Ҳуқуқ: Намунаи субтести ММТ

Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 25, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 25. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.

  1. 1

    Қарор ва фармоиш санадҳои кадом мақомоти давлатианд?

    1. A Ҳукумат
    2. B Суди конститутсионӣ
    3. C Суди Олӣ
    4. D Прокуратура
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A Ҳукумат

  2. 2

    Салоҳияти Президентро муайян намоед.

    1. A Лоиҳаи қонунҳоро ба муҳокимаи халқ пешниҳод менамояд.
    2. B Барои таъйин намудани Прокурори генералӣ ризоият медиҳад.
    3. C Раиси Суди Олии иқтисодиро интихоб менамояд.
    4. D Раиси Бонки миллиро таъйин ва озод менамояд.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D Раиси Бонки миллиро таъйин ва озод менамояд.

  3. 3

    Кадом мақомоти давлатӣ ҳуқуқи падару модариро барқарор менамояд?

    1. A Суд
    2. B Прокуратура
    3. C Мақомоти васоят ва парасторӣ
    4. D Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A Суд

  4. 4

    Муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии бо молу мулк алоқамандро муайян намоед.

    1. A суғурта
    2. B боркашонӣ
    3. C хариду фурӯш
    4. D навоварӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D навоварӣ

  5. 5

    Кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад, ки мавзуи танзим ва тартиби қабули он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст?

    1. A қонун
    2. B санади зерқонунӣ
    3. C кодекс
    4. D қонуни конститутсионӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D қонуни конститутсионӣ

  6. 6

    Ҳолате, ки ҷиноят будани кирдорро истисно мекунад.

    1. A бори аввал содир намудани ҷиноят
    2. B мудофиаи зарурӣ
    3. C аз беэҳтиётӣ содир намудани ҷиноят
    4. D сидқан пушаймон шудан
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B мудофиаи зарурӣ

  7. 7

    Дар кадом ҳолат фаъолияти субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ихтиёран барҳам дода мешавад?

    1. A гузаштани муҳлате, ки шахси ҳуқуқӣ ба ҳамин муҳлат таъсис дода шудааст
    2. B муфлисшавӣ
    3. C бе иҷозатномаи дахлдор машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ
    4. D машғул шудан бо фаъолияте, ки қонун манъ кардааст
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A гузаштани муҳлате, ки шахси ҳуқуқӣ ба ҳамин муҳлат таъсис дода шудааст

  8. 8

    Андозаи алимент барои панҷ фарзанд чӣ қадар метавонад муқаррар шавад?

    1. A ҳамаи музди меҳнат
    2. B нисфи музди меҳнат
    3. C чоряки музди меҳнат
    4. D сеяки музди меҳнат
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B нисфи музди меҳнат

  9. 9

    Кадом амал ҷиноят эътироф мешавад?

    1. A халалдор кардани оромӣ
    2. B иҷро накардани созишнома
    3. C қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардани пиёдагард
    4. D ифшои сирри давлатӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D ифшои сирри давлатӣ

  10. 10

    Шахсро аз чандсолагӣ барои нобуд кардани ҳайвоноту набототи нодир ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан мумкин аст?

    1. A 14-солагӣ
    2. B 18-солагӣ
    3. C 10-солагӣ
    4. D 16-солагӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D 16-солагӣ

  11. 11

    Дар конститутсияи кадом давлат бори аввал ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ инъикос ёфта буд?

    1. A ИҶШС
    2. B Япония
    3. C Фаронса
    4. D ИМА
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A ИҶШС

  12. 12

    Кадом ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар вазъияти фавқулода метавонад маҳдуд гардад?

    1. A ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил, ҳуқуқи муттаҳид шудан
    2. B мусодираи пурраи молу мулки маҳкумшуда, ҳуқуқи муттаҳид шудан
    3. C кафолати ҳифзи судӣ, истифодаи хидматҳои адвокат
    4. D таъмини маҳрамияти мукотибот ва гуфтугӯҳои телефонӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D таъмини маҳрамияти мукотибот ва гуфтугӯҳои телефонӣ

  13. 13

    6-уми ноябр кадом ид дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад?

    1. A Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
    2. B Рӯзи Конститутсия
    3. C Рӯзи байналмилалии оила
    4. D Иди Меҳргон
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B Рӯзи Конститутсия

  14. 14

    Фаъолияти Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмин намудани иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ба кадом механизми ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дохил мешавад?

    1. A ғайриҳукуматӣ
    2. B байналмилалӣ
    3. C минтақавӣ
    4. D маъмурӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D маъмурӣ

  15. 15

    Механизми маъмурии ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро муайян намоед.

    1. A прокуратура
    2. B ташкилоти ҷамъиятӣ
    3. C Созмони Милали Муттаҳид
    4. D суди ҳакамӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A прокуратура

  16. 16

    Муҳоҷирати мавсимиро муайян намоед.

    1. A иваз кардани ҷойи доимии истиқомат
    2. B ҷойивазкунӣ ба муҳлати маҳдуд
    3. C ҷойивазкунӣ дар давраҳои муайяни сол
    4. D мунтазам берун рафтан аз мавзеи аҳолинишини худ ба ҷойи кор ё ҷойи таҳсил
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C ҷойивазкунӣ дар давраҳои муайяни сол

  17. 17

    Суди салоҳияташ умумиро муайян намоед.

    1. A Суди конститутсионӣ
    2. B Суди иқтисодӣ
    3. C Суди ҳарбӣ
    4. D Суди ноҳиявӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D Суди ноҳиявӣ

  18. 18

    Апатрид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом ҳуқуқ маҳрум аст?

    1. A ҳуқуқи иштирок дар интихобот
    2. B ҳуқуқ ба таҳсил
    3. C ҳуқуқ ба ҳимояи иҷтимоӣ
    4. D ҳуқуқи муроҷиат бо арзу шикоят ба мақомоти давлатӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A ҳуқуқи иштирок дар интихобот

  19. 19

    Агар дар оила яке аз аъзои он ба зӯроварӣ дучор гардад, ӯ бояд ба кадом мақомот муроҷиат намояд?

    1. A Суди иқтисодӣ
    2. B Вазорати адлия
    3. C Мақомоти корҳои дохилӣ
    4. D Вазорати мудофиа
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C Мақомоти корҳои дохилӣ

  20. 20

    Барои кадом навъи ҷиноят ноболиғ аз 14-солагӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад?

    1. A ёрӣ нарасонидан ба бемор
    2. B халалдор кардани оромӣ
    3. C вайрон намудани дахлнопазирии манзил
    4. D куштор
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D куштор

  21. 21

    Мувофиқатро муайян намоед:

    1. A меъёрҳои маъмурию ҳуқуқии манъкунанда
    2. B меъёрҳои маъмурию ҳуқуқии ҳавасмандкунанда
    3. C меъёрҳои маъмурию ҳуқуқии ваколатдоркунанда
    4. D меъёрҳои маъмурию ҳуқуқии уҳдадоркунанда
    1. 1 Иҷрои амалҳои муайянро барои субъектҳои ҳуқуқи маъмурӣ ҳатмӣ мешуморанд.
    2. 2 Тавассути онҳо бисёр амалҳои номатлуб пешгирӣ карда мешаванд.
    3. 3 Дар андешидани чораҳои гуногуни ҳавасмандгардонӣ аз ҷониби субъектҳои дахлдори ҳуқуқи маъмурӣ зоҳир мешаванд.
    4. 4 Меъёрҳое, ки ҳангоми вайрон намудани онҳо шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
    5. 5 Ба мақомот, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳуқуқу ваколатҳои муайянро пешниҳод мегардонанд.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A — 2, B — 3, C — 5, D — 1

  22. 22

    Мувофиқатро муайян намоед:

    1. A огоҳӣ
    2. B ҳукм
    3. C аксиз
    4. D синни никоҳӣ
    1. 1 ҳуқуқи оилавӣ
    2. 2 ҳуқуқи маданӣ
    3. 3 ҳуқуқи андоз
    4. 4 ҳуқуқи ҷиноятӣ
    5. 5 ҳуқуқи маъмурӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A — 5, B — 4, C — 3, D — 1

  23. 23

    Мувофиқатро муайян намоед:

    1. A Ҳангоми ба миён омадани корҳои марбут ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд бояд ба
    2. B Ҳангоми ба миён омадани баҳс вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунанда шаҳрванд бояд ба
    3. C Ҳангоми ба миён омадани баҳс вобаста ба мутобиқат накардани санади меъёриву ҳуқуқӣ ба Конститутсия шаҳрванд бояд ба
    4. D Ҳангоми ба миён омадани баҳси хоҷагӣ субъекти хоҷагидор бояд ба
    1. 1 суди шаҳрӣ ва ё ноҳиявӣ муроҷиат намояд.
    2. 2 суди иқтисодӣ муроҷиат намояд.
    3. 3 Суди конститутсионӣ муроҷиат намояд.
    4. 4 Суди байналмилалӣ муроҷиат намояд.
    5. 5 суди ҳарбӣ муроҷиат намояд.
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A — 5, B — 1, C — 3, D — 2

  24. 24

    Мувофиқатро муайян намоед:

    1. A ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоӣ
    2. B ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ
    3. C ҳуқуқ ва озодиҳои фарҳангӣ
    4. D ҳуқуқ ва озодиҳои иқтисодӣ
    1. 1 ошкоро манзур кардани натиҷаҳои фаъолияти эҷодии худ дар хориҷа
    2. 2 иштирок дар идоракунии давлат
    3. 3 интихоби ҷои зист
    4. 4 ҳуқуқ ба истироҳат
    5. 5 ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A — 5, B — 2, C — 1, D — 4

  25. 25

    Мувофиқатро муайян намоед:

    1. A паҳлуи равонии тоқатпазирӣ
    2. B паҳлуи фаъолиятии тоқатпазирӣ
    3. C паҳлуи ҳуқуқии тоқатпазирӣ
    4. D паҳлуи арзишии тоқатпазирӣ
    1. 1 компромисс
    2. 2 баробарҳуқуқӣ
    3. 3 мустақилии миллӣ
    4. 4 консенсус
    5. 5 эҳтиром
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A — 5, B — 1, C — 2, D — 4