Математика: Пайдарпаиҳои ададӣ

Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 29, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 61. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.

  1. 1

    Суммаи бисту шаш аъзои аввалини прогресияи арифметикиро ёбед: 1; 3; 5; 7; 9; 11, … .

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 676

  2. 2

    Аъзои якуми прогрессияи арифметикӣ ба 6 ва фарқи он ба 4 баробар аст. Рақами аъзои прогресссияро ёбед, ки аз он сар карда аъзоҳои прогрессия аз 258 калон мебошанд.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 65

  3. 3

    Аъзои якуми прогрессияи арифметикӣ ба 5 ва фарқи он ба 3 баробар аст. Рақами аъзои прогресссияро ёбед, ки аз он сар карда аъзоҳои прогрессия аз 215 калон мебошанд.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 72

  4. 4

    Суммаи ҳамаи ададҳои натуралии ба 3 каратии аз 150 калон набударо ёбед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 3825

  5. 5

    Суммаи ҳамаи ададҳои натуралии ба 4 каратии аз 256 калон набударо ёбед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 8320

  6. 6

    Аъзои ҳафтуми прогрессияи арифметикӣ ба 22 ва фарқи аъзоҳои нуҳум ва панҷуми он ба 12 баробар аст. Суммаи ҳаждаҳ аъзои аввалини прогрессияро ёбед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 531

  7. 7

    Аъзои даҳуми прогрессияи арифметикӣ ба 41 ва суммаи аъзоҳои дуюм ва шашуми он ба 34 баробар аст. Суммаи шонздаҳ аъзои аввалини прогрессияро ёбед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 560

  8. 8

    Аъзои панҷуми прогрессияи арифметикӣ ба 13 ва суммаи аъзоҳои ҳафтум ва даҳуми ин прогрессия ба 40 баробар аст. Суммаи ҳабдаҳ аъзои аввалини прогрессияро ёбед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 357

  9. 9

    Аъзои шашуми прогрессияи арифметикӣ ба 33 ва суммаи аъзоҳои нуҳум ва ёздаҳуми он ба 98 баробар аст. Аъзои чандуми прогрессия ба 77 баробар аст?

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 17

  10. 10

    Аъзои ҳафтуми прогрессияи арифметикӣ ба 21 ва суммаи ҳафт аъзои аввалини он ба 105 баробар аст. Аъзои чандуми прогрессия ба 51 баробар аст?

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 22

  11. 11

    Аъзои нуҳуми прогрессияи арифметикӣ аз аъзои даҳуми он 2 маротиба калон буда, суммаи аъзои шашум ва дувоздаҳуми он ба 8 баробар аст. Аъзои чандуми прогрессия ба нул баробар аст?

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 11

  12. 12

    Чанд адади натуралии тоқро аз 1 сар карда ҷамъ кардан лозим аст, ки дар натиҷа 729 ҳосил шавад?

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 27

  13. 13

    Чанд адади натуралии ҷуфтро аз 2 сар карда ҷамъ кардан лозим аст, ки дар натиҷа 1 190 ҳосил шавад?

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 34

  14. 14

    Чанд адади натуралии тоқро аз адади 11 сар карда ҷамъ кардан лозим аст, ки дар натиҷа 1 064 ҳосил шавад?

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 28

  15. 15

    Суммаи ҳамаи ададҳои натуралии аз адади 325 калон набудаи ба ҳафт каратиро ёбед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 7567

  16. 16

    Суммаи ҳамаи ададҳои натуралии аз адади 329 калон набудаи ба шаш каратиро ёбед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 8910

  17. 17

    Суммаи ҳамаи ададҳои натуралии аз адади 414 калон набудаи ба ёздаҳ каратиро ёбед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 7733

  18. 18

    Суммаи ҳамаи ададҳои дурақамаи натуралии ба чор каратиро ёбед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 1188

  19. 19

    Суммаи ҳамаи ададҳои дурақамаи натуралии ба шаш каратиро ёбед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 810

  20. 20

    Суммаи ҳамаи ададҳои дурақамаи натуралии ба се каратиро ёбед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 1665

  21. 21

    Прогрессияи геометрӣ аз шаш аъзо иборат буда, суммаи се аъзои аввали он ба 24 ва суммаи се аъзои охири он ба 648 баробар аст. Махраҷи прогрессияро ёбед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 3

  22. 22

    Прогрессияи геометрӣ аз шаш аъзо иборат буда, суммаи се аъзои аввали он ба 8 ва суммаи се аъзои охири он ба 512 баробар аст. Махраҷи прогрессияро ёбед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 4

  23. 23

    Прогрессияи геометрӣ аз ҳафт аъзо иборат буда, суммаи се аъзои аввали он ба 26 ва суммаи се аъзои охири он ба 2 106 баробар аст. Квадрати махраҷи прогрессияро ёбед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 9

  24. 24

    Се адад прогрессияи геометриро ташкил мекунанд. Миёнаи арифметикии аъзоҳои дуюм ва сеюми он ба 20 баробар буда, миёнаи арифметикии аъзоҳои якум ва дуюм ба 5 баробар аст. Нисбати махраҷи прогрессияро ба аъзои якум ёбед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 2

  25. 25

    Се адад прогрессияи геометриро ташкил мекунанд. Миёнаи арифметикии аъзоҳои якум ва дуюми он ба 13 баробар буда, миёнаи арифметикии аъзоҳои дуюм ва сеюм ба 156 баробар аст. Нисбати махраҷи прогрессияро ба аъзои якум ёбед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 6

  26. 26

    Се адад прогрессияи геометриро ташкил мекунанд. Миёнаи арифметикии аъзоҳои дуюм ва сеюми он ба 72 баробар буда, миёнаи арифметикии аъзоҳои якум ва дуюм ба 9 баробар аст. Нисбати махраҷи прогрессияро ба аъзои якум ёбед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 4

  27. 27

    Суммаи ду ададеро ёбед, ки ҳангоми онҳоро дар байни ададҳои 7 ва 56 ҷойгир кардан якҷоя бо ададҳои додашуда прогрессияи геометриро ташкил намоянд.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 42

  28. 28

    Суммаи ду ададеро ёбед, ки ҳангоми онҳоро дар байни ададҳои 6 ва 162 ҷойгир кардан якҷоя бо ададҳои додашуда прогрессияи геометриро ташкил намоянд.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 72

  29. 29

    Суммаи ду ададеро ёбед, ки ҳангоми онҳоро дар байни ададҳои 5 ва 320 ҷойгир кардан якҷоя бо ададҳои додашуда прогрессияи геометриро ташкил намоянд.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 100