Физика: Физикаи молекулавӣ ва термодинамика
Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 30, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 127. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.
- 1
Ҳангоми ранг кардани фарш бӯйи ранг дар хона тез паҳн мешавад. Кадоме аз ҳодисаҳои физикии дар поён овардашуда ин ҳодисаро шарҳ медиҳад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A диффузия
- 2
Массаи ν = 1 000 мол газ ба m = 28 кг баробар аст. Массаи молярии газро муайян карда, нишон диҳед, ки ин кадом газ аст.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B нитроген
- 3
Массаи 1 000 мол оксиген чӣ қадар аст? Массаи молярии оксигенро М = 0,032 кг/мол қабул кунед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D 32 кг
- 4
Дар зарфи даҳонаш маҳкам гази массааш m = 14 кг дар шароити муътадил мавҷуд аст. Агар миқдори моддаи газ ν = 500 мол бошад, массаи молярии газ чӣ қадар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A 0,028 кг/мол
- 5
Дар зарфи даҳонаш маҳкам m = 2 кг ҳидроген дар шароити муътадил мавҷуд аст. Массаи молярии ҳидрогенро дониста, миқдори моддаро дар массаи додашудаи газ муайян кунед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B 1 000 мол
- 6
Вазни нитроген дар зарфи маҳкам Р = 28 Н аст. Дар ин массаи нитроген миқдори модда ν = 100 мол аст. Массаи молярии нитрогенро ёбед. Шитоби афтиши озодро g = 10 м/с² қабул кунед. Массаи зарфи холиро ба эътибор нагиред.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D 0,028 кг/мол
- 7
Чор баллони якхела бо газҳо пур карда шуданд: якум бо ҳидроген, дуюм бо оксиген, сеюм бо гази карбонат (дуоксиди карбон) ва чорум бо нитроген. Массаи кадом баллон аз ҳама зиёдтар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D сеюм
- 8
Массаи ν = 100 мол оксиген чӣ қадар аст? Массаи молярии оксигенро М = 0,032 кг/мол қабул кунед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C 3,2 кг
- 9
Дар зарфи маҳкам таҳти фишори 100 кПа гази ҳаҷмаш 3 л воқеъ аст. Ҳаҷми газро ҳангоми то 300 кПа зиёд кардани фишор муайян кунед (Т = соnst).
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B 1 л
- 10
Дар баллон ҳавои ҳаҷмаш 20 л таҳти фишори 100 кПа мавҷуд аст. Таҳти чӣ қадар фишор ҳаҷми ҳаво дар баллон ба 10 л баробар хоҳад шуд (Т = const)?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C 200 кПа
- 11
Дар баллон таҳти фишори 100 кПа ҳавои ҳаҷмаш 30 л мавҷуд аст. Агар фишорро то 200 кПа зиёд кунем, ҳаҷми газ чӣ қадар хоҳад шуд (Т = const)?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A 15 л
- 12
Дар зарфи даҳонаш маҳкам гази ҳаҷмаш V₁ = 0,004 м³ ва ҳарораташ Т₁ = 527 °С мавҷуд аст. Агар ҳангоми доимӣ будани фишор ҳарорати газро то Т₂ = –73 °С паст кунем, ҳаҷми газ чӣ қадар мешавад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B 1 л
- 13
Дар баллон ҳавои ҳаҷмаш 30 л таҳти фишори 100 кПа мавҷуд аст. Таҳти чӣ қадар фишор ҳаҷми ҳаво дар баллон ба 15 л баробар хоҳад шуд (Т = const)?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D 200 кПа
- 14
Дар дохили зарфи маҳкам гази ҳарораташ 300 К таҳти фишори 150 кПа мавҷуд аст. Агар газро то ҳарорати 150 К хунук кунем, фишори газ дар зарф чӣ қадар хоҳад шуд (V = const)?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A 75 кПа
- 15
Дар раванди изохорӣ ҳарорати газ ду маротиба баланд мешавад. Фишори газ чӣ гуна тағйир меёбад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A Ду маротиба баланд мешавад.
- 16
Агар дар раванди изобарӣ ҳарорати газ ду маротиба баланд шавад, ҳаҷми газ чӣ гуна тағйир меёбад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Ду маротиба зиёд мешавад.
- 17
Дар ҳарорати Т₁ = 150 К ҳаҷми газ дар зарфи маҳкам V₁ = 1,5 л буд. Дар кадом ҳарорат ҳаҷми газ V₂ = 3 л мешавад? (P = const.)
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A 300 К
- 18
Энергияи дохилии моеъҳо вобаста аст
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D ба ҳаҷм ва ҳарорати онҳо.
- 19
Энергияе, ки ҷисм дар вақти гармигузаронӣ қабул ва ё хориҷ мекунад, чӣ ном дорад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A миқдори гармӣ
- 20
Кадом модда гармиро аз ҳама хубтар мегузаронад (гармигузаронии аз ҳама калонтар дорад)?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C металл
- 21
Кадом модда гармиро аз ҳама бадтар мегузаронад (гармигузаронии камтарин дорад)?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B пашм
- 22
Кадом муҳит гармиро хеле бад мегузаронад (гармигузарониаш аз ҳама камтар аст)?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D вакуум
- 23
Мизи чӯбин бо пояҳои металлӣ дар даруни хона ҷойгир аст. Ҳангоми даст расондан ба миз ҳис мешавад, ки пояҳои металлии миз нисбат ба чӯб хунуктаранд. Сабаб дар чист?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Металл назар ба чӯб гармиро хубтар мегузаронад.
- 24
Энергияи гармӣ аз Офтоб ба Замин бо кадом роҳ дода мешавад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A танҳо бо роҳи афканишот
- 25
Барои гарм кардани металли массааш m = 0,1 кг аз ҳарорати t₁ = 0°C то t₂ = 40°C чӣ қадар миқдори гармӣ зарур аст? Гармиғунҷоиши хоси металлро С = 70 Ҷ/кг∙°C қабул кунед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C 280 Ҷ
- 26
Барои гарм кардани металли массааш m = 2 кг аз ҳарорати t₁ = 10°C то t₂ = 100°C чӣ қадар миқдори гармӣ зарур аст? Гармиғунҷоиши хоси металлро С = 70 Ҷ/кг∙°C қабул кунед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D 12,6 кҶ
- 27
Ба роҳи таҷриба муайян шуд, ки ҳангоми тағйирёбии ҳарорати металли массааш m = 2 кг аз t₁ = 10°C то t₂ = 100°C миқдори гармии Q = 36 000 Ҷ сарф шуд. Гармиғунҷоиши хоси ин металл чӣ қадар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D 200 Ҷ/кг∙К
- 28
Ба тариқи таҷриба ошкор шуд, ки ҳангоми тағйирёбии ҳарорати металли массааш m = 0,1 кг аз t₁ = 0°C то t₂ = 40°C миқдори гармии Q = 280 Ҷ сарф шуд. Гармиғунҷоиши хоси ин металл чӣ қадар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D 70 Ҷ/кг∙°C
- 29
Ҳангоми гарм кардани газ кори А = 2 кҶ иҷро шуд. Агар фишори газ Р = 10 кПа бошад, тағйирёбии ҳаҷми газ чӣ қадар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A 0,2 м³
- 30
Кадом моддаҳо шакл ва ҳаҷми худро нигоҳ намедоранд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B газҳо