Таърих: Супоришҳои кушода
Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 20, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 47. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.
- 1
Воқеае, ки сухан дар борааш меравад, кадом сол ба амал омада буд: “Қатли Абумуслим мардуми тоҷикро ба муқобили Аббосиён бархезонд, зеро душмани тоҷик будани Аббосиён ошкор гардид. Дар ҳамин сол дар вилояти Роғ (Рай) тоҷикон бо сарварии шогирди Абумуслим Синдбод шӯриш бардоштанд”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 755
- 2
Воқеае, ки сухан дар борааш меравад, кадом сол ба амал омада буд: “Баъд аз Осиёи Миёнаро забт намудани арабҳо шӯришҳои халқӣ пайдарпай сар мезаданд. Соли ... бо сарварии Рофеъ ибни Лайс дар Самарқанд шӯриши нав ба амал амад”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 806
- 3
Воқеае, ки сухан дар борааш меравад, кадом сол ба амал омада буд: “Соли ..., вақте ки амир Насри II дар Нишопур буд, се нафар аз бародарони ӯ аз ҳабс фирор карда, дар Бухоро шӯриш бардоштанд. Сарварии ин шӯришро Абубакри Нонвой бар уҳда дошт”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 930
- 4
Воқеае, ки сухан дар борааш меравад, кадом сол ба амал омада буд: “... Исмоили Сомонӣ ба музофоти Истаравшан, ки мустақил буд ва яке аз музофотҳои пурқувват ҳисоб меёфт, лашкар кашида, онро ба тасарруф овард”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 893
- 5
Воқеае, ки сухан дар борааш меравад, кадом сол ба амал омада буд: “Соли ... дар вилояти Ғур шахсе бо номи Абубилол бар зидди ҳукумати маҳаллӣ шӯриш бардошт”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 907
- 6
Воқеае, ки сухан дар борааш меравад, кадом сол ба амал омада буд: “Исмоили Сомонӣ, ки рӯзҳои охири умри худро сипарӣ мекард, ба яке аз сипоҳиёни худ Бигиш дастур дод, ки ин исёнро фурӯ нишонад”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 907
- 7
Воқеае, ки сухан дар борааш меравад, кадом сол ба амал омада буд: “Исмоили Сомонӣ ба муқобили бодянишинон, ки мардуми Бухоро аз дасти онҳо ба дод омада буд, лашкар кашида, ғалабаи комил ба даст овард”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 893
- 8
Воқеае, ки дар борааш сухан меравад, кадом сол ба амал омада буд: “Абдумалики I аз афзудани нуфузи Алптегин ба ташвиш афтода, ӯро ҳокими низомии Хуросон таъйин кард”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 961
- 9
Воқеае, ки сухан дар борааш меравад, кадом сол ба амал омада буд: “Чингизхон ҷанговарони яккачини дар ҷангҳо обутобёфтаро гирифта, бо тайёрии пухта ба Бухоро ҳамла овард, вале ба муқобилияти пурзӯри сокинони шаҳр рӯ ба рӯ шуд”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 1220
- 10
Воқеае, ки сухан дар борааш меравад, кадом сол ба амал омада буд: “Ин ҷунбиш махсусан дар Бухоро пурқувват буд ва дар ин ҷо шӯрише ба амал омад, ки бо номи Шӯриши Маҳмуди Торобӣ машҳур аст”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 1238
- 11
Воқеае, ки сухан дар борааш меравад, кадом сол ба амал омада буд: “Ғуриён ба Лоҳур лашкар кашида, давлати Ғазнавиёнро аз байн бурданд”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 1186
- 12
Воқеае, ки сухан дар борааш меравад, кадом сол ба амал омада буд: “...Тоҳир ибни Ҳусайн амири Хуросон таъин мешавад, ки Мовароуннаҳр ҳам тобеи он буд. Ӯ дигар ба Хилофати Араб итоат намекунад”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 821
- 13
Воқеае, ки сухан дар борааш меравад, кадом сол ба амал омада буд: “Шӯришчиён шаҳри Сабзаворро ба даст дароварда, онро ба пойтахти давлати худ табдил доданд”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 1337
- 14
Воқеае, ки сухан дар борааш меравад, кадом сол ба амал омада буд: “Роҳбари шӯриш Рофеъ ибни Лайс хиёнат карда, ба тарафи душман гузашт ва шӯриш фурӯ нишонда шуд”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 810
- 15
Воқеаҳои аҳди истилои арабро муайян намоед. 1. ҳокими Хуросон таъйин гардидани Алптегин 2. шӯриши Деҳистон бо сарварии Фирӯз 3. фоҷиаи “Накбати Бармакиён” 4. ба сари ҳокимият омадани сулолаи Аббосиён 5. шӯриш бо сардории Маҳмуди Торобӣ Аз 5 варианти ҷавоб 3 ҷавоби дурустро интихоб карда, рақами онҳоро бо тартиби дурусти ПАЙДАРҲАМИИ ХРОНОЛОГӢ (дар катакҳои ҷавоб) нависед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 243
- 16
Воқеаҳои аҳди давлати Ҳахоманишиёнро муайян намоед. 1. фатҳи Бобул аз тарафи Куруши Кабир 2. ғалабаи Фарҳоди I бар лашкари Антиох 3. Диодот давлати мустақил ташкил намуд 4. лашкаркашии Камбуҷӣ ба Миср 5. Шӯриши Говмата (Бардии дурӯғин) Аз 5 варианти ҷавоб 3 ҷавоби дурустро интихоб карда, рақами онҳоро бо тартиби дурусти ПАЙДАРҲАМИИ ХРОНОЛОГӢ (дар катакҳои ҷавоб) нависед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 145
- 17
Воқеаҳои аҳди давлати Сосониёнро муайян намоед. 1. ба тахт нишастани Ардашери Бобакон 2. ғалабаи сакоиҳои тӯр бо роҳбарии Арсак (Аршак) бар лашкари Андрагор 3. шикасти лашкари Дориюш дар муҳорибаи назди Гавгамел 4. ҷангҳои Шопури I ба муқобили Рум 5. ба имзо расидани сулҳи Нисибин бо Рум Аз 5 варианти ҷавоб 3 ҷавоби дурустро интихоб карда, рақами онҳоро бо тартиби дурусти ПАЙДАРҲАМИИ ХРОНОЛОГӢ (дар катакҳои ҷавоб) нависед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 145
- 18
Истилоҳоти аҳди давлати Ҳинди Қадимро муайян намоед. 1. махараҷа 2. каста 3. самурай 4. браҳманҳо 5. сёгун Аз 5 варианти ҷавоб 3 ҷавоби дурустро интихоб карда, рақами онҳоро бо тартиби дурусти ПАЙДАРҲАМӢ (дар катакҳои ҷавоб) нависед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 124
- 19
Истилоҳоти аҳди давлати Ҷопони Қадимро муайян намоед. 1. консул 2. каста 3. самурай 4. сёгун 5. бусидо Аз 5 варианти ҷавоб 3 ҷавоби дурустро интихоб карда, рақами онҳоро бо тартиби дурусти ПАЙДАРҲАМӢ (дар катакҳои ҷавоб) нависед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 345
- 20
Истилоҳоти аҳди давлати Руси асримиёнагиро муайян намоед. 1. княз 2. самурай 3. баршина 4. ритсар 5. вече Аз 5 варианти ҷавоб 3 ҷавоби дурустро интихоб карда, рақами онҳоро бо тартиби дурусти ПАЙДАРҲАМӢ (дар катакҳои ҷавоб) нависед.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: 135