Биология: Биологияи умумӣ ва экология

Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 30, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 254. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.

  1. 1

    Қонуни якуми Менделро муайян кунед.

    1. A қонуни ҳамшаклии наслҳои якуми гибридӣ
    2. B қонуни таҷзияи аломатҳо
    3. C қонуни тартиби гомологӣ дар тағйирпазирии ирсӣ
    4. D қонуни новобаста аз комбинатсияи генҳо
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A қонуни ҳамшаклии наслҳои якуми гибридӣ

  2. 2

    Қонуни дуюми Г. Менделро муайян кунед.ҷқ

    1. A қонуни таҷзияи аломатҳо
    2. B қонуни новобастаи комбинативии генҳо
    3. C қонуни қатори гомологӣ дар тағйирпазирии ирсӣ
    4. D қонуни ҳамшаклии наслҳои якуми гибридӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A қонуни таҷзияи аломатҳо

  3. 3

    Қонуни сеюми Г. Менделро муайян кунед.

    1. A қонуни ҳамшаклии наслҳои якуми гибридӣ
    2. B қонуни қатори гомологии тағйирпазирии ирсӣ
    3. C қонуни таҷзияи аломатҳо
    4. D қонуни комбинатсияи бевоситаи генҳо
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D қонуни комбинатсияи бевоситаи генҳо

  4. 4

    Сn(Н₂О)m формулаи умумии кадом гурӯҳи пайвастагиҳои органикӣ аст?

    1. A нуклеотидҳо
    2. B липидҳо
    3. C ангиштобҳо
    4. D сафедаҳо
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C ангиштобҳо

  5. 5

    Кадом ангиштоб ба таркиби лаблабуи қанд дохил аст?

    1. A фруктоза
    2. B сахароза
    3. C галактоза
    4. D рибоза
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B сахароза

  6. 6

    Ангиштоби захиравии ҳуҷайраи ҳайвонот чӣ ном дорад?

    1. A глюкоза
    2. B галактоза
    3. C хитин
    4. D гликоген
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D гликоген

  7. 7

    Пайдошавии намуд натиҷаи чист?

    1. A изолятсия
    2. B ароморфоз
    3. C макроэволюсия
    4. D микроэволюсия
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D микроэволюсия

  8. 8

    Роҳи эволютсионие, ки боиси сода шудани сохти организмҳо мегардад, чӣ ном дорад?

    1. A аллогенез
    2. B арогенез
    3. C катагенез
    4. D абиогенез
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C катагенез

  9. 9

    Ҳудудеро, ки намуд ишғол мекунад, чӣ меноманд?

    1. A ареал
    2. B ҷамоаи табиӣ (биосеноз)
    3. C муҳити экологӣ
    4. D биогеосеноз
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A ареал

  10. 10

    Реаксияҳои аз моддаҳои содда ҳосилшавии моддаҳои мураккаби органикиро, ки бо фурӯ бурдани энергия мегузарад, чӣ меноманд?

    1. A транскрипсия
    2. B диссимилятсия
    3. C транслятсия
    4. D ассимилятсия
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D ассимилятсия

  11. 11

    Кадом раванд ба ассимилятсия мансуб аст?

    1. A биосинтези сафеда
    2. B нафаскашӣ
    3. C турушшавӣ
    4. D таҷзияи сафеда
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A биосинтези сафеда

  12. 12

    Раванди оксидшавии моддаҳои органикӣ, ки дар натиҷа энергия ҷудо мегардад, чӣ ном дорад?

    1. A транслятсия
    2. B ассимилятсия
    3. C транскрипсия
    4. D диссимилятсия
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D диссимилятсия

  13. 13

    Девори ҳуҷайраҳои кадом организм селлюлоза дорад?

    1. A занбӯруғи мағор (пӯпанак)
    2. B паҳнкирмҳо
    3. C гандум
    4. D бактерияҳои туршкунандаи шир
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C гандум

  14. 14

    Ҳуҷайраи растанӣ бо доштани чӣ аз ҳуҷайраи ҳайвон фарқ мекунад?

    1. A ҳалқаи КДН
    2. B мембранаи плазматикӣ
    3. C хлоропласт
    4. D ядро
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C хлоропласт

  15. 15

    Мавҷудияти пластидҳо аломати хоси ҳуҷайраи кадом организмҳо аст?

    1. A бактерияҳо
    2. B растаниҳо
    3. C замбӯруғҳо
    4. D ҳайвонот
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B растаниҳо

  16. 16

    Илм дар бораи ҳаёт.

    1. A ботаника
    2. B биология
    3. C зоология
    4. D ситология
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B биология

  17. 17

    Илме, ки ҳайвонотро меомӯзад.

    1. A ситология
    2. B зоология
    3. C ботаника
    4. D биология
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B зоология

  18. 18

    Илме, ки растаниҳоро меомӯзад.

    1. A ботаника
    2. B биология
    3. C ситология
    4. D зоология
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A ботаника

  19. 19

    Сафедаҳо-ферментҳо дар ҳуҷайраҳо кадом функсияро иҷро мекунанд?

    1. A катализӣ
    2. B нақлиётӣ
    3. C ҳаракат
    4. D энергетикӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A катализӣ

  20. 20

    Раванди структураи табиии худро гум кардани молекулаи сафеда чӣ ном дорад?

    1. A ренатуратсия
    2. B денатуратсия
    3. C ассимилятсия
    4. D полимеризатсия
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B денатуратсия

  21. 21

    Пайдошавии намуди нав натиҷаи чист?

    1. A тағйирпазирии комбинативӣ
    2. B интихоби табиӣ
    3. C тағйирпазирии модификатсионӣ
    4. D интихоби сунъӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B интихоби табиӣ

  22. 22

    Интихоби табиӣ дар кадом дараҷа амал мекунад?

    1. A организми алоҳида
    2. B популятсия
    3. C биосеноз
    4. D намуд
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B популятсия

  23. 23

    Мутатсияҳоеро, ки бо ҳаёт номувофиқанд, муайян кунед.

    1. A манфиатовар
    2. B кушанда
    3. C нейтралӣ
    4. D нимкушта
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B кушанда

  24. 24

    Тағйирпазирии мутатсионӣ аз модификатсионӣ чӣ фарқ мекунад?

    1. A Ба наслҳо гузаронида мешавад.
    2. B Хусусияти баргардандагӣ дорад.
    3. C Бо тағийрот алоқаманд нест.
    4. D Хусусияти оммавӣ дорад.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A Ба наслҳо гузаронида мешавад.

  25. 25

    Чанд шакли мутатсия мавҷуд аст?

    1. A чор
    2. B се
    3. C панҷ
    4. D ду
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B се

  26. 26

    Тағйирпазирии модификатсионӣ чист?

    1. A тағйирпазирии ғайриирсӣ
    2. B тағйирпазирии комбинативӣ
    3. C вайроншавии мейоз
    4. D тағйирёбии генотип
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A тағйирпазирии ғайриирсӣ

  27. 27

    Ба таркиби нуклеотидҳои КДН кадом моддаҳои химиявӣ дохил мешаванд?

    1. A асосҳои нитрогенӣ, дезоксирибоза, боқимондаи кислотаи сулфат
    2. B асосҳои нитрогенӣ, рибоза, боқимондаи кислотаи фосфат
    3. C асосҳои нитрогенӣ, дезоксирибоза, боқимондаи кислотаи фосфат
    4. D асосҳои нитрогенӣ, глюкоза, боқимондаи кислотаи фосфат
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C асосҳои нитрогенӣ, дезоксирибоза, боқимондаи кислотаи фосфат

  28. 28

    Ба таркиби нуклеотидҳои КДН дар баробари моддаҳои химиявии дезоксирибоза ва боқимондаи кислотаи фосфат боз чӣ дохил мешавад?

    1. A эфирҳои мураккаб
    2. B кислотаҳои чарб
    3. C асосҳои нитрогенӣ
    4. D кислотаҳои нитрогендор
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C асосҳои нитрогенӣ

  29. 29

    Порчаи молекулаи КДН-ро, ки муайянкунандаи инкишофи аломатҳои мушаххас аст, чӣ меноманд?

    1. A хроматид
    2. B хромосома
    3. C ген
    4. D хроматин
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C ген

  30. 30

    Монандии зоҳирӣ ва дохилии сохти намудро кадом меъёр муайян мекунад?

    1. A генетикӣ
    2. B морфологӣ
    3. C физиологӣ
    4. D экологӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B морфологӣ