Физика: Намунаи субтести ММТ

Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 11, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 26. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.

  1. 1

    Варзишгар саққои массааш m = 2 кг-ро бо қувваи F = 30 Н мепартояд. Шитоби гирифтаи саққо чӣ қадар аст? Муқовимати ҳаворо ба эътибор нагиред.

    1. A 15 м/с²
    2. B 60 м/с²
    3. C 28 м/с²
    4. D 32 м/с²
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A 15 м/с²

  2. 2

    Мактаббача ҳангоми кӯчондани бор бо қувваи F = 30 Н кори А = 300 Ҷ-ро иҷро кард. Кӯчиши борро ҳисоб кунед. Кунҷи байни самти қувва ва самти кӯчишро ба эътибор нагиред.

    1. A 10 м
    2. B 330 м
    3. C 0,1 м
    4. D 270 м
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A 10 м

  3. 3

    Қандиле, ки дар сақф (потолок) овезон аст, ба сақф бо қувваи 50 Н таъсир мекунад. Массаи қандил чӣ қадар аст? Шитоби афтиши озодро g = 10 м/с² қабул кунед.

    1. A 5 кг
    2. B 40 кг
    3. C 500 кг
    4. D 60 кг
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A 5 кг

  4. 4

    Дар реостат навишта шудааст: 220 В, 10 А. Муқовимати электрии реостат чӣ қадар аст?

    1. A 210 Ом
    2. B 2 200 Ом
    3. C 230 Ом
    4. D 22 Ом
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D 22 Ом

  5. 5

    Оё муқовимати электрии металлҳо дар раванди гарм кардани онҳо тағйир меёбад?

    1. A Аввал кам шуда, баъд зиёд мешавад.
    2. B Зиёд мешавад.
    3. C Тағйир намеёбад.
    4. D Кам мешавад.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B Зиёд мешавад.

  6. 6

    Ҳангоми ба манбаи ҷараён пайваст кардани ноқил аз масоҳати бурриши арзии он дар 20 мс заряди электрии 10 мКл мегузарад. Қувваи ҷараён дар ноқил чӣ қадар аст?

    1. A 2 А
    2. B 10 А
    3. C 30 А
    4. D 0,5 А
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D 0,5 А

  7. 7

    Кадом нурҳо қобилияти гузарандагии калонтаринро доранд?

    1. A танҳо α-нурҳо
    2. B танҳо γ-нурҳо
    3. C α ва β-нурҳо
    4. D танҳо β-нурҳо
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B танҳо γ-нурҳо

  8. 8

    Мувофиқати бузургии физикӣ ва воҳиди ченакро муайян кунед:

    1. A энергия
    2. B қувва
    3. C тавоноӣ
    4. D суръат
    1. 1 паскал
    2. 2 ватт
    3. 3 нютон
    4. 4 ҷоул
    5. 5 метр/сония
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A — 4, B — 3, C — 2, D — 5

  9. 9

    Дар як зарф ҳидроген ва дар ҳамин гуна зарфи дигар гази карбонат дар шароити якхела мавҷуданд. Миқдори газҳо дар зарфҳо баробар аст. Қувваи вазнинии зарфи гази карбонатдор аз қувваи вазнинии зарфи ҳидрогендор чанд маротиба зиёдтар аст? Ҷавобро дар шакли адад нависед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 22

  10. 10

    Дар баллон дар зери поршен таҳти фишори 100 кПа ҳавои ҳаҷмаш 30 л мавҷуд аст. Агар фишорро то 200 кПа зиёд кунем, ҳаҷми газ чӣ қадар хоҳад шуд (Т = const)? Ҷавобро бо литр ифода намоед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 15

  11. 11

    Ҳангоми ба системаи термодинамикӣ додани миқдори муайяни гармӣ энергияи дохилии система ба ΔU = 200 Ҷ тағйир ёфта, система ба муқобили қувваҳои беруна кори А = 50 Ҷ-ро иҷро кард. Миқдори гармии ба система додашударо муайян кунед. Ҷавобро дар СИ ифода намоед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 250