Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 17, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 60. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.
- 1
Тасдиқоти дурустро муайян кунед.
- A Адади дилхоҳи таркибиро ба зарбшавандаҳои сода ҷудо кардан мумкин аст.
- B Ададҳои таркибие мавҷуданд, ки онҳоро ба зарбшавандаҳои сода ҷудо кардан мумкин нест.
- C Адади 1 ба ададҳои сода мансуб аст.
- D Адади 2 ба ададҳои таркибӣ мансуб аст.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A Адади дилхоҳи таркибиро ба зарбшавандаҳои сода ҷудо кардан мумкин аст.
- 2
Тасдиқоти дурустро муайян кунед.
- A Ҳар як адади содаро ба зарбшавандаҳо ҷудо кардан мумкин аст, ки ҳар кадоми онҳо аз 1 калон аст.
- B Ҳар як адади таркибӣ фақат се тақсимкунанда дорад.
- C Ҳар як адади сода фақат ду тақсимкунанда дорад.
- D Адади 1 ҳам ба ададҳои таркибӣ ва ҳам ба ададҳои сода мансуб аст.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Ҳар як адади сода фақат ду тақсимкунанда дорад.
- 3
Тасдиқоти дурустро муайян кунед.
- A Суммаи ду адади баробар ба нол баробар аст.
- B Суммаи ду адади манфӣ ҳамеша мусбат аст.
- C Ҳосили зарби ду адади ба ҳамдигар муқобил ба 1 баробар аст.
- D Ҳар як адад танҳо як адади ба худ муқобил дорад.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Ҳар як адад танҳо як адади ба худ муқобил дорад.
- 4
Тасдиқоти дурустро муайян кунед.
- A Касри нодуруст аз як хурд аст.
- B Дар касри дуруст сурат аз махраҷ калон аст.
- C Дар касри дуруст сурат аз махраҷ хурд аст.
- D Касри дуруст аз як калон аст.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Дар касри дуруст сурат аз махраҷ хурд аст.
- 5
Тасдиқоти дурустро муайян кунед.
- A Агар сурат ва махраҷи каср ба ҳамон як адади натуралӣ зарб карда шавад, касри аз касри додашуда калон ҳосил мешавад.
- B Агар сурат ва махраҷи каср ба ҳамон як адади натуралӣ тақсим карда шавад, касри аз касри додашуда хурд ҳосил мешавад.
- C Ду касри баробар навишти гуногуни як адад мебошанд.
- D Агар ду касри нобаробар ба махраҷи умумӣ оварда шаванд, касрҳои баробар ҳосил мешаванд.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Ду касри баробар навишти гуногуни як адад мебошанд.
- 6
Тасдиқоти дурустро муайян кунед.
- A Ҳангоми ба дараҷа бардоштани адади нул як ҳосил мешавад.
- B Адади манфии нишондиҳандаи дараҷааш тоқ адади мусбат аст.
- C Адади манфии нишондиҳандаи дараҷааш ҷуфт адади мусбат аст.
- D Адади мусбати нишондиҳандаи дараҷааш тоқ адади манфӣ аст.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Адади манфии нишондиҳандаи дараҷааш ҷуфт адади мусбат аст.
- 7
Тасдиқоти дурустро муайян кунед.
- A Аз ҳама адади хурдтарини натуралӣ нул мебошад.
- B Ҳангоми ҷойивазкунии ҷамъшавандаҳо сумма тағйир меёбад.
- C Натиҷаи тарҳ фарқ ном дорад.
- D Агар аз адад нулро тарҳ кунем, нул ҳосил мешавад.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Натиҷаи тарҳ фарқ ном дорад.
- 8
Тасдиқоти дурустро муайян кунед.
- A Ҳар як адад дар натиҷаи ба он ҷамъ кардани нул зиёд мешавад.
- B Ҳар як адад дар натиҷаи аз он тарҳ кардани нул кам мешавад.
- C Суммаи ду адади муқобил ба нул баробар нест.
- D Нол аз ҳар як адади манфӣ калон аст.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Нол аз ҳар як адади манфӣ калон аст.
- 9
Тасдиқоти дурустро муайян кунед.
- A Ҳосили зарби ду адади манфӣ адади манфӣ аст.
- B Ҳосили зарби адади мусбат ва адади манфӣ адади манфӣ аст.
- C Ҳосили зарби ду адади мусбат адади манфӣ аст.
- D Ҳосили зарби адади манфӣ ва адади мусбат адади мусбат аст.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Ҳосили зарби адади мусбат ва адади манфӣ адади манфӣ аст.
- 10
Тасдиқоти нодурустро муайян кунед.
- A Ададҳои бутуни тоқ ба 3 бе бақия тақсим мешаванд.
- B Ададҳои бутуни ҷуфт ба 2 бе бақия тақсим мешаванд.
- C Ададҳои бутуни бо нул тамомшаванда ба 10 бе бақия тақсим мешаванд.
- D Ададҳои бутуни ба 6 бе бақия тақсимшаванда ба 3 бе бақия низ тақсим мешаванд.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A Ададҳои бутуни тоқ ба 3 бе бақия тақсим мешаванд.
- 11
Тасдиқоти нодурустро муайян кунед.
- A Ададҳои натуралии бо 5 тамомшаванда ба 5 бе бақия тақсим мешаванд.
- B Ададҳои натуралии ба 9 бе бақия тақсимшаванда ба 3 бе бақия тақсим мешаванд.
- C Ададҳои натуралии ба 6 тамомшаванда ба 6 бе бақия тақсим мешаванд.
- D Ададҳои натуралии ба 22 бе бақия тақсимшаванда ба 11 бе бақия тақсим мешаванд.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Ададҳои натуралии ба 6 тамомшаванда ба 6 бе бақия тақсим мешаванд.
- 12
Тасдиқоти нодурустро муайян кунед.
- A Ҳамаи ададҳои бутуни ҷуфти ба 7 бе бақия тақсимшаванда ба 14 бе бақия тақсим мешаванд.
- B Ҳамаи ададҳои бутуни ба 3 бе бақия тақсимшаванда ба 9 бе бақия тақсим мешаванд.
- C Ҳамаи ададҳои бутуни бо рақами 0 тамомшаванда ба 5 ва ба 10 бе бақия тақсим мешаванд.
- D Ҳамаи ададҳои бутуни ба 4 бе бақия тақсимшаванда ба 2 бе бақия тақсим мешаванд.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Ҳамаи ададҳои бутуни ба 3 бе бақия тақсимшаванда ба 9 бе бақия тақсим мешаванд.
- 13
Тасдиқоти дурустро муайян кунед.
- A Суммаи дилхоҳ ду адади натуралии тоқ ба 2 бе бақия тақсим мешавад.
- B Суммаи дилхоҳ ду адади натуралии ҷуфт ба 4 бе бақия тақсим мешавад.
- C Суммаи дилхоҳ ду адади натуралии тоқ ба 2 бе бақия тақсим намешавад.
- D Суммаи дилхоҳ ду адади натуралии ҷуфт ба 4 бе бақия тақсим намешавад.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A Суммаи дилхоҳ ду адади натуралии тоқ ба 2 бе бақия тақсим мешавад.
- 14
Тасдиқоти дурустро муайян кунед.
- A Модули адади манфӣ ба адади манфӣ баробар аст.
- B Модули адади мусбат ба адади манфӣ ва мусбат баробар аст.
- C Модули фарқи ду адад ҳамеша адади манфӣ аст.
- D Модули дилхоҳ адади ғайринулӣ ба адади мусбат баробар аст.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Модули дилхоҳ адади ғайринулӣ ба адади мусбат баробар аст.
- 15
Тасдиқоти дурустро муайян кунед.
- A Решаи квадратӣ аз дилхоҳ адади бутун ба адади бутун баробар аст.
- B Решаи квадратӣ аз адади манфӣ ба адади манфӣ баробар аст.
- C Решаи квадратӣ аз дилхоҳ адади натуралӣ ба адади натуралӣ баробар аст.
- D Решаи квадратӣ аз дилхоҳ квадрати адади бутуни ғайринулӣ ба адади натуралӣ баробар аст.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Решаи квадратӣ аз дилхоҳ квадрати адади бутуни ғайринулӣ ба адади натуралӣ баробар аст.
- 16
Тасдиқоти дурустро муайян кунед.
- A Дараҷаи адади нишондиҳандааш нул вуҷуд надорад.
- B Дараҷаи адади нишондиҳандааш манфӣ адади манфӣ аст.
- C Дараҷаи адади натуралии нишондиҳандааш натуралӣ адади натуралӣ аст.
- D Дараҷаи адади манфии нишондиҳандааш тоқ адади мусбат аст.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Дараҷаи адади натуралии нишондиҳандааш натуралӣ адади натуралӣ аст.
- 17
Тасдиқоти дурустро муайян кунед.
- A Дилхоҳ муодилаи квадратии нопурра ду решаҳои гуногун дорад.
- B Агар дискриминанти дилхоҳ муодилаи квадратӣ мусбат бошад, муодила ду решаи натуралӣ дорад.
- C Агар дискриминанти дилхоҳ муодилаи квадратӣ манфӣ бошад, муодила решаи ратсионалӣ надорад.
- D Ҳамаи коэффисиентҳои муодилаи квадратии нопурра аз нул фарқ мекунанд.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Агар дискриминанти дилхоҳ муодилаи квадратӣ манфӣ бошад, муодила решаи ратсионалӣ надорад.