Физика: Механика
Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 30, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 269. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.
- 1
Масофаи байни ду истгоҳ ба 500 м баробар аст. Троллейбус, ки бо суръати 36 км/ст мунтазам ҳаракат мекунад, ин масофаро дар чанд вақт тай менамояд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B 50 с
- 2
Ду мошин дар як вақт аз ҳолати оромӣ мувофиқан бо суръатҳои охираи 18 км/ст ва 36 км/ст ба ҳаракат даромаданд. Шитоби мошини дуюм аз шитоби мошини якум чанд маротиба зиёдтар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B 2
- 3
Моҳ ҳангоми давр задан дар гирди Замин дар 6 соат масофаи 21 600 км-ро тай мекунад. Суръати хаттии Моҳро ёбед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D 3 600 км/ст
- 4
Ҳангоми канда шудан аз замин тайёра бо шитоби 10 м/с² парвоз мекард. Баъди чанд вақт пас аз оғози ҳаракат суръати тайёра ба 180 м/с баробар шуд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A 18 с
- 5
Ду варзишгар дар як вақт аз оғози ҳаракат мувофиқан бо шитоби доимии 0,1 м/с² ва 0,05 м/с² давида истодаанд. Суръати варзишгари якум аз суръати варзишгари дуюм чанд маротиба зиёдтар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D 2
- 6
Варзишгар дар 30 сония бо шитоби 0,1 м/с² ҳаракат мекард. Суръати ибтидоии ӯ 0,5 м/с буд. Суръати интиҳоии варзишгарро муайян кунед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B 3,5 м/с
- 7
Дар давоми 20 сония аз оғози ҳаракат мошин бо шитоби доимии 1 м/с² ҳаракат мекунад. Суръати интиҳоии мошинро ёбед. Суръати аввалаи мошин ба сифр баробар аст.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D 20 м/с
- 8
Агар варзишгар бо шитоби доимии 1 м/с² давад, дар 20 с чӣ қадар масофаро тай карда метавонад? Суръати ибтидоии варзишгар ба сифр баробар аст.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D 200 м
- 9
Ҷисмҳо аз рӯйи давра ҳаракат карда, дар як вақт ҷисми якум ба кунҷи 30°, дуюм ба 45°, сеюм ба 90° ва чорум ба 180° гардиш менамоянд. Суръати хаттии кадом ҷисм аз ҳама зиёдтар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D чорум
- 10
Даври гардиши Замин дар гирди Офтоб тахминан чӣ қадар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B 365 шбрз
- 11
Ҷисмҳо аз рӯйи давра ҳаракат мекунанд. Дар фосилаи вақти якхела ҷисми якум ба кунҷи 45°, дуюм ба 60°, сеюм ба 180° ва чорум ба 360° гардиш намуданд. Суръати кунҷии кадом ҷисм аз ҳама зиёдтар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D чорум
- 12
Барои ҳосил кардани ҷараёни электрӣ ротори муҳаррики электрӣ бояд дар 1 сония 50 гардиш кунад. Басомади гардиши ротор чӣ қадар хоҳад буд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D 50 гар/с
- 13
Дар 1 сония ротори генератор 50 гардиш мекунад. Даври гардиши ротор чӣ қадар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D 0,02 с
- 14
Ҷисм ҳангоми аз рӯйи давра ҳаракат кардан дар 10 с масофаи 60 м-ро тай мекунад. Суръати хаттии ҷисмро ёбед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D 6 м/с
- 15
Зарфҳои якхелаи ҳаҷми ҳар кадомаш 1 литр бо моеъ пур карда шудаанд. Якум бо бензин, дуюм бо карасин, сеюм бо об ва чорум бо симоб. Зичии моеъҳо мувофиқан ба 700 кг/м³, 800 кг/м³, 1 000 кг/м³ ва 13 600 кг/м³ баробар аст. Массаи зарфи бо кадом моеъ пуркардашуда аз ҳама зиёдтар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B бо симоб
- 16
Меъёри борбардории мошини боркаш 2 т аст. Оё ин мошинро бо ҳезуми хушки ҳаҷмаш V = 10 м³ бор кардан мумкин аст? Зичии ҳезуми хушкро ρ = 400 кг/м³ қабул кунед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A Не, массаи ҳезуми хушк 4 000 кг аст.
- 17
Ҳаҷми махзани (систерна) мошин 5 м³ аст. Оё ба махзан бензини массааш m = 14 т-ро рехтан мумкин аст? Зичии бензинро ρ = 700 кг/м³ қабул кунед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A Не, ҳаҷми бензин 20 м³.
- 18
Меъёри борбардории максималии кран 10 т аст. Оё бо ин кран бори пӯлодини ҳаҷмаш V = 2 м³-ро бардоштан мумкин аст? Зичии пӯлодро ρ = 7 800 кг/м³ қабул кунед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A Не, массаи бор 15,6 т.
- 19
Мошини массааш 2 000 кг дар қитъаи роҳи уфуқӣ (горизонталӣ) бо шитоби 2 м/с² ҳаракат мекунад. Дар ин маврид қувваи кашиши муҳаррики мошин чӣ қадар аст? Cоиш ва муқовимати ҳаворо ба назар нагиред.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D 4 000 H
- 20
Баскетболбоз тӯбро бо қувваи F = 30 Н ростхатта партофта, ба тӯб шитоби а = 10 м/с² бахшид. Массаи тӯб чӣ қадар аст? Муқовимати ҳаворо ба эътибор нагиред.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B 3 кг
- 21
Ба ҷисмҳои массаҳояшон m₁ = 40 кг, m₂ = 50 кг, m₃ = 30 кг ва m₄ = 45 кг қувваҳои якхела гузошта шудаанд. Кадом ҷисм таҳти таъсири қувваи ба он гузошташуда бо шитоби аз ҳама зиёдтар ҳаракат мекунад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C сеюм
- 22
Қувваи кашиши муҳаррикҳои тайёраи реактивии массааш 30 т ҳангоми парвоз 60 кН мебошад. Шитоби тайёраро ёбед. Муқовимати ҳаворо ба эътибор нагиред.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C 2 м/с²
- 23
Таҳти таъсири қувваҳои якхела чор ҷисм бо шитобҳои мувофиқан а₁ = 1 м/с², а₂ = 2 м/с², а₃ = 3 м/с² ва а₄ = 4 м/с² ҳаракат мекунанд. Массаи кадом ҷисм аз ҳама зиёдтар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A якум
- 24
Одами массааш 50 кг, ки дар китф бори массааш 10 кг-ро дорад, ба Замин бо кадом қувва таъсир мекунад? Шитоби афтиши озодро g = 10 м/с² қабул кунед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C 600 Н
- 25
Меъёри вазнбардории лифт 3 т мебошад. Оё бо ин лифт бори пӯлодини ҳаҷмаш 1 м³-ро бардоштан мумкин аст? Зичии пӯлодро 7 800 кг/м³ қабул кунед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Не, массаи бор 7 800 кг аст.
- 26
Зарфҳои якхела бо моеъҳо пур карда шудаанд: якум бо бензин, дуюм бо карасин, сеюм бо об ва чорум бо симоб. Зичии моеъҳо мувофиқан ба 700 кг/м³, 800 кг/м³, 1 000 кг/м³ ва 13 600 кг/м³ баробар аст. Вазни кадом зарфи моеъдор аз ҳама зиёдтар аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C чорум
- 27
Одами массааш 50 кг ба Замин бо кадом қувва таъсир мекунад? Шитоби афтиши озодро g = 10 м/с² қабул кунед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D 500 H
- 28
Қандиле, ки дар сақф (потолок) овезон аст, ба сақф бо қувваи 50 Н таъсир мекунад. Массаи қандил чӣ қадар аст? Шитоби афтиши озодро g = 10 м/с² қабул кунед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A 5 кг
- 29
Ба дохили лӯлаи шишагин оҳанпора, пари паранда ва пӯкро гузошта, ҳавои дохили онро кашида гирифтанд. Агар лӯларо чаппа кунанд, кадом ҷисм ба таги лӯла тезтар меафтад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D ҳама дар як вақт меафтанд
- 30
Қувваи ҷозибаи байни ду ҷисм аз чӣ вобаста аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D аз массаи ҷисмҳо ва масофаи байни онҳо