Математика: Тасдиқотҳои геометрӣ

Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 30, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 59. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.

  1. 1

    Хосияти дурусти секунҷаро муайян кунед.

    1. A Дар секунҷа муқобили кунҷи калон тарафи хурд мехобад.
    2. B Дар секунҷаи росткунҷа гипотенуза аз катет хурд аст.
    3. C Кунҷҳои назди асоси секунҷаи баробарпаҳлу баробаранд.
    4. D Ҳар як тарафи секунҷа аз суммаи ду тарафи дигараш хурд ё ба он баробар аст.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C Кунҷҳои назди асоси секунҷаи баробарпаҳлу баробаранд.

  2. 2

    Хосияти дурусти секунҷаи баробарпаҳлуро муайян кунед.

    1. A Медианаи ба тарафи паҳлуӣ гузаронидашуда биссектриса аст.
    2. B Баландиҳои ба тарафҳои паҳлуӣ гузаронидашуда байни ҳам перпендикуляранд.
    3. C Суммаи кунҷҳои назди асос ба 90° баробар аст.
    4. D Биссектриссаи ба асос гузаронидашуда онро ба ду ҳиссаи баробар ҷудо мекунад.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D Биссектриссаи ба асос гузаронидашуда онро ба ду ҳиссаи баробар ҷудо мекунад.

  3. 3

    Хосияти дурусти росткунҷаро муайян кунед.

    1. A Ҳар параллелограмме, ки тарафҳояш баробаранд, росткунҷа аст.
    2. B Диагоналҳои росткунҷа перпендикуляр мебошанд.
    3. C Диагоналҳои росткунҷа баробар нестанд.
    4. D Ҳамаи кунҷҳои росткунҷа баробаранд.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D Ҳамаи кунҷҳои росткунҷа баробаранд.

  4. 4

    Хосияти дурусти параллелограммро муайян кунед.

    1. A Ҳар параллелограмме, ки диагоналҳояш баробаранд, ромб аст.
    2. B Ду тарафи параллелограмм баробар ва перпендикуляранд.
    3. C Диагоналҳои параллелограмм дар нуқтаи буриш ба ду қисми баробар ҷудо мешаванд.
    4. D Ҳамаи кунҷҳои параллелограмм баробаранд.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C Диагоналҳои параллелограмм дар нуқтаи буриш ба ду қисми баробар ҷудо мешаванд.

  5. 5

    Хосияти дурусти трапетсияро муайян кунед.

    1. A Хатти миёнаи трапетсия ба асосҳои он параллел мебошад.
    2. B Тарафҳои паҳлуии трапетсия перпендикуляр мебошанд.
    3. C Хатти миёнаи трапетсия порчаест, ки асосҳои онро мепайвандад.
    4. D Асосҳои трапетсия баробар бошанд, трапетсия баробарпаҳлу аст.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A Хатти миёнаи трапетсия ба асосҳои он параллел мебошад.

  6. 6

    Хосияти дурусти асосҳои трапетсияро муайян кунед.

    1. A Асосҳои трапетсия ба ҳамдигар баробаранд.
    2. B Асосҳои трапетсия ба ҳамдигар параллеланд.
    3. C Асосҳои трапетсия ҳамдигарро мебуранд.
    4. D Асосҳои трапетсия ба тарафҳои паҳлуӣ перпендикуляранд.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B Асосҳои трапетсия ба ҳамдигар параллеланд.

  7. 7

    Хосияти дурусти хатти миёнаи трапетсияро муайян кунед.

    1. A Хатти миёнаи трапетсия ба тарафҳои паҳлуӣ перпендикуляр аст.
    2. B Хатти миёнаи трапетсия асосҳои онро ба ду ҳиссаи баробар ҷудо мекунад.
    3. C Хатти миёнаи трапетсия ба асосҳо параллел аст.
    4. D Хатти миёнаи трапетсия онро ба ду ҳиссаи баробар ҷудо мекунад.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C Хатти миёнаи трапетсия ба асосҳо параллел аст.

  8. 8

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Секунҷаи тарафҳояш 7 дм, 10 дм ва 15 дм мавҷуд аст.
    2. B Суммаи кунҷҳои муқобилхобидаи параллелограмм ба 180° баробар аст.
    3. C Ҳар як хорда давраро ба ду нимдавраи баробар ҷудо мекунад.
    4. D Ду хатти рости гуногун зиёда аз як нуқтаи умумӣ доранд.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A Секунҷаи тарафҳояш 7 дм, 10 дм ва 15 дм мавҷуд аст.

  9. 9

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Суммаи кунҷҳои ҳамсояи параллелограмм ба 90° баробар аст.
    2. B Ба воситаи ду нуқтаи гуногун фақат як хатти рост мегузарад.
    3. C Секунҷаи тарафҳояш 3 см, 4 см ва 8 см мавҷуд аст.
    4. D Ҳар як хорда хатти симметрияи давра мебошад.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B Ба воситаи ду нуқтаи гуногун фақат як хатти рост мегузарад.

  10. 10

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Секунҷаи тарафҳояш 2 м, 3 м ва 6 м мавҷуд аст.
    2. B Хатҳои рости нуқтаи умумӣ дошта параллел номида мешаванд.
    3. C Диагоналҳои параллелограмм баробар мебошанд.
    4. D Ҳама гуна диаметр тири симметрияи давра мебошад.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D Ҳама гуна диаметр тири симметрияи давра мебошад.

  11. 11

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Агар ду кунҷи секунҷа баробар бошанд, он баробартараф аст.
    2. B Диаметри ба хорда перпендикуляр онро ба ду қисми баробар ҷудо мекунад.
    3. C Диагонали параллелограмм онро ба ду квадрати баробар ҷудо мекунад.
    4. D Дар дилхоҳ трапетсия давраи берункашидашуда кашидан мумкин аст.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B Диаметри ба хорда перпендикуляр онро ба ду қисми баробар ҷудо мекунад.

  12. 12

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Маркази давраи дарункашидшудаи секунҷа нуқтаи буриши биссектрисаҳои он мебошад.
    2. B Хатти миёнаи трапетсия ба нимсуммаи тарафҳои паҳлуӣ баробар аст.
    3. C Ҳамаи секунҷаҳои росткунҷа монанд мебошанд.
    4. D Суммаи кунҷҳои амудӣ ба 90° баробар аст.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A Маркази давраи дарункашидшудаи секунҷа нуқтаи буриши биссектрисаҳои он мебошад.

  13. 13

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Суммаи кунҷҳои амудӣ ба 180° баробар аст.
    2. B Ҳамаи секунҷаҳои баробарпаҳлу монанд мебошанд.
    3. C Маркази давраи дарункашидашудаи секунҷа дар тарафи секунҷа ҷойгир аст.
    4. D Хатти миёнаи трапетсия ба нимсуммаи асосҳо баробар аст.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D Хатти миёнаи трапетсия ба нимсуммаи асосҳо баробар аст.

  14. 14

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Тарафҳои кунҷҳои амудӣ перпендикуляр мебошанд.
    2. B Ҳамаи секунҷаҳои баробартараф монанд мебошанд.
    3. C Давраи дарункашидашудаи секунҷа ба ҳамаи кунҷҳои он расанда аст.
    4. D Суммаи кунҷҳои назди асоси трапетсия ба 180° баробар аст.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B Ҳамаи секунҷаҳои баробартараф монанд мебошанд.

  15. 15

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Дар дилхоҳ секунҷа ҳамаи кунҷҳояш тез мебошанд.
    2. B Секунҷае мавҷуд аст, ки ҳамаи кунҷҳояш тез мебошанд.
    3. C Дар дилхоҳ секунҷа ҳамаи кунҷҳояш кунд мебошанд
    4. D Секунҷае мавҷуд аст, ки ҳамаи кунҷҳояш кунд мебошанд.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B Секунҷае мавҷуд аст, ки ҳамаи кунҷҳояш тез мебошанд.

  16. 16

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Кунҷи тез аз 90° калон аст.
    2. B Кунҷи кушод аз 180° хурд аст.
    3. C Кунҷи пурра ба 180° баробар аст.
    4. D Кунҷи кунд аз 90° калон ва аз 180° хурд аст.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D Кунҷи кунд аз 90° калон ва аз 180° хурд аст.

  17. 17

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Катети секунҷаи росткунҷа ба муқобили кунҷи рост мехобад.
    2. B Гипотинузаи секунҷаи росткунҷа ба суммаи катетҳо баробар аст.
    3. C Дилхоҳ катети секунҷаи росткунҷа аз гипотинуза хурд аст.
    4. D Дилхоҳ катети секунҷаи росткунҷа аз гипотинуза калон аст.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C Дилхоҳ катети секунҷаи росткунҷа аз гипотинуза хурд аст.

  18. 18

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Ҳамаи кунҷҳои дилхоҳ чоркунҷаҳои барҷаста кунҷҳои рост мебошанд.
    2. B Чоркунҷаи барҷастае мавҷуд аст, ки ҳамаи кунҷҳояш рост мебошанд.
    3. C Ҳамаи кунҷҳои дилхоҳ чоркунҷаҳои барҷаста кунҷҳои кунд мебошанд.
    4. D Чоркунҷаи барҷастае мавҷуд аст, ки ҳамаи кунҷҳояш кунд мебошанд.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B Чоркунҷаи барҷастае мавҷуд аст, ки ҳамаи кунҷҳояш рост мебошанд.

  19. 19

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Диагоналҳои ромб баробаранд.
    2. B Диагоналҳои росткунҷа ба ҳамдигар баробар нестанд.
    3. C Масоҳати квадрат ба квадрати тарафи он баробар аст.
    4. D Масоҳати ромб ба ҳосили зарби диагоналҳои он баробар аст.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C Масоҳати квадрат ба квадрати тарафи он баробар аст.

  20. 20

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Гипотенуза ба суммаи квадратҳои катетҳо баробар аст.
    2. B Суммаи ду тарафи секунҷа аз тарафи сеюми он хурд аст.
    3. C Дар дилхоҳ чоркунҷа давраи дарункашидашуда кашидан мумкин аст.
    4. D Диаметри давра аз радиуси он ду маротиба калон аст.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D Диаметри давра аз радиуси он ду маротиба калон аст.

  21. 21

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Аз як нуқта фақат як хатти рост гузаронидан мумкин аст.
    2. B Қисми хатти рост, ки ба воситаи ду нуқта маҳдуд аст, нимхати рост ном дорад.
    3. C Ду хатти рост ҳамдигарро дар ду нуқта мебуранд.
    4. D Дилхоҳ порча дарозии аз нул калон дорад.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D Дилхоҳ порча дарозии аз нул калон дорад.

  22. 22

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Секунҷае, ки дар он ду кунҷаш баробар аст, баробартараф мебошад.
    2. B Дар дилхоҳ секунҷа ақаллан ду кунҷаш тез мебошад.
    3. C Суммаи кунҷҳои тези секунҷаи росткунҷа аз 90° калон аст.
    4. D Суммаи кунҷҳои дилхоҳ секунҷа ба 360° баробар аст.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B Дар дилхоҳ секунҷа ақаллан ду кунҷаш тез мебошад.

  23. 23

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Диаметри давра аз маркази давра намегузарад.
    2. B Хорда ҳамеша аз маркази давра мегузарад.
    3. C Радиуси давра масофаест, аз нуқтаи давра то маркази он.
    4. D Хатти рости аз маркази давра гузаранда давраро дар як нуқта мебурад.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C Радиуси давра масофаест, аз нуқтаи давра то маркази он.

  24. 24

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Диагоналҳои ромб байни ҳам перпендикуляр мебошанд.
    2. B Диагоналҳои параллелограмм ҳамдигарро бурида, ба ду ҳиссаи баробар ҷудо намешаванд.
    3. C Диагоналҳои росткунҷа баробар нестанд.
    4. D Диагоналҳои квадрат ҳамдигарро дар таҳти кунҷи тез мебуранд.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A Диагоналҳои ромб байни ҳам перпендикуляр мебошанд.

  25. 25

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Дар трапетсия тарафҳои муқобилхобида баробаранд.
    2. B Дар параллелограмм кунҷҳои муқобилхобида баробаранд.
    3. C Ҳамаи кунҷҳои ромб баробар мебошанд.
    4. D Ҳамаи кунҷҳои квадрат тез мебошанд.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B Дар параллелограмм кунҷҳои муқобилхобида баробаранд.

  26. 26

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Асосҳои трапетсия перпендикуляр мебошанд.
    2. B Тарафҳои паҳлуии трапетсия параллел мебошанд.
    3. C Хатти миёнаи трапетсия ба асосҳо перпендикуляр аст.
    4. D Хатти миёнаи трапетсия ба нимсуммаи асосҳо баробар аст.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D Хатти миёнаи трапетсия ба нимсуммаи асосҳо баробар аст.

  27. 27

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Кунҷи кушод ба суммаи ду кунҷи рост баробар аст.
    2. B Суммаи ду кунҷи тез ҳама вақт кунҷи рост аст.
    3. C Кунҷи рост аз кунҷи кунд калон аст.
    4. D Суммаи ду кунҷи кунд ҳама вақт аз кунҷи кушод хурд аст.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A Кунҷи кушод ба суммаи ду кунҷи рост баробар аст.

  28. 28

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Кунҷи ба 145° баробар кунҷи тез аст.
    2. B Кунҷи кушод ба 90° баробар аст.
    3. C Кунҷи ба 160° баробар кунҷи кунд аст.
    4. D Кунҷи рост ба 180° баробар аст.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C Кунҷи ба 160° баробар кунҷи кунд аст.

  29. 29

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Масоҳати секунҷа ба ҳосили зарби асос бар баландӣ баробар аст.
    2. B Квадрати гипотенуза ба суммаи квадратҳои катетҳо баробар аст.
    3. C Масоҳати квадрат ба квадрати диагонали он баробар аст.
    4. D Ҳамаи секунҷаҳои баробарпаҳлу баробаранд.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B Квадрати гипотенуза ба суммаи квадратҳои катетҳо баробар аст.

  30. 30

    Тасдиқоти дурустро муайян кунед.

    1. A Кунҷи берунии секунҷа ба суммаи кунҷҳои дарунии он баробар аст.
    2. B Кунҷҳои берунӣ ва дарунии назди як қуллаи секунҷа ҳамсоя мебошанд.
    3. C Кунҷи берунии секунҷа аз дилхоҳ кунҷи дарунии он хурд аст.
    4. D Суммаи кунҷҳои берунӣ ва дарунии назди як қуллаи секунҷа ба 90° баробар аст.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B Кунҷҳои берунӣ ва дарунии назди як қуллаи секунҷа ҳамсоя мебошанд.