Математика: Масъалаҳои матнӣ

Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 30, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 87. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.

  1. 1

    Вақте ки сайёҳ нисфи роҳ ва боз 5 км тай намуд, 15 км роҳи дигар боқӣ монд. Дарозии ҳамаи роҳ чанд километр аст?

    1. A 40
    2. B 20
    3. C 30
    4. D 50
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A 40

  2. 2

    Вақте ки сайёҳ нисфи роҳ ва боз 1 км-ро тай намуд, 12 км роҳ боқӣ монд. Дарозии ҳамаи роҳ чанд километр аст?

    1. A 13
    2. B 24
    3. C 26
    4. D 25
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C 26

  3. 3

    Вақте ки сайёҳ нисфи роҳ ва боз 4 км-ро тай намуд, 14 км роҳ боқӣ монд. Дарозии ҳамаи роҳ чанд километр аст?

    1. A 36
    2. B 18
    3. C 10
    4. D 28
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A 36

  4. 4

    Дар толор 8 гурӯҳи тамошобин, ки ҳар кадоми он аз 42 нафар иборат аст, нишастааст. Онҳо барои чипта ҳамагӣ 5 376 сомонӣ харҷ карданд. Нархи як чипта чанд сомонӣ аст?

    1. A 32
    2. B 12
    3. C 16
    4. D 24
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C 16

  5. 5

    Дар ҷамъоварии пахта 6 бригада иштирок кард, ки дар ҳар бригада 23 нафар коргар буд. Ба коргарон 10 350 сомонӣ музди кор доданд. Ҳар як коргар чанд сомонӣ гирифт?

    1. A 75
    2. B 450
    3. C 150
    4. D 65
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A 75

  6. 6

    Дар ҷамоварии пахта 8 бригада иштирок кард, ки дар ҳар бригада 24 нафар коргар буд. Музди кори коргарон 16 320 сомониро ташкил дод. Ҳар як коргар чанд сомонӣ гирифт?

    1. A 63
    2. B 120
    3. C 135
    4. D 85
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D 85

  7. 7

    Дар як баст шогирди усто 120 дастгоҳ ва худи усто 36 дастгоҳ зиёдтар тайёр карданд. Усто ва шогирд якҷоя чанд дастгоҳ тайёр карданд?

    1. A 156
    2. B 276
    3. C 204
    4. D 284
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B 276

  8. 8

    Як комбайн 432 т гандум ва комбайни дуюм 53 т камтар гандум кӯфтанд. Ҳар ду комбайн чанд тона гандум кӯфтанд?

    1. A 485
    2. B 379
    3. C 917
    4. D 811
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D 811

  9. 9

    Дар троллейбус 49 нафар савор буд. Дар истгоҳ 14 нафар фаромада, 17 нафар савор шуданд. Дар троллейбус чанд нафар шуданд?

    1. A 52
    2. B 46
    3. C 18
    4. D 80
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A 52

  10. 10

    Агар аз 20 кг зардолу 16 кг мураббо ҳосил шавад, аз 45 кг зардолу чанд килограмм мураббо ҳосил мешавад?

    1. A 24
    2. B 26
    3. C 36
    4. D 44
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C 36

  11. 11

    Агар нархи 4 м матоъ 180 сомонӣ бошад, нархи 10 м ҳамин гуна матоъ чанд сомонӣ аст?

    1. A 450
    2. B 420
    3. C 400
    4. D 480
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A 450

  12. 12

    Наргис 1 600 дирам дошт. Бо 480 дирам кулчақанд, бо 560 дирам шоколад ва бо 390 дирамаш мармалад харид. Чанд дирами Наргис боқӣ монд?

    1. A 170
    2. B 140
    3. C 160
    4. D 150
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A 170

  13. 13

    Велосипедрон 60 км роҳро дар 5 соат тай намуд. Агар ӯ суръаташро 3 км/соат зиёд кунад, ҳамин масофаро дар чанд соат тай мекунад?

    1. A 4
    2. B 1
    3. C 3
    4. D 2
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A 4

  14. 14

    Ду тайёра бо суръати якхела ҳаракат карда, яке 4 соат ва дигараш 6 соат парвоз намуд. Агар тайёраи дуюм назар ба якум 1 600 км зиёдтар масофаро тай намуда бошад, тайёраи якум чанд километр масофаро тай намуд?

    1. A 3 600
    2. B 4 800
    3. C 6 400
    4. D 3 200
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D 3 200

  15. 15

    Ҳангоми тайёр кардани мураббо барои 2 ҳисса олуча 3 ҳисса шакар лозим аст. Барои 2 кг 600 г олуча чанд килограмм шакар лозим аст?

    1. A 1,56
    2. B 1,3
    3. C 1,6
    4. D 3,9
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D 3,9

  16. 16

    Ҳангоми тайёр кардани мураббо барои 3 ҳисса шакар 2 ҳисса олуча лозим аст. Барои 4 кг 500 г шакар чанд килограмм олуча лозим аст?

    1. A 2,7
    2. B 3
    3. C 1,8
    4. D 5
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B 3

  17. 17

    Дар як зарф 4,2 л ва дар зарфи дигар 3 маротиба камтар бензин ҳаст. Дар ду зарф ҳамагӣ чанд литр бензин ҳаст?

    1. A 5,6
    2. B 5
    3. C 7
    4. D 7,2
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A 5,6

  18. 18

    Адади 2 чанд фоизи адади 8 аст?

    1. A 0,025
    2. B 0,25
    3. C 2,5
    4. D 25
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D 25

  19. 19

    Адади 1,6 чанд фоизи адади 64-ро ташкил медиҳад?

    1. A 0,25
    2. B 25
    3. C 2,5
    4. D 0,025
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C 2,5

  20. 20

    Вақте ки 55%-и майдонро кишт карданд, барои кишт боз 144 га боқӣ монд. Масоҳати ҳамаи майдон чанд гектар аст?

    1. A 348
    2. B 320
    3. C 176
    4. D 261
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B 320

  21. 21

    Вақте ки хонанда 65%-и саҳифаҳои китобро хонд, барои хондан боз 140 саҳифа боқӣ монд. Китоб аз чанд саҳифа иборат аст?

    1. A 260
    2. B 320
    3. C 400
    4. D 440
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C 400

  22. 22

    Пас аз 15% арзоншавӣ арзиши як метр матои атлас 102 сомонӣ шуд. То поёнравии нарх як метр матои атлас чанд сомонӣ буд?

    1. A 115
    2. B 120
    3. C 125
    4. D 117
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B 120

  23. 23

    Пас аз 15% қимат шудан нархи принтер 575 сомонӣ шуд. То қиматшавӣ нархи он чанд сомонӣ буд?

    1. A 500
    2. B 525
    3. C 480
    4. D 515
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A 500

  24. 24

    Аз 28 нафар хонандаи синф 21 нафар бо варзиш машғул аст. Чанд фоизи хонандагони синф варзишгаранд?

    1. A 70
    2. B 80
    3. C 75
    4. D 65
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C 75

  25. 25

    Аҳолии шаҳр дар охири сол ба 78 000 нафар расид. Афзоиши аҳолӣ дар ин сол 4%-ро ташкил дод. Дар аввали сол аҳолии шаҳр чӣ қадар буд?

    1. A 19 500 нафар
    2. B 75 000 нафар
    3. C 74 880 нафар
    4. D 74 000 нафар
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B 75 000 нафар

  26. 26

    Ба ҳисоби бонкӣ маблағи муайянеро гузоштанд, ки пас аз як сол маблағ ба 32 400 сомонӣ расид. Бонк 8% солона ба маблағи гузошташуда илова мекунад. Дар аввали сол ба бонк чанд сомонӣ гузоштанд?

    1. A 30 000 сомонӣ
    2. B 29 808 сомонӣ
    3. C 4 050 сомонӣ
    4. D 29 800 сомонӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A 30 000 сомонӣ

  27. 27

    Музди меҳнати коргар дар моҳи август 9 000 сомониро ташкил дод. Дар ин моҳ музди меҳнат дар муқоиса ба моҳи июл 20% зиёд карда шуд. Музди меҳнати коргар дар моҳи июл чӣ қадар буд?

    1. A 7 200 сомонӣ
    2. B 1 800 сомонӣ
    3. C 8 000 сомонӣ
    4. D 7 500 сомонӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D 7 500 сомонӣ

  28. 28

    Аз 20 000 нафар аҳолии шаҳр дар интихоботи раиси шаҳр 85%-и онҳо ҳуқуқи овоз доданро доранд. Дар шаҳр чанд нафар ҳуқуқи интихоб карданро дорад?

    1. A 18 500
    2. B 14 000
    3. C 17 000
    4. D 16 500
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C 17 000

  29. 29

    Дар мактабҳои ноҳия 10 000 нафар хонанда таҳсил мекунад. Дар ҷамъбасти чоряк 35%-и онҳо аз фанни математика баҳои чор гирифтанд. Чанд нафар хонанда баҳои чор гирифт?

    1. A 6 500
    2. B 3 250
    3. C 1 750
    4. D 3 500
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D 3 500

  30. 30

    Нархи хаткашак 20 дирам буд. Нарх 5% баланд карда шуд. Бо 620 дирам чанд миқдори зиёдтарини ҳамин гуна хаткашакро харидан мумкин аст?

    1. A 30
    2. B 31
    3. C 29
    4. D 28
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C 29