Биология: Анатомия, физиология ва гигиенаи одам

Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 30, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 99. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.

  1. 1

    Одами калонсол чанд дандони ашк дорад?

    1. A 12
    2. B 8
    3. C 2
    4. D 4
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D 4

  2. 2

    Одами калонсол чандто дандони курсии калон дорад?

    1. A 4
    2. B 12
    3. C 8
    4. D 2
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B 12

  3. 3

    Одам чанд дандони пеш дорад?

    1. A 8
    2. B 4
    3. C 6
    4. D 2
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A 8

  4. 4

    Гипофунксия (кам будани фаъолияти ҳипофиз) дар кӯдакӣ ба чӣ оварда мерасонад?

    1. A фарбеҳӣ
    2. B гигантизм
    3. C карликӣ
    4. D микседема
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C карликӣ

  5. 5

    Норасоии гармони тироксин кадом бемориро ба вуҷуд меорад?

    1. A рахит
    2. B карлик
    3. C бемории синга
    4. D бемории микседема
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D бемории микседема

  6. 6

    Гиперфунксия (зиёдшавии фаъолият)-и ҳипофиз ба чӣ оварда мерасонад?

    1. A гигантизм
    2. B миксидема
    3. C карликӣ
    4. D кретинизм
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A гигантизм

  7. 7

    Тавассути кадом раг хун ба дил ҳаракат мекунад?

    1. A шоҳраг
    2. B мӯйраг
    3. C шараёнӣ
    4. D варидӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D варидӣ

  8. 8

    Дар 1 мм³ хуни одам чӣ қадар лейкоситҳо мавҷуд аст?

    1. A 5-6 ҳазор
    2. B 10-12 ҳазор
    3. C 6-8 ҳазор
    4. D 3-7 ҳазор
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C 6-8 ҳазор

  9. 9

    Дар 1 мм³ хуни одам чӣ қадар эритроситҳо мавҷуд аст?

    1. A 3,5-4,5 миллион
    2. B 1,5-2 миллион
    3. C 3-4 миллион
    4. D 4,5-5 миллион
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D 4,5-5 миллион

  10. 10

    Кадом қисми забон шириниро ҳис мекунад?

    1. A решаи забон
    2. B нӯги забон
    3. C паҳлуҳои забон
    4. D қисмҳои пеш ва паҳлуи забон
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B нӯги забон

  11. 11

    Кадом қисми забон лаззати шӯриро муайян мекунад?

    1. A паҳлуҳои забон
    2. B қисми паҳлуии болои забон
    3. C нӯги забон
    4. D решаи забон
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A паҳлуҳои забон

  12. 12

    Кадом қисми забон талхиро ҳис мекунад?

    1. A решаи забон
    2. B нӯги забон
    3. C қисми паҳлуии болои забон
    4. D паҳлуҳои забон
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A решаи забон

  13. 13

    Кадом витамин дар лахташавии хун иштирок мекунад?

    1. A D (калсиферол)
    2. B К (филохинон)
    3. C А (ретинол)
    4. D С (кислотаи аскорбинат)
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B К (филохинон)

  14. 14

    Кадом витамин боиси ҳосил шудани бофтаи устухон гашта, мубодилаи калсий ва фосфорро ба танзим медарорад?

    1. A В₆ (пиридоксин)
    2. B Н (биотин)
    3. C D (калсиферол)
    4. D В₂ (рибофлавин)
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C D (калсиферол)

  15. 15

    Дар организм набудани витаминро чӣ меноманд?

    1. A гиповитаминоз
    2. B авитаминоз
    3. C гипервитаминоз
    4. D антивитаминоз
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B авитаминоз

  16. 16

    Кадом узви одам аз бемории бактериявии сил зарар мебинад?

    1. A гурда
    2. B ҷигар
    3. C шуш
    4. D дил
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C шуш

  17. 17

    Кадом системаи узвҳои одам ба бемории сил метавонад гирифтор шавад?

    1. A ҳозима
    2. B нафаскашӣ
    3. C асаб
    4. D гардиши хун
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B нафаскашӣ

  18. 18

    Дар шуш кадом модда аз таркиби хун ҷудо мешавад?

    1. A оксиди карбон
    2. B нитроген
    3. C оксиген
    4. D об
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A оксиди карбон

  19. 19

    Кадом устухонҳо скелети чанбари китфро ташкил медиҳанд?

    1. A сутунмуҳра ва муҳраҳо
    2. B пешонӣ ва пушти сар
    3. C муҳраҳои гардан
    4. D қулфаку шона
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D қулфаку шона

  20. 20

    Мағзи зарди устухон ...

    1. A бофтаи пайвасткунандаи чарбӣ аст.
    2. B бофтаи асабӣ аст.
    3. C узви хунофар аст.
    4. D бофтаи эпителии чарбӣ аст.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A бофтаи пайвасткунандаи чарбӣ аст.

  21. 21

    Мағзи сурхи устухон ...

    1. A манбаи ангиштоб аст.
    2. B бофтаи асаб аст.
    3. C узви хунофар аст.
    4. D бофтаи чарб аст.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C узви хунофар аст.

  22. 22

    Кадом қисми мағзи сар ҷӯякҳо ва чинҳо дорад?

    1. A мағзи мобайнӣ
    2. B мағзи миёна
    3. C мағзча
    4. D мағзи дарозрӯя
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C мағзча

  23. 23

    Дар кадом шуъбаи мағзи сари одам сохти ҳароммағз такрор меёбад?

    1. A мағзи дарозрӯя
    2. B мағзи пеш
    3. C мағзи мобайнӣ
    4. D мағзи миёна
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A мағзи дарозрӯя

  24. 24

    Кадом мағзи сар аз чор теппа иборат аст?

    1. A мағзи пеш
    2. B мағзи дарозрӯя
    3. C мағзи миёна
    4. D мағзи мобайнӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C мағзи миёна

  25. 25

    Қисми моеи хун чӣ ном дорад?

    1. A агглютиноген
    2. B агглютинин
    3. C гематокрит
    4. D плазма
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D плазма

  26. 26

    Кадом ҳуҷайраҳои хун ба он ранги сурх медиҳанд?

    1. A лейкоситҳо
    2. B тромбоситҳо
    3. C лимфоситҳо
    4. D эритроситҳо
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D эритроситҳо

  27. 27

    Эритроситҳо дар куҷо ҳосил мешаванд?

    1. A мағзи зарди устухон
    2. B мағзи сурхи устухон
    3. C ҷигар
    4. D гиреҳҳои лимфатикӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B мағзи сурхи устухон

  28. 28

    Аксон чист?

    1. A изофаи кӯтоҳи ҳуҷайраи асаб
    2. B изофаи дарози ҳуҷайраи асаб
    3. C танаи ҳуҷайраи асаб
    4. D изофаи кирмшакли кӯррӯда
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B изофаи дарози ҳуҷайраи асаб

  29. 29

    Ҳуҷайраҳои асаб, ки ба дарки барангезандаҳо ва ба импулси асаб табдил додани онҳо мутобиқанд.

    1. A дендрит
    2. B нейрони мобайнӣ
    3. C ретсептор
    4. D нейрони ҳаракат
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C ретсептор

  30. 30

    Кадом системаи узвҳо организмро бо муҳити беруна алоқаманд намуда, фаъолияти мувофиқонаи узвҳоро таъмин месозад?

    1. A асаб
    2. B гардиши хун
    3. C ихроҷи пешоб
    4. D нафаскашӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A асаб