Физика: Электродинамика
Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 30, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 259. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.
- 1
Ҷисм танҳо заряди манфӣ дорад, агар он
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B танҳо электронҳо дошта бошад.
- 2
Ҷисм танҳо заряди мусбат дорад, агар он
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D электронҳо надошта бошад.
- 3
Агар ҷисми нейтрал (безаряд) танҳо электронҳоро қабул кунад, он
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B манфӣ заряднок мешавад.
- 4
Дар байни ду лавҳаи мусбат ва манфӣ заряднокбуда саққои зарядноки беҳаракат ҷойгир аст. Агар саққо заряди мусбат дошта бошад, он ба лавҳаҳо ҷазб мешавад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Танҳо ба лавҳаи зарядаш манфӣ ҷазб мешавад.
- 5
Дар байни ду лавҳаи мусбат ва манфӣ заряднокбуда саққои зарядноки беҳаракат ҷойгир аст. Агар саққо заряди манфӣ дошта бошад, он ба лавҳаҳо ҷазб мешавад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Танҳо ба лавҳаи зарядаш мусбат ҷазб мешавад.
- 6
Кадом модда ҷараёни электриро мегузаронад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A намакоб
- 7
Кадом модда ҷараёни электриро намегузаронад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C резин
- 8
Барои заряднок кардани конденсатор онро ба кадом таҷҳизоти электрӣ пайваст бояд кард?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B аккумулятор
- 9
Бо зиёд кардани масофа байни лавҳаҳои конденсатор ғунҷоиши электрии конденсатор тағйир меёбад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Кам мешавад.
- 10
Бо кам кардани масофаи байни лавҳаҳои конденсатори ҳамвор ғунҷоиши электрии конденсатор тағйир меёбад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Зиёд мешавад.
- 11
Агар масоҳати лавҳаҳои конденсатори ҳамворро зиёд кунанд, ғунҷоиши электрии конденсатор тағйир меёбад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Зиёд мешавад.
- 12
Бо зиёд кардани ғафсии қабати диэлектрики байни лавҳаҳои конденсатори ҳамвор ғунҷоиши электрии конденсатор тағйир меёбад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Кам мешавад.
- 13
Агар масоҳати лавҳаҳои конденсатори ҳамворро кам кунем, ғунҷоиши электрии конденсатор тағйир меёбад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Кам мешавад.
- 14
Аз қитъаи занҷири шиддати электриаш U = 12 В заряди электрии q = 0,002 Кл мегузарад. Кори ҷараёни электриро дар ин қитъа муайян кунед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A 0,024 Ҷ
- 15
Батарей ду конденсатори параллел пайвастшудаи ғунҷоиши электриашон С₁ = 20 мкФ ва С₂ = 40 мкФ дорад. Ғунҷоиши электрии умумии конденсаторҳо чӣ қадар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C 60 мкФ
- 16
Ғунҷоиши электрии конденсатори ҳамвор С = 1 мкФ мебошад. Фарқи потенсиалҳои байни лавҳаҳои он U = 12 В аст. Энергияи электрии конденсаторро ёбед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A 72 мкҶ
- 17
Ҳангоми ба манбаи ҷараён пайваст кардани ноқил аз масоҳати бурриши арзии он дар 20 мс заряди электрии 10 мКл мегузарад. Қувваи ҷараён дар ноқил чӣ қадар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D 0,5 А
- 18
Агар қувваи ҷараён дар спирали манқал (плитка)-и электрӣ 0,7 А бошад, дар чанд вақт аз бурриши арзии спирал заряди 7 Кл мегузарад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C 10 с
- 19
Агар қувваи ҷараёни электрӣ дар лампаи фонуси кисагӣ I = 0,3 А бошад, аз бурриши арзии мӯяки тафсониши лампа дар t = 0,1 с чӣ қадар заряд мегузарад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D 0,03 Кл
- 20
Сабаби муқовимати электрӣ дар ноқил чист?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C бархӯрди электронҳо бо ионҳо
- 21
Дарозии сими мисинро се маротиба кам карданд. Муқовимати электрии сим чӣ гуна тағйир ёфт?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A 3 маротиба кам шуд.
- 22
Дарозии сими алюминиро се маротиба зиёд карданд. Оё муқовимати электрии сим тағйир меёбад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Ҳа, 3 маротиба зиёд мешавад.
- 23
Оё муқовимати электрии металлҳо дар раванди гарм кардани онҳо тағйир меёбад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Зиёд мешавад.
- 24
Чӣ барандаи заряди электрӣ дар нимноқилҳо аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D электронҳо ва сӯрохиҳо
- 25
Дар вақти кори лабораторӣ талаба барои чен кардани қувваи ҷараёни электрӣ дар занҷири электрӣ кадом асбобро метавонад истифода барад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A амперметр
- 26
Дар вақти кори лабораторӣ талаба барои ба танзим даровардани (зиёд ва кам кардан) қувваи ҷараёни электрӣ дар занҷири электрӣ кадом асбобро метавонад истифода барад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D реостат
- 27
Реостат ва амперметр ба батарей пай дар пай пайваст шудаанд. Агар дар реостат муқовимати электриро 2 маротиба кам кунем, нишондоди амперметр чӣ гуна тағйир меёбад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D 2 маротиба зиёд мешавад.
- 28
Ба батарей реостат ва лампаи электрӣ пай дар пай пайваст шудаанд. Агар дар реостат муқовимати электриро зиёд кунем, қувваи ҷараёни электрӣ дар лампа тағйир меёбад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A Кам мешавад.
- 29
Дар вақти кори лабораторӣ талаба барои чен кардани шиддати электрӣ дар лампа кадом асбобро метавонад истифода барад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B волтметр
- 30
Дар занҷир ду ноқил пай дар пай васл карда шудаанд. Шиддати электрӣ дар ноқили якум U₁ = 2 В ва дар ноқили дуюм U₂ = 3 В аст. Шиддати электрии пурраро дар симҳои ҷараёнгузар муайян кунед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C 5 В