Биология: Зоология
Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 30, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 148. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.
- 1
Кафлесаки қурбоққа бо чӣ нафас мекашад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D ғалсама
- 2
Кадом ҳайвон ба қатори обхокиҳои думдор дохил мешавад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A тритон
- 3
Кадом ҳайвонот ба қатори обхокиҳои бепой мансубанд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D червягаҳо
- 4
Хазандагон аз обхокиҳо бо доштани чӣ фарқ мекунанд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A пӯсти хушк
- 5
Чаро хазандагонро аввалин муҳрадорони ба муҳити хушкӣ баромада меҳисобанд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Чунки дар хушкӣ афзоиш мекунанд.
- 6
Пӯсти хазандагон бо чӣ пӯшида шудааст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D пулакчаҳои шохини хушк
- 7
Содатаринҳо тахминан аз кадом организмҳои қадима пайдо шудаанд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B қамчинакдорҳо
- 8
Кадом намояндаи содатаринҳо шакли бадани тағйирёбанда дорад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B амёбаи муқаррарӣ
- 9
Ҳайвоноти якҳуҷайра ба шароити номусоид чӣ гуна мутобиқ мешаванд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Онҳо систа ҳосил мекунанд.
- 10
Скелети хорпӯстонро чӣ ташкил медиҳад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A лавҳачаҳои оҳакин
- 11
Хорпӯстон бо кадом системаи узвҳо аз дигар ҳайвонот фарқ мекунанд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B рагҳои обӣ
- 12
Муҳити зисти хорпӯстонро муайян кунед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C баҳр
- 13
Кадом узв дар нештаршакл нест?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C дил
- 14
Кадом олим аввалин бор нештаршаклро муаррифӣ кардааст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A П. Паллас
- 15
Нештаршакл кадом узвро дорад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D ҳалқ
- 16
Тортанаки салибдор ба кадом типи ҳайвонот мансуб аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A бандпойҳо
- 17
Бадани намояндагони синфи тортанакҳо аз кадом қисмҳо иборат аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A сарсина ва шикам
- 18
Ҳазми хӯроки тортанакҳо дар куҷо оғоз мешавад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B берун аз организм
- 19
Бандкирми гов дар кадом узви одам муфтхурӣ мекунад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D рӯда
- 20
Тухми бандкирми гов дар куҷо инкишоф меёбад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D буғумҳои охири бадан
- 21
Дар кадом узви чорвои калони шохдор кирминаҳои бандкирми гов ба финна табдил меёбанд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D мушак
- 22
Пума ба кадом оилаи ширхӯрон мансуб аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B гурбашаклон
- 23
Кашалот ба кадом қатори ширхӯрон мансуб аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A китшаклон
- 24
Силовсинҳо, палангҳо ва шерҳо ба кадом қатор ва оилаи ҳайвонот мансубанд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A дарандаҳо, гурбашаклон
- 25
Кадом ширхӯрон ба қатори ҳашаротхӯрон мансубанд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A хорпушт, бӯрдандонак, муши обӣ
- 26
Даҳлези чапи дили қурбоққа чӣ гуна хун дорад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B шараёнӣ
- 27
Калонтарин нармтани дупалларо муайян кунед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D тридакана
- 28
Намояндаи синфи нармтанҳои шикампойҳоро муайян намоед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A тӯқумшуллук
- 29
Тани тӯқумшуллуки ҳавзӣ аз кадом қисмҳо иборат аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B сар, тан ва пой
- 30
Кадом ҳашарот паҳнкунандаи ангезандаҳои бемориҳои инсон ва ҳайвонот мебошанд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D хомӯшакҳо ва кайкҳо