Физика: Физикаи атом ва ядрои атом
Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 11, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 94. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.
- 1
Элементи химиявиеро нишон диҳед, ки дар таркиби ядрои атоми он 3 протон ва 4 нейтрон мавҷуд аст.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A литий
- 2
Элементеро муайян кунед, ки дар таркиби атоми он 16 электрону дар таркиби ядрои он 16 протон ва 16 нейтрон мавҷуд аст.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A сулфур
- 3
Элементи химиявиеро муайян кунед, ки дар таркиби атоми он 78 электрон ва дар таркиби ядрои он 78 протон ва 117 нейтрон мавҷуд аст.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D платина
- 4
Моддаҳои радиоактивӣ кадом нурҳои ба организми зинда зарароварро меафкананд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B α, β ва γ-нурҳо
- 5
Кадом зарраҳо мавҷҳои электромагнитие мебошанд, ки дарозии мавҷашон аз дарозии мавҷи нурҳои рентгенӣ камтар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A гамма-зарраҳо
- 6
Кадом зарраҳо сели ядроҳои атоми ҳелий мебошанд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D алфа-зарраҳо
- 7
Кадом зарраҳо сели электронҳои тезҳаракат мебошанд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C бета-зарраҳо
- 8
Кадом нурҳо қобилияти гузарандагии калонтаринро доранд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D танҳо γ-нурҳо
- 9
Қобилияти гузарандагии кадом нурҳо камтарин аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A танҳо α-нурҳо
- 10
Электронҳо дар гирди ядрои атом аз рӯйи мадорҳои муайяне (қабатҳои электронӣ) давр мезананд. Миқдори зиёдтарини электронҳоро муайян кунед, ки дар қабати электронии дуюм (n = 2) ғунҷида метавонад.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 8
- 11
Рақами тартибии элементи химиявӣ ҳангоми алфа-коҳиш чанд воҳид кам мешавад? Ҷавобро дар шакли адад нависед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 2