Таърих: Намунаи субтести ММТ

Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 20, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 26. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.

  1. 1

    Руҳонии оини зардуштиро чӣ ном мебурданд?

    1. A куштӣ
    2. B маъбад
    3. C дахма
    4. D муғ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D муғ

  2. 2

    Муҳорибаи Ҳаррон соли 53 то милод байни кадом давлатҳо ба амал омада буд?

    1. A Хилофати Араб ва давлати Сосониён
    2. B давлати Ҳайтолиён ва Ҳоқонати Турк
    3. C империяи Рум ва давлати Ашкониён
    4. D давлати Сосониён ва империяи Рум
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C империяи Рум ва давлати Ашкониён

  3. 3

    Сухан дар бораи чӣ меравад: “... аз харобаи Абаргар 74 ҳуҷҷати суғдӣ, якто арабӣ ва зиёда аз 400 ашёи моддӣ ба даст омад”?

    1. A “хазинаи Амударё”
    2. B қалъаи Ҳулбук
    3. C бошишгоҳи Кӯлдара
    4. D бойгонии Деваштич
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D бойгонии Деваштич

  4. 4

    Сухан дар бораи кӣ меравад:“... бузургтарин сарлашкар ва давлатдори тоҷик соли 879 вафот кард. Ӯ барои мақоми давлатӣ гирифтани забони форсии тоҷикӣ бисёр заҳмат кашид. Бо амри ... шоирони форсу тоҷик, ки то ин вақт ба забони арабӣ менавиштанд, акнун ба забони модариашон эҷод мекарданд. Бисёр китобҳо ба забони форсии тоҷикӣ баргардон шуданд.”?

    1. A Исмоили Сомонӣ
    2. B Яъқуб ибни Лайс
    3. C Тоҳир ибни Ҳусейн
    4. D Сайфуддини Сурӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B Яъқуб ибни Лайс

  5. 5

    Девони Сомониён, ки молу мулки муассисаҳои диниро назорат мекард.

    1. A муставфӣ (истифо)
    2. B амид-ул-мулк
    3. C сипоҳ (ориз)
    4. D вақф
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D вақф

  6. 6

    Дар аҳди Темуриён кадом шаҳрҳо марказҳои муҳимтарини маъмурию фарҳангии давлат буданд?

    1. A Самарқанд ва Ҳирот
    2. B Кобул ва Нишопур
    3. C Бухоро ва Хуҷанд
    4. D Балх ва Марв
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A Самарқанд ва Ҳирот

  7. 7

    Кадом воқеа дар замони ҳукмронии амир Абдулаҳад ба амал омада буд?

    1. A Шӯриши Восеъ
    2. B Исёни Абдумаликтӯра
    3. C Шӯриши Усмон
    4. D Шӯриши Қаландаршоҳ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A Шӯриши Восеъ

  8. 8

    Хироҷ чист?

    1. A воҳиди маъмурӣ
    2. B андози давлатӣ
    3. C мансаби давлатӣ
    4. D воҳиди ченак
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B андози давлатӣ

  9. 9

    Сухан дар бораи кадом ҳаракат меравад: “Маҳз бо ташаббуси онҳо аввалин рӯзномаи форсии тоҷикии “Бухорои Шариф” 11-уми марти соли 1912 нашр гардид”?

    1. A машрутахоҳӣ
    2. B мутлақиятхоҳӣ
    3. C ҷадидия
    4. D маорифпарварӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C ҷадидия

  10. 10

    Аввалин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистонро муайян кунед.

    1. A Мирзо Турсунзода
    2. B Абулқосим Лоҳутӣ
    3. C Бобоҷон Ғафуров
    4. D Садриддин Айнӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D Садриддин Айнӣ

  11. 11

    Ҷумҳурии Тоҷикистон узви кадом ташкилот аст?

    1. A Иттиҳоди Аврупо (ИА)
    2. B Созмони Кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН)
    3. C Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР)
    4. D Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)

  12. 12

    Ҳамасола 24-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом ҷашн таҷлил мегардад?

    1. A Рӯзи Ваҳдати миллӣ
    2. B Рӯзи Истиқлолият
    3. C Рӯзи Артиши миллӣ
    4. D Рӯзи Парчами давлатӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D Рӯзи Парчами давлатӣ

  13. 13

    Сухан дар бораи кадом давлат меравад: “Дар санаи 4-уми июли соли 1776 Конгресс “Эъломия дар бораи истиқлолият”-ро қабул намуд, ки муаллифи асосии он Томас Ҷефферсон буд”?

    1. A ИҶШС
    2. B ИМА
    3. C Англия
    4. D Фаронса
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B ИМА

  14. 14

    Какая задача стояла перед «Планом ГОЭЛРО»?

    1. A строительство сети гидроэлектростанций
    2. B согласование двух форм социалистической собственности
    3. C осуществление первого пятилетнего плана развития народного хозяйства
    4. D осуществление политики «военного коммунизма»
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A строительство сети гидроэлектростанций

  15. 15

    Сухан дар бораи кадом созмон меравад: “Иттиҳоди ҳарбию сиёсии давлатҳои Ғарб 4-уми апрели соли 1949 таъсис ёфта, солҳои “ҷанги сард” 16 кишварро муттаҳид карда буд. Баъди парокандашавии ИҶШС ва “урдугоҳи сотсиалистӣ” ба ҳайати он боз 6 давлати дигар – Венгрия, Чехия, Полша, Латвия, Литва ва Эстония шомил шуданд”?

    1. A Созмони Кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН)
    2. B Аҳдномаи Бағдод (СЕНТО)
    3. C Созмони Муоҳидаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО)
    4. D Созмони Шартномаи Варшава (СШВ)
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C Созмони Муоҳидаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО)

  16. 16

    Мувофиқати ёдгории меъморӣ ва макони ҷойгиршавии онро муайян кунед:

    1. A мақбараи Шайх Муслиҳиддин
    2. B мақбараи Исмоили Сомонӣ
    3. C ёдгории Саразм
    4. D ёдгории Тахти Сангин
    1. 1 Қубодиён
    2. 2 Панҷакент
    3. 3 Бухоро
    4. 4 Кӯлоб
    5. 5 Хуҷанд
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A — 5, B — 3, C — 2, D — 1

  17. 17

    Мувофиқати сана ва воқеаро муайян кунед:

    1. A 1-уми августи соли 1914
    2. B 1-уми ноябри соли 1917
    3. C 25-уми октябри соли 1917
    4. D 4-уми июли соли 1916
    1. 1 оғози шӯриш дар Хуҷанд
    2. 2 оғози Ҷанги якуми ҷаҳон
    3. 3 ғалабаи шӯриш дар Тошканд
    4. 4 инқилоб дар Русия
    5. 5 Шӯриши Усмон
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A — 2, B — 3, C — 4, D — 1

  18. 18

    Мувофиқати мафҳум ва мазмуни онро муайян намоед:

    1. A сотсиализм
    2. B босмачигарӣ
    3. C вазъи ҳарбӣ
    4. D диктатураи пролетариат
    1. 1 низоми иҷтимоӣ
    2. 2 ҳокимияти номаҳдуди синфи коргар
    3. 3 ҳаракати мусаллаҳонаи зиддишуравӣ
    4. 4 ҳолате, ки дар он қоидаву қонунҳои ҷанг амал мекунанд
    5. 5 ҳизби сиёсӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A — 1, B — 3, C — 4, D — 2

  19. 19

    Мувофиқати воқеа (раванд, падида) ва пайомади онро муайян кунед:

    1. A “ҷанги сард”
    2. B имзои созишномаи Верден (843)
    3. C ба сари ҳокимият омадани болшевикон (1917)
    4. D кушта шудани вориси тахти Австро-Венгрия Франс Фердинанд
    1. 1 таъсиси Давлати Шуравӣ
    2. 2 таъсиси давлатҳои Фаронса, Олмон ва Италия
    3. 3 таъсиси созмони Шартномаи Варшава
    4. 4 таъсиси созмони Лигаи Миллатҳо
    5. 5 оғози Ҷанги якуми ҷаҳон
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A — 3, B — 2, C — 1, D — 5

  20. 20

    Воқеаҳои аҳди давлати Сосониёнро муайян намоед. 1. ба тахт нишастани Ардашери Бобакон 2. ғалабаи сакоиҳои тӯр бо роҳбарии Арсак (Аршак) бар лашкари Андрагор 3. шикасти лашкари Дориюш дар муҳорибаи назди Гавгамел 4. ҷангҳои Шопури I ба муқобили Рум 5. ба имзо расидани сулҳи Нисибин бо Рум Аз 5 варианти ҷавоб 3 ҷавоби дурустро интихоб карда, рақами онҳоро бо тартиби дурусти ПАЙДАРҲАМИИ ХРОНОЛОГӢ (дар катакҳои ҷавоб) нависед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 145