Биология: Намунаи субтести ММТ

Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 25, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 26. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.

  1. 1

    Равандҳои асосии фаъолияти ҳаётии организм аз кадом зинаи ташаккули материяи зинда оғоз мешаванд?

    1. A организмӣ
    2. B ҳуҷайрагӣ
    3. C популятсияю намудӣ
    4. D молекулавӣ-генетикӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D молекулавӣ-генетикӣ

  2. 2

    Маънои калимаи юнонии lysis (лизис) чист?

    1. A таҷзия
    2. B ранг
    3. C қиём
    4. D шона
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A таҷзия

  3. 3

    Кадом хусусияти организмҳои зиндаро талаботи физиологӣ ва шароити муҳити зист муайян мекунад?

    1. A физиологӣ
    2. B анатомо-морфологӣ
    3. C морфофизиологӣ
    4. D гистологӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C морфофизиологӣ

  4. 4

    Фаъолияти ҳаётии ҳуҷайра дар байни ду митоз чӣ ном дорад?

    1. A профаза
    2. B редупликатсия
    3. C интерфаза
    4. D интеркинез
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C интерфаза

  5. 5

    Узвҳое, ки вазифаи якхеларо иҷро карда, сохт ва пайдоиши гуногун доранд, чӣ ном доранд?

    1. A гомологӣ
    2. B аналогӣ
    3. C атавизм
    4. D рудимент
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B аналогӣ

  6. 6

    Дар охирҳои кадом давра стегосефалаҳо пайдо шудаанд?

    1. A Силур
    2. B Ангиштсанг
    3. C Девон
    4. D Перм
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C Девон

  7. 7

    Кадом растанӣ системаи решаи патакреша дорад?

    1. A ҷав
    2. B юнучқа
    3. C каду
    4. D сабзӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A ҷав

  8. 8

    Пояи шохрондаи хлорофилдори чилбандро чӣ гуна поя меноманд?

    1. A тирамоҳӣ
    2. B баҳорӣ
    3. C зимистона
    4. D тобистона
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D тобистона

  9. 9

    “Лесная красавитса” номи кадом навъи растанӣ аст?

    1. A себ
    2. B гелос
    3. C биҳӣ
    4. D нок
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D нок

  10. 10

    Мубодилаи газ дар барги растаниҳо дар куҷо мегузарад?

    1. A рагчаҳои барг
    2. B ҳуҷайраҳои лиф
    3. C масомаҳо
    4. D найчаҳои элакшакл
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C масомаҳо

  11. 11

    Растании дараҷаи паст.

    1. A гулсангҳо
    2. B ушнаҳо
    3. C сарахсҳо
    4. D чилбандҳо
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A гулсангҳо

  12. 12

    Пингвинҳо кай ба соҳил мебароянд?

    1. A дар давраи афзоиш
    2. B ҳангоми тулаккунӣ
    3. C дар вақти лонасозӣ
    4. D ҳангоми ҷустуҷӯи ғизо
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A дар давраи афзоиш

  13. 13

    Муносибате, ки дар он ҳайвон ҳайвони дигарро мехӯрад ва барои гирифтани туъма узви мутобиқшуда дорад, чӣ ном дорад?

    1. A симбиоз
    2. B иҷоранишинӣ
    3. C дарандагӣ
    4. D рақобат
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C дарандагӣ

  14. 14

    Магаси хонагӣ паҳнкунандаи кадом беморӣ аст?

    1. A исҳоли хунин
    2. B гепатит
    3. C аскаридоз
    4. D вараҷа
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A исҳоли хунин

  15. 15

    Соҳаи илми зоология, ки ҳашаротро меомӯзад, чӣ ном дорад?

    1. A энтомология
    2. B ихтиология
    3. C эмбриология
    4. D орнитология
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A энтомология

  16. 16

    Дар паҳнкирмҳо ҳазмшавии хӯрок дар куҷо ба амал меояд?

    1. A рӯдаи қафо
    2. B даҳон
    3. C ковокии рӯда
    4. D меъда
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C ковокии рӯда

  17. 17

    Кадом ғадуд гормони паратироид ҳосил мекунад?

    1. A сипаршакл
    2. B болои гурда
    3. C назди сипаршакл
    4. D зери меъда
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C назди сипаршакл

  18. 18

    Маҷрои ҷигар дар кадом қисми ҳозима кушода мешавад?

    1. A рӯдаи дувоздаҳангушта
    2. B кӯррӯда
    3. C рӯдаи ғaфc
    4. D рӯдаи борик
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A рӯдаи дувоздаҳангушта

  19. 19

    Суръати ҳаракати хун дар мӯйрагҳо.

    1. A 6-20 см/сония
    2. B 0,1-1 см/сония
    3. C 120 см/сония
    4. D 50 см/сония
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B 0,1-1 см/сония

  20. 20

    Муносибатҳое, ки ҳангоми онҳо фардҳои як намуд фардҳои намуди дигарро ҳалок намуда, мехӯранд, чӣ ном доранд?

    1. A паразитӣ
    2. B рақобат
    3. C даррандагӣ
    4. D кооператсия
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C даррандагӣ

  21. 21

    Мувофиқатро муайян намоед: Истилоҳ Мазмуни он

    1. A трансплантатсия
    2. B метаморфоз
    3. C филогенез
    4. D онтогенез
    1. 1 инкишофи таърихии гурӯҳи систематикии муайяни организмҳои зинда
    2. 2 раванди ивазшавии узвҳои кирминагӣ ба сохти фарди болиғ
    3. 3 маҷмуи ҳамаи аломат ва хосиятҳои организм
    4. 4 давраи ҳаёти фард аз пайдоиши зигота то фавти организм
    5. 5 кӯчонидани бофтаҳо ва узвҳо дар организмҳо
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A — 5, B — 2, C — 1, D — 4

  22. 22

    Мувофиқатро муайян намоед: Оила Намоянда

    1. A Тутҳо
    2. B Обнусиҳо
    3. C Чиликгулҳо
    4. D Чатргулҳо
    1. 1 анҷир
    2. 2 пахта
    3. 3 болдирғон
    4. 4 усма
    5. 5 хурмо
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A — 1, B — 5, C — 4, D — 3

  23. 23

    Мувофиқатро муайян намоед: Системаи узвҳои одам Узвҳо

    1. A нафаскашӣ
    2. B ҳозима
    3. C гардиши хун
    4. D эндокринӣ
    1. 1 забон ва рӯдаи рост
    2. 2 ғадуди болои гурда ва эпифиз
    3. 3 ҳароммағз ва гиреҳҳои асаб
    4. 4 трахея ва нойҳои нафас
    5. 5 рагҳои варид ва мӯйрагҳо
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A — 4, B — 1, C — 5, D — 2

  24. 24

    Мувофиқати Қонуни экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли қабули онро муайян намоед:

    1. A Қонун “Дар бораи ҳифзи табиат”
    2. B Қонун “Дар бораи мониторинги экологӣ ”
    3. C Қонун “Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера ”
    4. D Қонун “Дар бораи муҳофизат ва истифодаи оқилонаи олами наботот ”
    1. 1 2011
    2. 2 2004
    3. 3 1993
    4. 4 2000
    5. 5 1996
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A — 3, B — 1, C — 5, D — 2

  25. 25

    Ҳангоми дурага намудани ду фарди насли якум бо ҳамдигар (Аа х Аа) дар насли дуюм таҷзияи таносуби миқдорӣ аз рӯйи фенотип ва генотип мушоҳида карда мешавад. Муайян намоед, ки дар насли дуюм чанд фоизро (%) гетерозиготҳои доминантӣ ташкил медиҳанд? Ҷавоби ҳосилшударо бо адад нависед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 50