркиб ёфтааст?

    1. A ба сар давидан
    2. B хиҷолат кашидан
    3. C аз гап нагаштан
    4. D гапро ду накардан
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D гапро ду накардан

  22. 22

    Кадом ибора бо роҳи алоқаи вобастагии пешояндӣ сохта шудааст?

    1. A роз гуфтан
    2. B модари зор
    3. C ба хоб дидан
    4. D кореро иҷро кардан
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C ба хоб дидан

  23. 23

    Кадом ибораҳо бо алоқаи ҳамроҳӣ таркиб ёфтаанд:

    1. A аспи саманд, гули бодом
    2. B гуфтугӯ бо худ, чун гул зебо
    3. C роз гуфтан, бузургтарин ҳамоса
    4. D касеро хурсанд кардан, корро омӯхтан
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C роз гуфтан, бузургтарин ҳамоса

  24. 24

    Кадом ибораҳо бо алоқаи ҳамроҳӣ таркиб ёфтаанд:

    1. A пур аз ашк, аз ҳама зебо
    2. B ҳамон савор, хеле оромона
    3. C мани мискин, модари ғамхор
    4. D касеро дидан, китобро хондан
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B ҳамон савор, хеле оромона

  25. 25

    Кадоме аз гуфтаҳои зерин хусусияти ибораро ифода мекунад?

    1. A воситаи муомилаву муносибат мебошад
    2. B аломати китобат истифода мешавад
    3. C ашё ва амалро равшантар баён мекунад
    4. D анҷоми амалро ифода мекунад
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C ашё ва амалро равшантар баён мекунад

  26. 26

    Кадоме аз гуфтаҳои зерин хусусияти ибораро ифода мекунад?

    1. A дорои оҳанги махсус мебошад
    2. B дорои калимаи асосӣ ва тобеъ мебошад
    3. C воситаи муомилаю муносибат мебошад
    4. D аломатҳои китобат истифода мешавад
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B дорои калимаи асосӣ ва тобеъ мебошад

  27. 27

    Ҷузъҳои асосии ибораҳои “баҳори дилфиреб” ва “себи хубонӣ” ба кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?

    1. A зарф
    2. B феъл
    3. C сифат
    4. D исм
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D исм

  28. 28

    Ибораеро муайян намоед, ки дар қолаби исм + исм сохта шуда бошад.

    1. A дарёи равон
    2. B гул барин зебо
    3. C ҷилои ситораҳо
    4. D хеле эҳтиёткорона
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C ҷилои ситораҳо

  29. 29

    Дар кадом қатор ибораҳои сифатӣ дода шудаанд?

    1. A сафедори баланд, оби зулол
    2. B аз арақ тар, то замин овезон
    3. C аз боло даҳум, дуи дигар
    4. D чой нӯшидан, гӯш додан
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B аз арақ тар, то замин овезон

  30. 30

    Дар кадом қатор ибораҳои сифатӣ дода шудаанд?

    1. A ин ҳама маълумотҳо, чанде аз шоирон
    2. B зада-зада пеш кардан, тозон рафтан
    3. C шикори бо шоҳин, китобҳои мантиқ
    4. D дар сухан холис, дар амал бепарво
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D дар сухан холис, дар амал бепарво