Физика: Оптика
Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 30, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 82. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.
- 1
Шуоъ таҳти кунҷи 30° ба сатҳи шиша меафтад. Кунҷи инъикоси шуоъ чӣ қадар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B 30°
- 2
Дар чӣ қадар вақт рӯшноӣ аз Офтоб ба сатҳи Замин меафтад? Суръати рӯшноиро дар ҳаво 3⋅10⁸ м/с қабул кунед. Масофаи миёнаи байни Замин ва Офтоб 150⋅10⁶ км аст.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C 500 с
- 3
Шуои рӯшноӣ ҳангоми гузаштан аз ҳаво ба об самти худро бо наздик шудан ба хатти амудӣ тағйир медиҳад. Ин ҳодиса чӣ ном дорад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D шикасти рӯшноӣ
- 4
Рӯшноии сафеде, ки аз призмаи шишагӣ мегузарад, ба ҳафт ранги басомаду дарозиҳои мавҷашон гуногун ҷудо мешавад. Ин ҳодиса чӣ ном дорад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B дисперсияи рӯшноӣ
- 5
Интерференс дар кадом мавҷҳо мушоҳида мешавад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A дар мавҷҳои механикӣ, садо ва электромагнитӣ (рӯшноӣ)
- 6
Ҳодисаи ҷамъшавии ду мавҷ, ки дар натиҷаи он манзараи пурқувватшавӣ ва сустшавии лаппишҳои рӯшноӣ мушоҳида мешавад, чӣ ном дорад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B интерференс
- 7
Дифраксия дар кадом мавҷҳо мушоҳида мешавад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C дар мавҷҳои механикӣ, садо ва электромагнитӣ (рӯшноӣ)
- 8
Барои ислоҳ намудани наздикбинӣ кадом линзаро метавон истифода намуд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B линзаи фурӯхамидаи қувваи оптикиаш – 0,5 дптр
- 9
Барои ислоҳ намудани дурбинӣ кадом линзаро бояд истифода намуд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C линзаи ҷамъоварандаи қувваи оптикиаш + 0,5 дптр
- 10
Масофаи биниши беҳтарини чашми солими одам чӣ қадар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B 25 см
- 11
Масофаи беҳтарини биниши чашми одами дурбин чӣ қадар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Аз 25 см зиёдтар аст.
- 12
Қувваи оптикии айнаки одаме, ки нуқсони дурбинӣ дорад, ба +2,5 дптр баробар аст. Масофаи конунии (фокусӣ) линзаи айнакро муайян кунед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D 40 см
- 13
Қувваҳои оптикии чор линза ба D₁ = 1 дптр, D₂ = 2 дптр, D₃ = 4 дптр ва D₄ = 10 дптр баробаранд. Масофаи конунии (фокусӣ) кадом линза аз ҳама зиёдтар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B якум
- 14
Қувваҳои оптикии чор линза мувофиқан ба 1 дптр, 0,8 дптр, 0,5 дптр ва 0,1 дптр баробаранд. Масофаи конунии (фокусӣ) кадом линза аз ҳама зиёдтар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C чорум
- 15
Масофаи конунии (фокусӣ) линза ба F = 0,1 м баробар аст. Қувваи оптикии линзаро ёбед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B 10 дптр
- 16
Масофаи конунии (фокусӣ) объективи телескопи ҳозиразамон 20 м буда, масофаи конунии окуляри он 0,1 м аст. Калонкунии телескопро муайян кунед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A 200
- 17
Масофаи биниши беҳтарини чашми одами наздикбин чӣ қадар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A камтар аз 25 см
- 18
Заррача соҳиби импулси Р = 18∙10⁻²³ кг∙м/с мебошад. Суръати ҳаракати заррача чӣ қадар аст? Массаи заррачаро m = 9∙10⁻³¹ кг қабул кунед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A 2∙10⁸ м/с
- 19
Импулси фотони дарозии мавҷаш λ = 3∙10⁻⁹ м-ро ёбед. Доимии Планкро h = 6,63∙10⁻³⁴ Ҷ∙с қабул кунед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C 2,21∙10⁻²⁵ кг∙м/с
- 20
Радифи сунъии Замин (спутник) барои мушоҳида кардан ва инчунин санҷидани ҳарорати Замин истифода бурда мешавад. Кадоме аз намудҳои радиатсияи электромагнитиро ҳисобкунаки (датчик) радиф метавонад мушоҳида ва ошкор созад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C нурҳои инфрасурх
- 21
Бо кадом сабаб ҳангоми ба сатҳи ҷисми мутлақ сиёҳ афтидани рӯшноӣ гармшавии ҷисм мушоҳида мешавад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Ҷисм рӯшноиро пурра фурӯ мебарад.
- 22
Мувофиқатро муайян кунед:
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 1, B — 4, C — 5, D — 2
- 23
Мувофиқатро муайян кунед:
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 2, B — 3, C — 4, D — 5
- 24
Мувофиқати кунҷи афтиши шуои рӯшноӣ ва кунҷи байни шуои афтанда ва инъикосшударо муайян кунед:
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 3, B — 2, C — 5, D — 4
- 25
Мувофиқатро муайян кунед:
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 5, B — 1, C — 2, D — 3
- 26
Амалҳои додашуда бо кадом асбобҳои оптикӣ гузаронида мешаванд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 5, B — 4, C — 2, D — 1
- 27
Мувофиқати бузургии физикӣ ва формуларо муайян кунед:
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 5, B — 1, C — 4, D — 2
- 28
Мувофиқатро муайян кунед:
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 2, B — 3, C — 4, D — 5
- 29
Мувофиқати бузургии физикӣ ва воҳиди ченакро муайян кунед:
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A — 3, B — 5, C — 4, D — 1
- 30
Сели рӯшноии Ф = 4 люмен ба сатҳи масоҳаташ S = 100 см² меафтад. Равшании сатҳ чӣ қадар аст? Ҷавобро бо люкс нависед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 400