Биология: Ботаника

Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 30, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 157. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.

  1. 1

    Кадом занбӯруғ муфтхӯри хӯшадорон аст?

    1. A аспергилл
    2. B сиёҳак
    3. C мағор
    4. D пенитсилл
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B сиёҳак

  2. 2

    Торҳои борики шохрондаи танаи занбӯруғро (митселий) муайян кунед.

    1. A мижгонакҳо
    2. B мӯякҳо
    3. C гифҳо
    4. D қамчинакҳо
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C гифҳо

  3. 3

    Дар телпакчаи занбӯруғ чӣ ташаккул меёбад?

    1. A решача
    2. B систа
    3. C спора
    4. D пояча
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C спора

  4. 4

    Растании яксоларо муайян намоед.

    1. A пиёз
    2. B харбуза
    3. C карам
    4. D сабзӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B харбуза

  5. 5

    Кадом растанӣ бисёрсола аст?

    1. A пиёз
    2. B лола
    3. C тарбуз
    4. D каду
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B лола

  6. 6

    Растании дусоларо муайян кунед.

    1. A тарбуз
    2. B гандум
    3. C сабзӣ
    4. D ҷав
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C сабзӣ

  7. 7

    Кадом растанӣ типи системаи тирреша дорад?

    1. A ҷуворимакка
    2. B қоқу
    3. C гандум
    4. D ҷави русӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B қоқу

  8. 8

    Кадом растанӣ патакреша дорад?

    1. A пахта
    2. B ҷави русӣ
    3. C шалғам
    4. D лӯбиё
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B ҷави русӣ

  9. 9

    Кадом растанӣ патакреша дорад?

    1. A юнучқа
    2. B пахта
    3. C нахӯд
    4. D ҷуворимакка
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D ҷуворимакка

  10. 10

    Обсабзҳоро аз рӯии намуди пигмент ба кадом гурӯҳҳо ҷудо мекунанд?

    1. A бунафш, сабз, сурх
    2. B кабуд, бунафш, сабз
    3. C сабз, сурх, бӯр
    4. D кабуд, сурх, зард
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C сабз, сурх, бӯр

  11. 11

    Кадом обзабз тӯда (калония)-ро ҳосил мекунад?

    1. A улотрикс
    2. B волвокс
    3. C спирогира
    4. D хлорелла
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B волвокс

  12. 12

    Кадом обзабз ба гурӯҳи обзабзҳои сабзи бисёрҳуҷайра дохил аст?

    1. A ламинария
    2. B хлорелла
    3. C хламидамонанда
    4. D улотрикс
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D улотрикс

  13. 13

    Кадом растанӣ барги сода дорад?

    1. A зардолу
    2. B ақоқиё
    3. C марминҷон
    4. D себарга
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A зардолу

  14. 14

    Кадом растанӣ барги сода дорад?

    1. A чормағз
    2. B ақоқиё
    3. C тамашк (малина)
    4. D шафтолу
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D шафтолу

  15. 15

    Кадом растанӣ барги мураккаб дорад?

    1. A шафтолу
    2. B нок
    3. C себ
    4. D нахӯд
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D нахӯд

  16. 16

    Кадом растанӣ гулпӯши одӣ дорад?

    1. A настаран
    2. B бодиринг
    3. C карам
    4. D занбақ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D занбақ

  17. 17

    Кадом узви растаниҳои гулдор генеративӣ аст?

    1. A реша
    2. B навда
    3. C гул
    4. D барг
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C гул

  18. 18

    Дар кадом растаниҳо гулҳои гардбаргдор ва тухмдондор дар як ниҳол ҷой гирифтаанд?

    1. A духонагӣ
    2. B дупалла
    3. C якхонагӣ
    4. D якпалла
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C якхонагӣ

  19. 19

    Гул шаклдигаркардаи ... аст.

    1. A навда
    2. B поя
    3. C барг
    4. D реша
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A навда

  20. 20

    Ҳангоми бордоршавии дучанда дар растаниҳои гулдор баъди омезиш ёфтани нутфаи дуюм бо ҳуҷайраи калони марказӣ чӣ ба вуҷуд меояд?

    1. A зигота (ҷанин)
    2. B пӯсти тухм
    3. C эндосперма
    4. D тухм
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C эндосперма

  21. 21

    Тухмдони гул кадом вазифаро иҷро мекунад?

    1. A Гулро муҳофизат мекунад.
    2. B Гард ҳосил мекунад.
    3. C Ҳашаротҳоро ҷалб мекунад.
    4. D Мева ва тухм ҳосил мекунад.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D Мева ва тухм ҳосил мекунад.

  22. 22

    Кадом растаниҳо бо тухм афзоиш мекунанд?

    1. A ушнаҳо
    2. B обсабзҳо
    3. C чилбандҳо
    4. D сӯзанбаргҳо
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D сӯзанбаргҳо

  23. 23

    Сӯзанбаргон ба кадом шуъбаи растаниҳо мансубанд?

    1. A Сарахсшаклҳо
    2. B Чилбандҳо
    3. C Пӯшидатухмон
    4. D Лучтухмон
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D Лучтухмон

  24. 24

    Намояндаи растаниҳои лучтухмро муайян кунед.

    1. A кастона (шоҳбулут)
    2. B кедр
    3. C эвкалипт
    4. D нахл (палма)
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B кедр

  25. 25

    Хламидамонада дар шароити номусоид бо кадом роҳ афзоиш меёбад?

    1. A гаметаҳо
    2. B зооспораҳо
    3. C спораҳо
    4. D тақсимшавӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A гаметаҳо

  26. 26

    Кадом обзабзҳо ду қамчинаки баробарандоза доранд?

    1. A спирогира
    2. B хламидомонада
    3. C ламинария
    4. D улотрикс
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B хламидомонада

  27. 27

    Хламидамонада дар шароити мусоид бо кадом роҳ афзоиш меёбад?

    1. A тақсимшавӣ
    2. B спораҳо
    3. C гаметаҳо
    4. D зооспораҳо
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D зооспораҳо

  28. 28

    Кадом растанӣ меваи хушк дорад?

    1. A каду
    2. B олуболу
    3. C нахӯд
    4. D себ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C нахӯд

  29. 29

    Меваи ангур ва помидор чӣ ном дорад?

    1. A ғуҷуммева
    2. B мағзакмева
    3. C донакмева
    4. D ғӯза
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A ғуҷуммева

  30. 30

    Меваи шалғам чӣ ном дорад?

    1. A дон
    2. B кӯсак
    3. C ғӯза
    4. D ғилофак
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D ғилофак