Химия: Намунаи субтести ММТ

Супоришҳои мавзӯъ аз маҷмӯаи расмии ММТ: дар саҳифа — 20, ҳамагӣ дар маҷмӯа — 27. Супоришро худатон ҳал кунед, баъд ҷавобро кушоед. Дигар супоришҳо — бо шарҳи ҳал — дар барномаи Омода AI.

  1. 1

    Панҷараи кристаллии кадом модда молекулавӣ аст?

    1. A алмос
    2. B ях
    3. C мис
    4. D сода
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B ях

  2. 2

    Дар кадом қатор моддаҳо аз рӯйи баландшавии рН-и маҳлули обиашон, ки консентратсияаш 0,1 М аст, ҷойгир шудаанд?

    1. A NaOH < Na₂SO₃ < H₂SO₃ < HCl
    2. B H₂SO₃ < HCl < NaOH < Na₂SO₃
    3. C HCl < H₂SO₃ < Na₂SO₃ < NaOH
    4. D Na₂SO₃ < NaOH < HCl < H₂SO₃
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C HCl < H₂SO₃ < Na₂SO₃ < NaOH

  3. 3

    Муодилаи мухтасари ионии реаксияи байни ҳидроксиди калий ва кислотаи нитратро муайян кунед.

    1. A OH⁻ + H⁺ ⇄ Н₂О
    2. B К⁺ + NO⁻₃ ⇄ КNO₃
    3. C OH⁻ + HNO₃ ⇄ NO⁻₃ + Н₂О
    4. D КОН + Н⁺ ⇄ К⁺ + Н₂О
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A OH⁻ + H⁺ ⇄ Н₂О

  4. 4

    Дар кадом пайвастҳо дараҷаи оксидшавии нитроген якхела аст?

    1. A N₂O₃ ва NH₃
    2. B NO₂ ва NH₄Br
    3. C N₂O ва NaNO₂
    4. D N₂O₅ ва Mg(NO₃)₂
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D N₂O₅ ва Mg(NO₃)₂

  5. 5

    Ҳангоми таъсири кадом моддаҳо ҳидроксиди натрий ҳосил кардан мумкин аст?

    1. A NaCl ва H₂O
    2. B NaNO₃ ва KOH
    3. C Na ва H₂O
    4. D Na₂O ва H₂
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: C Na ва H₂O

  6. 6

    Гази беранге, ки бо маҳлули перманганати калий оксид намешавад ва дар маҳлули обӣ хосиятҳои кислотагӣ дорад.

    1. A NO₂
    2. B CO₂
    3. C NH₃
    4. D HCl
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B CO₂

  7. 7

    Сулфити натрий бо кадом моддаҳо ба реаксия дохил мешавад?

    1. A HCl ва Ba(OH)₂
    2. B HBr ва KNO₃
    3. C KOH ва Na₂O
    4. D NH₄Cl ва NaCl
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A HCl ва Ba(OH)₂

  8. 8

    Кадом модда бо кислотаи атсетат ба реаксияи мубодила дохил мешавад?

    1. A натрий
    2. B этанол
    3. C хлориди натрий
    4. D хлор
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: B этанол

  9. 9

    Изомери 1,2-диметилсиклопропан.

    1. A 1,2-диметилсиклобутан
    2. B 2,2-диметилпропан
    3. C сиклопентен
    4. D 2-метилбутен-2
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D 2-метилбутен-2

  10. 10

    Маҳсули реаксияи бутин-1 бо об кадом модда аст?

    1. A бутанон
    2. B бутанол-1
    3. C бутанал
    4. D бутанол-2
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A бутанон

  11. 11

    Ҳангоми ҳидрогенизатсияи кадом карбоҳидрат моддаи СН₂ОН–(СНОН)₃–CH₂ОН ҳосил мешавад?

    1. A дезоксирибоза
    2. B фруктоза
    3. C глюкоза
    4. D рибоза
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: D рибоза

  12. 12

    Массаи молекулавии нисбии моддаи органикиеро, ки ҳангоми туршшавии ширии глюкоза ҳосил мешавад, муайян кунед.

    1. A 90
    2. B 180
    3. C 46
    4. D 92
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A 90

  13. 13

    Мувофиқати моддаҳои ба реаксия дохилшаванда ва маҳсули реаксияи онҳоро муайян кунед:

    1. A Cu + HNO3 (сероб) →
    2. B CuO + HNO₃ →
    3. C Cu + HNO3 (конс.) →
    4. D CuO + NH₃ →
    1. 1 Cu(NO₃)₂ + NO₂ + H₂O
    2. 2 Cu(NO₃)₂ + NO + H₂O
    3. 3 Cu(NO₃)₂ + H₂O
    4. 4 Cu(OH)₂ + N₂
    5. 5 Cu + H₂O + N₂
    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: A — 2, B — 3, C — 1, D — 5

  14. 14

    Аз 0,25 мол йод чанд грамм ҳидрогенйодид ҳосил мешавад?

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 64

  15. 15

    Ҳангоми пурра сӯхтани 1 мол фосфор 760 кҶ гармӣ хориҷ мешавад. Агар ҳангоми сӯхтани фосфор 213 г оксиди фосфор (V) ҳосил шавад, чанд кҶ гармӣ хориҷ мешавад?

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 2280

  16. 16

    Дар молекулаи пайвасте, ки аз атомҳои металли фаъолияташ сусттарини гурӯҳи II A ва ғайриметалли фаъолтарини даври сеюми системаи даврӣ таркиб ёфтааст, чанд протон мавҷуд аст?

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 38

  17. 17

    Барои ҳосил шудани 840 г маҳлули 10%-аи KOH чанд миллилитр маҳлули консентратсияи моляриаш 3 М (зичиаш 1,14 г/мл) KOH-ро сероб кардан лозим аст?

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 500

  18. 18

    Алюминийи барзиёдро бо 160 г оксиди оҳан (III) тафсониданд (бе иштироки ҳаво) ва омехтаи сахти ҳосилшударо дар кислотаи хлорид ҳал карданд. Дар натиҷа 67,2 л (ш. м.) газ хориҷ шуд. Массаи (бо грамм) алюминийи авваларо муайян кунед.

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 72

  19. 19

    Агар баромади реаксия нисбат ба ҳисоби назариявӣ 50%-ро ташкил диҳад, барои ҳосил кардани 1,85 г метилатсетат чанд грамм кислотаи атсетат лозим аст?

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 3

  20. 20

    Дар натиҷаи сӯхтани 266 г α-аминокислотаи табиӣ 7 мол об ва 9 мол омехтаи газие ҳосил шуд, ки ҳаҷми он баъди гузаронидан аз маҳлули ҳидроксиди барий 22,4 литрро (ш. м.) ташкил дод. Дар молекулаи аминокислота ҳамагӣ чанд атом мавҷуд аст?

    Нишон додани ҷавоб

    Ҷавоби дуруст: 16