Забони тоҷикӣ: Морфология

Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 30, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 244. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.

  1. 1

    Кадом калимаҳо исманд?

    1. A анҷомёфта, иҷрокарда
    2. B сарнавишт, якдилӣ
    3. C парерӯз, пасфардо
    4. D пешқадам, хабаркаш
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B сарнавишт, якдилӣ

  2. 2

    Кадом калимаҳо исманд?

    1. A паёпай, лаболаб
    2. B гулобӣ, қаҳваранг
    3. C дилрабо, хушхиром
    4. D тоҷикдухтар, модарарус
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D тоҷикдухтар, модарарус

  3. 3

    Кадом калимаҳо исманд?

    1. A пешқадам, пошнабаланд
    2. B мағлубшуда, шӯрапушт
    3. C паҳлавонҷусса, зӯрозмо
    4. D каҷравӣ, кӯрнамакӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D каҷравӣ, кӯрнамакӣ

  4. 4

    Исмҳои маъниро нишон диҳед:

    1. A намоишгоҳ, парастишгоҳ
    2. B мардигарӣ, боронгарӣ
    3. C қаламдон, намакдон
    4. D шаршара, ғулғула
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B мардигарӣ, боронгарӣ

  5. 5

    Исмҳои маъниро нишон диҳед:

    1. A сӯзанӣ, равшанӣ
    2. B санглох, пӯстлох
    3. C меъморӣ, наққошӣ
    4. D шохсор, чашмасор
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C меъморӣ, наққошӣ

  6. 6

    Исмҳои мураккабе, ки аз ду асоси замони ҳозираи феъл сохта шудаанд:

    1. A гирудор, давутоз
    2. B кофтуков, пухтупаз
    3. C дидадаро, қаламтарош
    4. D додугирифт, гуфтушунид
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A гирудор, давутоз

  7. 7

    Исмҳои мураккабе, ки аз асосҳои замони гузашта ва ҳозираи феъл сохта шудаанд.

    1. A гирудор, давутоз
    2. B кофтуков, пухтупаз
    3. C дидадаро, қаламтарош
    4. D додугирифт, гуфтушунид
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B кофтуков, пухтупаз

  8. 8

    Исмҳои мураккабе, ки аз асосҳои замони гузашта ва ҳозираи феъл сохта шудаанд.

    1. A пурсуков, равуо
    2. B тохтутоз, ҷастухез
    3. C сартарош, хандоханд
    4. D рафтуомад, шикастурехт
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B тохтутоз, ҷастухез

  9. 9

    Кадоме аз ин исмҳои мураккаб аз сифат ва исм сохта шудаанд?

    1. A ошпаз, сартарош
    2. B даводав, пурсупос
    3. C зебосанам, ҷавонзан
    4. D модаркалон, хушдоман
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C зебосанам, ҷавонзан

  10. 10

    Ҷузъҳои кадом исмҳои мураккаб аз исм ва сифат иборатанд?

    1. A давутоз, равуой
    2. B ғаллакор, ошпаз
    3. C гуфтугузор, рафтуомад
    4. D латтакуҳна, модаркалон
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D латтакуҳна, модаркалон

  11. 11

    Кадоме аз ин исмҳои мураккаб аз исм ва асоси замони гузаштаи феъл сохта шудааст?

    1. A ошпаз
    2. B пурсупос
    3. C сарнавишт
    4. D гуфтугузор
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C сарнавишт

  12. 12

    Кадоме аз ин исмҳои мураккаб аз асосҳои замони ҳозира ва гузаштаи феъл сохта шудааст?

    1. A корбаст
    2. B бастабанд
    3. C бандубаст
    4. D шикастабанд
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C бандубаст

  13. 13

    Исми мураккабе, ки аз асосҳои замони гузашта ва ҳозираи феъл сохта шудааст.

    1. A равуо
    2. B задухӯрд
    3. C бандубаст
    4. D шустушӯй
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D шустушӯй

  14. 14

    Кадом исмҳои мураккаб аз асосҳои замони гузашта ва ҳозираи феъл сохта шудаанд?

    1. A гирумон, давутоз
    2. B рӯбардор, сиёҳнавис
    3. C гуфтугӯ, шиштухез
    4. D гуфтушунид, додугирифт
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C гуфтугӯ, шиштухез

  15. 15

    Кадом исмҳои мураккаб аз ду асоси замони ҳозираи феъл бо садоноки пайвасткунанда сохта шудаанд?

    1. A гуфтушунид, рафтуомад
    2. B гирдогирд, давродавр
    3. C даводав, кашокаш
    4. D ҳаёҳуй, додувой
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C даводав, кашокаш

  16. 16

    Кадом пасвандҳо исмҳои ифодакунандаи макон ва ё фаровонии ашё месозанд?

    1. A -ӣ (гӣ), -гарӣ, -иш
    2. B -зор, -истон, -гоҳ
    3. C -чӣ, -гар, -гор
    4. D -а, -ак, -ча
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B -зор, -истон, -гоҳ

  17. 17

    Кадом пасвандҳо исмҳои ифодакунандаи номи касбу кор ва машғулият месозанд?

    1. A -ӣ (гӣ), -гарӣ, -иш
    2. B -зор, -истон, -гоҳ
    3. C -чӣ, -гар, -гор
    4. D -а, -ак, -ча
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C -чӣ, -гар, -гор

  18. 18

    Кадом пасвандҳо исмҳои ифодакунандаи номи аломат, хислат ва амал месозанд?

    1. A -ӣ (гӣ), -гарӣ, -иш
    2. B -зор, -истон, -гоҳ
    3. C -чӣ, -гар, -гор
    4. D -а, -ак, -ча
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A -ӣ (гӣ), -гарӣ, -иш

  19. 19

    Исмҳо дар кадом қатор ҷой гирифтаанд?

    1. A зиндагонӣ, меҳрубонӣ
    2. B нимашабӣ, бомдодӣ
    3. C раҳмдил, дилкушо
    4. D якумин, даҳумин
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A зиндагонӣ, меҳрубонӣ

  20. 20

    Исмҳо дар кадом қатор ҷой гирифтаанд?

    1. A хандонрӯй, вафодор
    2. B кадомин, чандумин
    3. C сӯзангар, хизматгор
    4. D омӯхтан, шунидан
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C сӯзангар, хизматгор

  21. 21

    Исмҳои дар қолаби шумора + исм сохташударо муайян намоед:

    1. A даҳӣ, садӣ
    2. B гӯшмол, гӯшзад
    3. C ҳафтод, ҳафтсад
    4. D чорбоғ, чорпо
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D чорбоғ, чорпо

  22. 22

    Исмҳои дар қолаби шумора + исм сохташударо муайян намоед:

    1. A чоряк, шашяк
    2. B садбарг, дутор
    3. C сесад, панҷсад
    4. D панҷгир, панҷум
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B садбарг, дутор

  23. 23

    Исмҳои дар қолаби шумора + исм сохташударо муайян намоед:

    1. A ҳафта, чилбур
    2. B чордаҳ, чорсад
    3. C яккатоз, яккахон
    4. D душанбе, шашпар
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D душанбе, шашпар

  24. 24

    Кадом исмҳои мураккаб аз ду асоси замони ҳозираи феъл сохта шудаанд?

    1. A сайругашт, нигоҳубин
    2. B гуфтушунид, задухӯрд
    3. C ҷастухез, кофтуков
    4. D равуой, шинухез
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D равуой, шинухез

  25. 25

    Кадом исмҳои мураккаб аз ду асоси замони ҳозираи феъл сохта шудаанд?

    1. A гуфтугӯ, рафтуой
    2. B сарутан, обуранг
    3. C давутоз, пурсуков
    4. D сартарош, ошпаз
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C давутоз, пурсуков

  26. 26

    Кадом исмҳои мураккаб аз ду асоси замони ҳозираи феъл сохта шудаанд?

    1. A гирудор, шинухез
    2. B тохтутоз, пухтупаз
    3. C рӯбардор, тозанавис
    4. D шикастурехт, додугирифт
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A гирудор, шинухез

  27. 27

    Пасвандҳои -ӣ(-гӣ), -ин(-ина) дар сохтани кадом ҳиссаи нутқ иштирок мекунанд?

    1. A исм
    2. B феъл
    3. C сифат
    4. D шумора
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C сифат

  28. 28

    Пасвандҳои -она, -манд дар сохтани кадом ҳисссаи нутқ иштирок мекунанд?

    1. A исм
    2. B шумора
    3. C сифат
    4. D феъл
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C сифат

  29. 29

    Пасвандҳои -гун, -нок дар сохтани кадом ҳиссаи нутқ иштирок мекунанд?

    1. A исм
    2. B зарф
    3. C сифат
    4. D феъл
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C сифат

  30. 30

    Имлои исм бо шумораи миқдорӣ дар кадом банд дуруст аст?

    1. A ду саворагон
    2. B ду саворҳо
    3. C ду саворон
    4. D ду савор
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D ду савор