Забони тоҷикӣ: Лексика. Фразеология
Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 30, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 175. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.
- 1
Ҳаммаъноҳои калимаи форам.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D гуворо, дилнишин
- 2
Ҳаммаъноҳои калимаи дилкаш.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B дилписанд, хушоянд
- 3
Ҳаммаъноҳои калимаи пиндор.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C андеша, фикр
- 4
Ҳаммаъноҳои калимаи фоида.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B нафъ, суд
- 5
Ҳаммаъноҳои калимаи ирода.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B азм, ният
- 6
Ҳаммаъноҳои калимаи басар.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B чашм, дида
- 7
Ҳаммаъноҳои калимаи амр.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C фармоиш, супориш
- 8
Аз рӯйи мазмуни байт ҳаммаъноҳои калимаи мутрибро муайян намоед: Мутриби хушнаво бигӯ, тоза ба тоза, нав ба нав, Бодаи дилкушо биҷӯ, тоза ба тоза, нав ба нав. Ҳофизи Шерозӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B навозанда ва сароянда
- 9
Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи сенуқта ҳаммаънои калимаи садоро гузоред: Фотима бо шунидани ...и пойи шавҳараш Ҳушангро хезонд. С. Улуғзода
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A шарфа
- 10
Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи сенуқта ҳаммаънои калимаи хоначаро гузоред: Дар хилвати ...и даруни боғ сухан офарида мешавад. С. Улуғзода
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A ҳуҷра
- 11
Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи сенуқта ҳаммаънои ибораи эҷод мегардадро гузоред: Дар хилвати ҳуҷраи даруни боғ сухан ... . С. Улуғзода
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C офарида мешавад
- 12
Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи сенуқта ҳаммаънои калимаи занҷирро гузоред: Шоир аз он ... шаддаҳои дурру гавҳари сухан ҳамоил месозад. С. Улуғзода
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C силсила
- 13
Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи сенуқта ҳаммаънои калимаи овезонро гузоред: Шоир аз он силсила шаддаҳои дурру гавҳари сухан ... месозад. С. Улуғзода
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C ҳамоил
- 14
Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи сенуқта ҳаммаънои калимаи танҳоиро гузоред: Дар ...и ҳуҷраи даруни боғ сухан офарида мешавад. С. Улуғзода
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C хилват
- 15
Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи сенуқта ҳаммаънои калимаи аспбонро гузоред: ... дар ҳавлии берун назди тавила ду аспро қашав мекард. С. Улуғзода
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A Саис
- 16
Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи сенуқта ҳаммаънои калимаи аспхонаро гузоред: Саис дар ҳавлии берун назди ... ду аспро қашав мекард. С. Улуғзода
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C тавила
- 17
Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи сенуқта ҳаммаънои калимаи барзгарро гузоред: Исми ... ба ҳамин қабил мардумон мансуб будааст. С. Улуғзода
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B деҳқон
- 18
Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи сенуқта ҳаммаънои калимаи парокандаро гузоред: Рӯз сафед мешуд, аз байни абрҳои ... ситораҳои хира метофтанд. С. Турсун
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D парешон
- 19
Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи сенуқта ҳаммаънои калимаи аҷоибро гузоред: Серёжа ба ман номи он ҳайвонҳои ... ва мурғони аҷоибро як-як гуфта, дар куҷоҳо зистанашро ҳикоя мекард. С. Улуғзода
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C ғалатӣ
- 20
Кадом калима бо калимаи одил дар ҷумлаи зерин ҳаммаъност? Исмоили Сомонӣ дар замони худ ҳамчун амири одил ном бароварда будааст. С. Ҳалимиён
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B додгар
- 21
Кадом калима бо калимаи бахтиёр дар ҷумлаи зерин ҳаммаъност? Дар дунё бахтиёр он касе аст, ки соҳиби илм ва дониш бошад. С. Айнӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C хушбахт
- 22
Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи сенуқта ҳаммаънои мувофиқи калимаи нигарониро гузоред: Аммо баъди ...и бисёр боз Саидакбархоҷа наомадааст. С. Айнӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C интизорӣ
- 23
Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи сенуқта ҳаммаънои калимаи ҳамроҳ (шарик)-ро гузоред: ...и кунҷи танҳоӣ китоб аст. Абдурраҳмони Ҷомӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D анис
- 24
Ба ҷойи сенуқта ҳаммаънои калимаи андалебро гузоред. Бе ту дар тӯю тамошоҳо шудам, Бе ту гоҳо ...и гӯё шудам. М. Турсунзода
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C булбул
- 25
Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи калимаи гузаштагон ҳаммаънои мувофиқашро гузоред: Гузаштагони халқи мо дар обод кардани биёбонҳо, ба гулистон кардани чӯлистонҳо ҳам ҳунарманд буданд. С. Айнӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B аҷдодон
- 26
Зидмаънои калимаи фурӯғро муайян кунед: Дил наёромад зи гуфтори дурӯғ, Обу равған ҳеҷ нафрӯзад фурӯғ. Ҷалолиддини Балхӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B торикӣ
- 27
Зидмаънои калимаи фархундаро муайян кунед: Ҳаме гуфт к-ин рӯз фархунда бод! Дили бадсиголони мо канда бод! Абулқосими Фирдавсӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A бад
- 28
Зидмаънои калимаи барноро муайян кунед: Ба ҳар неку бад шоҳи озодмард, Ба фарзанди барно зада боди сард. Абулқосими Фирдавсӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D пир
- 29
Зидмаънои калимаи сипеҳрро муайян кунед: Бар ин достон низ шаб даргузашт, Сипеҳр аз бари хоки тира бигашт. Абулқосими Фирдавсӣ
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C замин
- 30
Ибораро бо зидмаънои калимаҳои мувофиқ, созгор пурра кунед: боди ...
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C мухолиф