Таърих: Таърихи халқи тоҷик
Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 30, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 465. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.
- 1
Дарозтарин давраи таърихи инсоният.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D асри санг
- 2
Қадимтарин давраи таърихи инсоният.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D асри санг
- 3
Барои он “асри санг” мегӯянд, ки ...
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D тамоми асбобу анҷоми одамони қадим аз санг сохта шуда буд.
- 4
Нахустин умумияти таърихии одамон.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D авлод
- 5
Сухан дар бораи кадом бостоншинос меравад: “Дар Осиёи Марказӣ бошишгоҳи қадимтарини инсон дар Тоҷикистон – Кӯлдара дар наздикии Ховалинг пайдо шудааст, ки он миллион сол дорад. Ин бошишгоҳро бостоншинос ... кашф кардааст”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D В.А. Ранов
- 6
Сухан дар бораи кадом бошишгоҳ меравад: “Дар Осиёи Марказӣ бошишгоҳи қадимтарини инсон дар Тоҷикистон – ..., дар наздикии Ховалинг пайдо шудааст, ки он миллион сол дорад. Ин бошишгоҳро бостоншиноси тоҷик В. А. Ранов кашф кардааст”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Кӯлдара
- 7
Дар кадом дин замин, обу ҳаво ва оташ муқаддас дониста мешавад?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D маздоясно
- 8
Сухан дар бораи кадом китоб меравад: “Китоби муқаддаси осмонии мазҳабӣ ва адабии ориёиҳо, ки маънояшро муҳаққиқон дониш, илм таъйин кардаанд”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Авесто
- 9
Руҳонии оини зардуштиро чӣ ном мебурданд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D муғ
- 10
Миёнбанди муқаддаси зардуштиён чӣ ном дошт?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C куштӣ
- 11
Ибодатгоҳи зардуштиён чӣ ном дошт?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D оташкада
- 12
Китоби муқаддаси зардуштиён.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Авесто
- 13
Дафнгоҳи зардуштиёнро чӣ ном мебаранд?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A дахма
- 14
Номи авастоии дини зардуштӣ.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D маздаясно
- 15
Маъбади зардуштии оташи муқаддас, ки барои ибодати оммаи мардум (кишоварзон) пешбинӣ шуда буд.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Меҳрбарзин
- 16
Маъбади оташи муқаддас дар оини Зардушт, ки барои ибодати мубадон (рӯҳониён) пешбинӣ шуда буд.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Фаранбағ
- 17
Маъбади оташи муқаддаси зардуштӣ, ки барои ибодати шоҳон (ҳокимон) пешбинӣ шуда буд, чӣ ном дошт?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Вараҳран (Баҳром)
- 18
Ёдгорӣ дар кадом ноҳия ҷойгир аст: “Ёдгории замони энеолит ва биринҷ, ки дар қисмати болооби рӯди Суғд (Зарафшон), дар ноҳияи ... кашф шуд, бо номи Саразм маъруф аст”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Панҷакент
- 19
Сухан дар бораи кадом ёдгорӣ меравад: “Ёдгории замони энеолит ва биринҷ, ки дар қисмати болооби рӯди Суғд (Зарафшон), дар ноҳияи Панҷакент кашф шуд, бо номи ... маъруф аст”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Саразм
- 20
Сухан дар бораи кадом давлат меравад: “... аввалин империяи ҷаҳонӣ буд, ки беш аз 70 халқҳои дорои забону дини гуногунро дар бар мегирифт”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A Ҳахоманишиён
- 21
Сухан дар бораи кӣ меравад: “Соли 550 пеш аз милод ашрофони маҳаллӣ шоҳ Астиагро сарнагун намуда, ҳокимиятро ба намояндаи дудмони Ҳахоманишӣ – ... доданд”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Куруши Кабир
- 22
Воқеа чӣ пайомад дошт: “Соли 550 пеш аз милод ашрофони маҳаллӣ шоҳ Астиагро сарнагун намуда, ҳокимиятро ба намояндаи дудмони Ҳахоманишӣ Куруш доданд”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: A Давлати Мод аз байн рафт.
- 23
Сухан дар бораи кадом давлат меравад: “... аз соли 550 то 330-и то милод вуҷуд дошт ва ҳудуди бузургеро аз нимҷазираи Балкан то Ҳиндустони Ғарбӣ ва қисми калони Осиёи Миёнаро дар бар мегирифт”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Ҳахоманишиён
- 24
Сухан дар бораи кадом воқеаи аҳди Ҳахоманишиён меравад: “Тобистони соли 539 пеш аз милод лашкар дар назди соҳили рӯди Даҷла бо сипоҳе, ки онро писари шоҳ Набонид Балтасар фармондеҳӣ мекард, ба ҷанг даромад”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C фатҳи Бобул
- 25
Воқеа дар давраи ҳукмронии кадом шоҳ ба амал омада буд: “Тобистони соли 539 пеш аз милод лашкар дар назди соҳили рӯди Даҷла бо сипоҳи Бобул, ки онро писари шоҳ Набонид Балтасар фармондеҳӣ мекард, ба ҷанг даромад”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Куруши Кабир
- 26
Сухан ба кӣ тааллуқ дорад: “Ҳангоме ки беҷангу ҷидол ба Бобул ворид шудам (539 то милод), ҳамаи мардум қудуми маро ба шодмонӣ пазируфтанд ва дар қасри подшоҳони Бобул ба сари салтанат нишастам”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Куруши Кабир
- 27
Ҳеродот дар бораи кӣ навишта буд: “Ӯ подшоҳи хоксор, баландҳиммат ва родмарди шуҷоъ буд. Ӯ порсҳоро аз додани андоз раҳонид ва соҳиби империяи ҷаҳонӣ ва миллати неруманд гардонид”?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: B Куруши Кабир
- 28
Куруш дар ҷанг бо кадом қабила ҳалок гардид?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D массагетҳо
- 29
Мақбараи Куруши Кабир дар куҷо ҷойгир аст?
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: C Посоргод
- 30
Пойтахти давлати Элом.
Нишон додани ҷавоб
Ҷавоби дуруст: D Шуш